Духтари кошинкор аз Истаравшан

Зебоиофар аз санг. Чӣ тавр духтаре дар Истаравшан кошинкорӣ омӯхт

Райҳона Турсунова бо санъати ороиши амалӣ – кошинкорӣ (мозаика) машғул аст. Ӯ дар ин муддати кӯтоҳ даҳҳо асар офарида, дар озмуну намоишҳои ҳунарӣ ширкат варзидааст. Бузургтарин кори ӯро метавон дар дохили бинои Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан мушоҳида кард.

Райҳона аз камтарин духтаронест, ки бо ҳунари қадимаи кошинкорӣ машғул буда, баҳри ривоҷи он пайваста кӯшиш мекунад.  Ӯ ба муаллифи Your.tj перомуни рушди ҳунари кошинкорӣ ва нақшаҳои ояндааш қисса кард.

“Озмун маро кошинкор кард”

Райҳона Турсунова донишҷӯйи коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан аст. Ӯ дар ин боргоҳи ҳунар аз рӯйи ихтисоси ҳунари кашидадӯзӣ таҳсил мекунад. Мавсуф баъди озмуни “Ҷилои ҳунар”-и коллеҷи мазкур ба кошинкорӣ рӯй оварда, то инҷониб бо ин пеша машғул аст. Вай ин ҳунари қадимаро аз устои гаҷкор Аъзамҷон Додоҷонов омӯхтааст.

“Вақте дар коллеҷ барои донишҷӯён озмун баргузор гардид, бо ҳидояти Аъзамҷон Додоҷонов аз картони одӣ хонача сохта, онро бо сангҳои ранга оро додам ва ба озмун пешниҳод намудам. Аъзои ҳакамон ба маҳсули дастам баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки ҳунарамро такмил диҳам. Зеро ин навъи ҳунар имрӯзҳо дар ҳоли азбайнравӣ қарор дошта, кам нафарон бо он машғуланд.

Ҳамин тавр, назди усто Аъзамҷон ба шогирди истода, нозукиҳои ҳунари кошинкориро аз худ кардам. Ба қавле ҳамин озмун маро кошинкор кард”,- гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Райҳона баъди анҷоми дарсҳои ҳунари кашидадӯзӣ дар коллеҷ барои омӯхтани ҳунари кошинкорӣ назди Аъзамҷон Додоҷонов мерафт. Вақте аз асрори ин ҳунар пурра воқиф шуд, бо таклифи роҳбарияти Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ дар дохили  девори бино аз санг  нақши гули чаканро омода кард.

Навъҳои кошинкорӣ

Кошинкорӣ  тавассути сангҳои ранга, мӯҳраҳо, шиша, сафолакҳои хурду калон дар рӯйи девор ё лавҳаҳои гуногун омода карда мешавад. Аксарияти кошинкорон бо истифода аз сангҳо дар рӯйи девори биноҳо миниатюра ё ягон асари мукаммал меофаранд.

Намунаҳои ин навъи ҳунарро метавон дар мавзеъҳои қадима мушоҳида кард. Дар замони шӯравӣ кошинкори муддате рушд кард, вале солҳои охир бо ин ҳунар кам нафарон машғул мешаванд. Сабаби бетаваҷҷуҳ мондани ин ҳунарро қаҳрамони мо чунин шарҳ дод.

“Кошинкории биноҳо монанди кандакорӣ оммавӣ набуд. Шояд миёни мардум кам истифода шудани ин санъати ороиши амалӣ боиси кам гардидани теъдоди ҳунармандони кошинкор гардида бошад.

Ҳунармандон бештар марказҳои фарҳангӣ, фароғатӣ ва  маъмуриро кошинкорӣ мекарданд. Онҳо дар рӯйи девори калон бо сангҳо ё сафолпораҳои ранга миниатюра ва асарҳои моҳияти фалсафидошта меофариданд. Дар асари онҳо, лаҳзаҳои рақси ягон зан, мусиқинавозӣ ё ягон ҳолати муҳориба  таҷассум меёфт”,- гуфт Райҳона.

Ҳунармандони  Истаравшан то имрӯз теъдоди зиёди ҳунарҳои бадеӣ – халқиро ҳифз намудаанд ва баҳри эҳёи ҳунарҳои азбайнрафта кӯшиш мекунанд.

Райҳона Турсунова низ ба ҷавон буданаш нигоҳ накарда, мехоҳад ҳунарашро такмил дода, ба дигарон омӯзонад. Назар ба гуфти ӯ хоҳару додараш аллакай баробараш нишаста тавассути мӯҳраҳо асарҳои тасвиркардаашро ороиш медиҳанд.

