Вазорати тандурустӣ гуфт, ки 6-уми январ низ “бе СOVID гузашт”
Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 6-уми январ эълон кард, ки дар 24 соати гузашта ягон мавриди сирояти коронавируси навро сабт накардааст. Вазорат дар як баёнияи расмӣ дар вебсайташ гуфт, то рӯзи 6-уми январ дар Тоҷикистон 13305 нафар ба бемории COVID-19 гирифтор шудаанд ва аз ин миён бештар аз 98 дарсади онҳо шифо ёфтаанд.
Ба гуфтаи вазорат, бемории мазкур аз моҳи апрел то моҳи январ 90 нафар аз беморӣ ҷон додаанд. Мақомот бори саввум аст, ки мегӯянд, дар як шабонарӯз дар Тоҷикистон ҳеҷ мавриди сирояти бемории COVID-19 сабт нашудааст, аммо мутахассисон ба омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, миқёси гирифторӣ ва талафот аз коронавируси нав ба маротиб бештар аз он аст, ки вазорати тандурустӣ эълон мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон 26 январ паём медиҳад
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми ҳамасолаи худро ба парлумон рӯзи 26 январ ироа мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.
Раисҷумҳури Тоҷикистон замони ироаи паёми худ, маъмулан самтҳои асосии сиёсати дохилу хориҷ, инчунин рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишварро дар соли ҷорӣ мушаххас мекунад.
Ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизиону радиои кишвар маросими ироаи паёмро ба таври зинда нашр мекунанд.
Бо қарори раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ як рӯз пеш то ироаи паём – 25 январ дар Душанбе иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баргузор мешавад.
Боздошти “рекордсмен”-и қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳҳои пойтахт
Кормандони милитсияи пойтахт ронандаеро боздошт намуданд, ки дар як фурсати кӯтоҳ чандин бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накардааст. Боздошти ӯ дар пайи сабти навори видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифт.
Ронанда сокини 25-солаи пойтахт Юсуфҷон Абидов ҳангоми идораи автомашинаи “Тойота Кемри” дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ дар муддати 1 дақиқа 15 маротиба қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст.
“Бо ин амал ӯ барои дигар ронандагон ҳолати садамавӣ ва хавфнок ба вуҷуд оварда, ғайр аз ин, ҳангоми боздоштан ба талаботи қонунии кормандони БДА итоат накард”, – қайд мешавад дар хабар.
Нисбати ронанда протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда ба ӯ дар ҳаҷми 300 сомонӣ ҷарима ва ё маҳрум шудан аз шаҳодатномаи ронандагӣ ба муҳлати то 1 сол таҳдид мекунад.
130 парвози чартерии “Сомон Эйр” аз Русия дар моҳи январ
Тоҷикистон бо Русия бар сари парвозҳои чартерии моҳи январи 2021 ба мувофиқа расидааст, гуфт директори Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон Икром Субҳонзода. Бар асоси ин тавофуқ аз шаҳрҳои гуногуни Русия ба Тоҷикистон 130 парвози чартерӣ анҷом хоҳад шуд.
“Парвозҳои чартерӣ барои берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия мисли пештара давом мекунад. То охири моҳи январ ширкати “Сомон Эйр” аз шаҳрҳои гуногуни Русия бештар аз 130 парвози чартерӣ анҷом хоҳад дод. Мисли пешин дар як рӯз аз 4 то 6 парвоз хоҳад буд. Ҳамарӯза аз Маскав ба Душанбе 3 парвози чартерӣ ва боқимонда аз шаҳрҳои дигари Русия хоҳанд буд”,-гуфтааст Субҳонзода.
Мусофирин ба тартиби пешин ҳангоми бозгашт ба Ватан бояд маълумотномаи гирифтор набудан ба бемории коронавирусро, ки на дертар аз 72 соати пеш аз парвоз ба даст овардаанд, дошта бошанд. Барои кӯдакони то 3-сола доштани ин маълумотнома лозим нест.
Чиптаҳо дар нуқтаҳои расмии ширкат дар Русия фурӯхта мешаванд
Хатсайри ҳавоии Душанбе-Тошканд шояд охири январ барқарор шавад
Хатсайри ҳавоии Душанбе-Тошканд шояд охири моҳи январ ё аввали феврал барқарор шавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода хабар дод.
“Чанде пеш бо сабаби рӯ ба беҳбудӣ овардани вазъияти вобаста ба коронавирус дар ҳар ду кишвар, сохторҳои марбутаи авиатсионии Ӯзбекистон моро огоҳ намуданд, ки ба барқарор кардани парвозҳои мунтазам омодаанд”, – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Субҳонзода, пештар бо ҳамтоёни ӯзбек мувофиқа шуда буд, ки парвозҳо аввали моҳи март барқарор карда мешаванд.
“Лекин акнун ҳар ду тараф омодаанд, ки парвозҳоро то охири моҳи январ роҳандозӣ намоянд, – иброз дошт номбурда. – Пешниҳоди ҳамтоёни ӯзбеки худро ба баррасии Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус пешниҳод карда, посухашро интизорем”.
Зимнан зикр шуд, ки дар сурати аз ҷониби ситод қабул шудани қарори мусбат, парвозҳои мунтазам байни кишварҳо барқарор карда мешаванд.
Дар ҳамин ҳол дар шаҳри Панҷакент постгоҳи назоратӣ бо Ӯзбекистон – Саразм-Ҷартеппа барои содироту воридоти молу маҳсулот боз шуд.
Зикр шуд, ки равуои шаҳрвандони тариқи ин постгоҳи назоратӣ дар сарҳад алҳол барқарор нашудааст.
Дар робита ба пандемияи коронавирус гузаргоҳи Саразм-Ҷартеппа моҳи марти соли гузашта пурра баста шуд. Аз ҳамон замон қариб ҳамаи постгоҳҳои назоратӣ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон баста шуданд – аз 17 гузаргоҳ танҳо сетоаш – Турсунзода-Сариосиё, Мастчоҳ-Ойбек ва Спитамен-Плотина фаъолият карда, тариқи онҳо молу маҳсулоти байнулмиллӣ интиқол меёфт.