Донишҷӯёни тоҷик

Вазорати маориф донишҷӯёни тоҷикро аз Украина ба донишгоҳҳои Тоҷикистон интиқол мекунад.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳама донишҷӯёни тоҷикеро, ки дар Украина таҳсил мекарданд ба донишгоҳҳои Тоҷикистон интиқол мекунад.

Тавре маълум аст пас аз вуруди неруҳои низомии Русия ба Украина қисми зиёди донишҷӯёну шаҳрвандони тоҷик, ки дар он ҷо таҳсил ва зиндагӣ мекарданд ба Тоҷикистон баргаштанд ва ҳоло наметавонанд таҳсилашонро идома диҳанд. Ҳамчунин маълум нест, ки вазъият кай ба эътидол меояд.

Аз ин рӯ Вазорати маорифи Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ин донишҷӯёнро ба донишгоҳҳои Тоҷикистон итиқол бикунад.

Дар эълони Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмиллалӣ”- и Вазорати маориф ва илм омадааст, ки донишҷӯёни тоҷике, ки дар зинаҳои бакалавр, магистратура ва ё аспирантура дар донишгоҳҳои Украина таҳсил мекарданд ва вобаста ба вазъияти баамаломада ба Тоҷикистон баргаштанд, метавонанд ба донишгоҳҳои Тоҷикистон интиқол бигиранд.

Барои интиқол хоҳишмандон метавонанд ба вазорати маориф муроҷиат кунанд.

Мувофиқи маълумотҳо дар Украина 101 нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекарданд.

Соли гузашта низ вазорат барои донишҷӯёни тоҷике, ки дар Қирғизистон таҳсил мекарданд, вобаста ба вазъ дар марз бо ин кишвар чунин имкониятро барои донишҷӯён фароҳам оварда буд.

Пас аз муноқишаҳои марзии охири моҳи апрели соли 2021 миёни Тоҷикистону Қирғизистон, донишҷӯёни тоҷик гуфта буданд, ки дар ин кишвар мавриди лату кӯб қарор гирифтаанд. Ҳачунин ҳангоми убури марз сарҳадбонони қирғиз аз онҳо маблағ талаб кардаанд. Вобаста ба ин вазъ бархе донишҷӯён гуфта буданд, ки дигар намехоҳанд таҳсилро дар ин кишвар идома диҳанд ва аз вазири маориф хоста буданд, ки онҳоро ба донишгоҳҳои Тоҷикистон интиқол кунанд.

Аммо қисми зиёди донишҷӯён аз интиқол даст кашиданд, зеро пас аз интиқол онҳо бояд дар як бахш поён таҳсил мекарданд, ки як соли хонишашон барбод мерафт.

Skip to toolbar