“Ҳунарманд дар ҳама чиз зебоӣ мебинад”

Қаҳрамони мо бештар асарҳояшро аз сангҳои одӣ меофарад. Вай мегӯяд дастрас кардани чунин сангҳо ҳам осон ва ҳам камхарҷ мебошанд. Ӯ сангҳои лозимаро аввал ҷамъ намуда, ранг медиҳад. Пасон ба асар мувофиқ карда, онро тавассути ширеши “кафел” ба девор мечаспонад.

“Пеш аз он ки мо рӯйи деворро кошинкорӣ намоем, аввал расми ба он мувофиқро тасвир менамоем. Сипас сангҳоро ҷамъоварӣ намуда, бо рангҳои гуногун оро медиҳем. Пас аз он ки сангҳо пурра хушк шуданд ба воситаи ширеш дар рӯйи девор мечаспонем.

Кошинкорӣ тавассути мӯҳраҳо низ чунин сурат мегирад. Танҳо ба мо чаҳорчӯба ва ширеше, ки бо он мӯҳраҳои либосро мечаспонанд зарур аст”,- гуфт қаҳрамони мо.

Назар ба гуфтаи Райҳона Турсунова ҳунармандон ҳамеша дар чизи одӣ ҳам зебои мебинанду мехоҳанд он зебоиро ба дигарон нишон диҳанд. Агар ҳунарманд ҳамин сангро эҷодкоронаву ҳунармандона истифода набарад, пас санг ҳамчун санг боқӣ мемонад.

“Ба ҳар восита мехоҳам мавзеъҳои таърихии диёрамро муаррифӣ намоям!”

Аксарияти асарҳои офаридаи Райҳона Турсунова мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон мебошад. Ӯ бештар ба воситаи мӯҳраҳои ранга расми қалъаву кӯшк ва мақбараву масҷидҳои таърихиро меофарад. Яке аз онҳо расми “Ансамбли меъмории Ҳазрати Шоҳ” мебошад.

“Ҳар асари ҳунармандеро, ки хориҷиён харидорӣ намуда ба кишвари худ мебаранд ин муарифии на танҳо ҳунарманд балки кишвари азизи мост. Масалан, агар дар мусаввараҳо расми мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон тасвир ёфта бошанд, дилхоҳ нафар мехоҳад ин маконҳоро аз наздик бинаду дар бораи онҳо маълумот гирад. Аз ин рӯ аксарияти ҳунармандон нақшҳои миллӣ ва объектҳои таърихиро дар асарҳои худ таҷассум менамоянд. Ман ҳам мехоҳам ба ҳар восита мавзеъҳои таърихии диёрамро муаррифӣ намоям”,- иброз дошт ҳунарманди ҷавон.

Орзуи таъсиси коргоҳу осорхона

Райҳона танҳо бо ҳунарҳои кошинкориву кашидадӯзӣ иктифо накардааст. Ӯ дар ин баробар ҳунарҳои тарроҳӣ, зардӯзӣ ва тоқидӯзиро аз худ намуда, имрӯзҳо бо ин ҳунарҳо низ машғул аст.

Ҳамзамон ӯ дар тӯю маъракаҳои пайвандон аз меваву сабзавот гулҳо офарида, ба онҳо ройгон тақдим мекунад. Қаҳрамони мо мегӯяд, ҳунар монанди забон аст ва донистани он тамоми дарҳоро боз мекунад. Аз ин рӯ, мехоҳад ҳарчи бештар ҳунар омӯзад. Ҳамзамон, нақша дорад, ки дар оянда коргоҳ ва осорхонаи хусусии худро ташкил намуда, диққати сайёҳонро ба ҳунарҳои миллӣ ҷалб менамояд.

“Вақте барои омӯхтани ҳунар ба Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ қадам мондам, пеши худ мақсад гузоштам, ки ҳарчи бештар ҳунар аз худ намуда, барои эҳёи ҳунарҳои миллӣ саҳм мегузорам.

Дар оянда ният дорам ин ҳунарамро ба дигарон низ омӯхта, сафи ҳунармандонро зиёд намоям. Коргоҳи хусусӣ ташкил карда, духтаракони соҳибзавқро ба кор гирам. Ба ин восита, мехоҳам ҳунарҳои қадимаамон аз нав тренд гарданд”,- таъкид дошт Райҳона Турсунова.

Абдуғаффор Шодиев

Skip to toolbar