Вазири нави маориф аз норасоии устодони унвондор дар донишгоҳҳои кишвар интиқоди шадид кард

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Акс аз Вазорати маорифи кишвар

Як зани тоҷикро бо гуноҳи кӯдакрабоӣ зиндонӣ карданд

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе як занро бо гуноҳи одамрабоӣ ба бештар аз нӯҳуним сол зиндон маҳкум кардааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон 3-юми март дар баёнияи расмӣ гуфт, Нигора Аҳмедова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, дар шифохонаи рақами 13-и Душанбе аз роҳи фиреб фарзанди думоҳаи Манзура Назароваро гирифта, ба хонааш оварда ва ба хешовандонаш гуфтааст, тифли навзод аз худи ӯст.

Ба қавли додситонӣ, ӯ акси тифлро ҳам гирифта, тавассути телефон ба шавҳари муҳоҷираш дар Русия фиристодааст. Ҳукми додгоҳ рӯзи 20-уми январи имсол содир шудааст.

Ҳодисаи мазкур рӯзи 30-юми ноябри соли 2021 рух дод ва сару садои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт.

Интиқоди шадиди вазири нави маориф аз норасоии устодони унвондор дар донишгоҳҳо

Вазири нави маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз норасоии омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидошта, ба мисли дотсент ва профессор дар донишгоҳҳое, ки омӯзгор омода мекунанд, изҳори нигаронӣ намуда, гуфтааст, онҳо бояд омӯзгорони ҷавони унвондорро ба кор ҷалб кунанд.

Раҳим Садзода, дирӯз, 2 март дар ҷаласае дар робита ба омода намудани омӯзгорони оянда дар коллеҷу донишгоҳҳои кишвар аз  дараҷаи азхудкунӣ ва сатҳу сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии мазкур интиқод карда, сатҳи таҳсилот (онҳое, ки бо баҳои 4-у 5 мехонанд)-ро 35 дарсад арзёбӣ кард.

Номбурда эътироф кардааст, ки ҳоло дар мактабҳои кишвар омӯзгорон намерасанд ва масъулинро зарур аст, ин масъаларо пайгирӣ намуда, ба вазорат пешниҳодҳо манзур кунанд.

Ӯ ҳамчунин, аз ҳозир нашудани хатмкунандагоне, ки аз ҳисоби буҷаи давлат ва квотаҳо таҳсил кардаанд, нигаронӣ карда, гуфтааст, нисбати онҳо чораҷӯӣ намоянд.

Ӯ махсусан аз норасоии омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидошта дар муассисаҳои олӣ ёдовар шуда, нигаронӣ кардааст, ки теъдоди омӯзгорони дорои дараҷаи илмидошта дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айни 30 фоиз, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 17,7 фоиз, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 19,2 фоиз, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев 23,5 фоиз, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 43 фоиз, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт 5,8 фоиз, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент 10,8 фоизро ташкил медиҳанд, ки ба гуфтаи ӯ, ин нигаронкунанда аст.

Ӯ роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳоро вазифадор кардааст, ки ҷиҳати омода ва таъмини омӯзгорони дорои дараҷаи илмидошта аз ҳисоби омӯзгорони ҷавон ва ҷалби онҳо ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ чораҳои қатъӣ андешанд.

Беш аз 900 шаҳрванди Тоҷикистон хоки Украинаро тарк кардаанд

Дар пайи ҳамлаи низомии Русия, беш аз 900 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Украина кору таҳсил доштанд, қаламрави ин кишварро тарк кардаанд.

Дар ин бора хабаргузории ТАСС рӯзи 3-юми март бо такя ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод. Ба гуфтаи ин ниҳод, дар умум чаҳор ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Украина сабти ном шуда буданд.

“Дар як рӯзи охир, ба далели бад шудани вазъият, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Украина рафтан мехоҳанд, афзудааст. Дар ҳоли ҳозир 823 нафар ба Лаҳистон (Полша) ва 121 нафар ба Молдова рафтаанд,” — навишт ТАСС.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтаанд, маълумот метавонад ҳар лаҳза тағйир ёбад, чун навбатпойӣ дар марзи Украина бо Полша ва Молдова зиёд аст. Айни замон таъкид кардаанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина осеб надидаанд.

Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ ба Озарбойҷон рафт

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуд.

Тавре ки маркази матбуоти палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ин сафар ӯро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ҳайдар Алиев Рустами Эмомалиро муовини Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон, сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон ва дигар намояндагони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Баъди раиси ҷамоат, боз як корманди Кумитаи замини Шаҳритусро овехта дарёфтаанд

Дар ноҳияи Шаҳритус, баъди ду ҳафтаи даст ба худкушӣ задани як раиси ҷамоат, имрӯз ҷасади як мутахассиси Кумитаи идораи замини ин ноҳияро овехта пайдо кардаанд.

Як манбаъ аз ин ноҳия ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҷасади Фирӯз Ҳурматов, мутахассиси идораи замини ниҳояро, имрӯз, баъд аз зуҳр дар хонаи иҷорааш дар маркази ноҳия пайдо кардаанд.

Дар ҳоли ҳозир сабабу далеҳои ин ҳодиса маълум нест. Мақомоти қудратии Шаҳритус то кунун дар ин бора изҳори назар накардаанд. Манбаъи мо аз Ҳурматов мутахассиси ҷавон ном бурд, вале гуфт, ки бо ӯ ошно набудааст ва дар бораи ӯ чизи бисёре намедонад.

Даст ба худкушӣ задани раиси ҷамоат дар ҳоле буд, ки як манбаъ ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки як рӯз пеш аз ҳодиса бо роҳбарии худи ин раиси ҷамоат дар масъалаи даст ба худкушӣ задан, пешгириҳо аз ҷинояткорӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ҳамоише бо ҳузури бо мардум гузаронда шуда буд. Худи Хушқадам Нодиров низ дар ин ҳамоиш суханронӣ карда буд.