Зоирони тоҷик аз зиёрати Ҳаҷ омаданд

Зане 43 нафарро бо ваъдаи сафари ҳаҷ фиреб додааст

Зани 32-солаи сокини шаҳри Душанбе аз 43 нафар бо ваъдаи фиристодан ба ҳаҷ наздики 40 ҳазор доллар гирифта, вале онҳоро ба ҳаҷ нафиристодааст, хабар медиҳад Прокуратураи шаҳри Душанбе.

Гуфта мешавад, гумонбаршаванда Саида Каримзода зодаи шаҳри Кӯлоб ва сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аст.

Номбурда бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯистифода аз боварӣ 43 шаҳрванди Тоҷикистонро фиреб додааст, иттилоъ медиҳад манбаъ.

Аз ҷумла, моҳи марти соли 2023 аз Ҷумаев Ҷума 94 ҳазор сомонӣ ва 15 ҳазор доллар гирифта, ваъда додааст, ки ӯ ва ҳамсарашро ба зиёрати Каъба мефиристад. Вале бинобар сабаби набудани ҷой онҳоро ба ҳаҷ равон карда натавонистааст.

“Саида Каримзода шаҳрванд Ҷума Ҷумаев ва ҳамсарашро ба зиёрати ҳаҷи фарзӣ равон накарда, аз баргардонидани маблағҳо саркашӣ намуда, бо ин кирдораш ба номбурдагон зарар ба маблағи 94000 сомонӣ ва 1500 доллари ИМА ба миқдори махсусан калон расонидааст”, – навиштааст Додситонии шаҳри Душанбе.

Ӯ инчунин, аз 42 шаҳрванди дигари Тоҷикистон бо ваъдаи фиристодан ба ҳаҷ дар маҷмуъ, 27 ҳазору 500 доллар гирифта, онҳоро ба ҳаҷ нафиристодааст ва ҳамин тариқ, маблағашонро барнагардонидааст.

Ин ниҳод гуфтааст, нисбати Саида Каримзода барои қаллобӣ ба миқдори махсусан калон (моддаи 247, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноятии ҶТ) парванда боз шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ин банди қонунгузорӣ аз 100 то 150 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Назари худи Саида Каримзода, вакили дифоъ ва навздикони ӯ маълум нест.

Ба ҳамин монанд мақомот моҳи гузашта 2 сокини шаҳри Душанберо барои фиреби шаҳрвандон бо ваъдаи фиристонидани онҳо ба зиёрати ҳаҷи фарзӣ муттаҳам карда буд.

Қаблан як сокини 30-солаи ноҳияи Фархор ҳам ба гумони фиреби шаҳрвандон бо ваъдаи зиёрати хонаи Худо боздошт шуда буд. Гуфта мешуд, ӯ ба ивази 180 ҳазор сомонӣ ба 2 нафар ваъдаи ёрӣ расонидан дар адои маросими ҳаҷро дода буд, лекин ба ваъдааш вафо накард.

Skip to toolbar