“Штамми британиягӣ”-и коронавирус ба Тоҷикистон наомадааст
Дирӯз, 2-юми феврал вазири тандурустии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода аз фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дидан намуда, бо нуқтаи гирифтани ташхиси бемории коронавируси нави COVID-19-и фурудгоҳи мазкур шинос гардид.
Бино ба иттилои маркази матбуотии вазорати тандурустӣ, дар нуқтаи гирифтани ташхиси бемории коронавирус дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҷиҳати муайян намудани бемории сироятии коронавируси нави COVID-19, махсусан, “штамми британиягӣ”-и коронавирус тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст, ки табибон дар он ба таври шабонарӯзӣ фаъолият бурда истодаанд.
Тибқи иттилои расмӣ аз 11-уми январ инҷониб дар Тоҷикистон ягон мавриди бемории коронавирус ошкор нашудааст.
“Таксиҳои “5-сомона”: манъ накардаем, қонунӣ карданием”
Вазири нақлиёти Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотии ниҳодаш мавриди ба танзим даровардани таксиҳои ба истилоҳ “5-сомона”-ро дар шаҳри Душанбе шарҳ дод
Мо кори таксиҳои панҷсомониро манъ накардаем, танҳо дар бораи қонунӣ кардани фаъолияти онҳо гуфтем. Қарори ниҳоӣ оид ба ин масъала ҳанӯз қабул нашудааст. Фаъолияти таксиронҳоро ба он хотир қонунӣ мекунем, ки онҳоро боз надоранд ва бо моддаи 510 Кодекси маъмурии кишвар барои фаъолияти ғайриқонунӣ ҷарима накунанд”, – афзуд Азим Иброҳим..
Ба гуфтаи ӯ масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дорад ва ба зудӣ Вазорат дар якҷоягӣ бо шаҳрдории Душанбе ба манфиати мардум тасмим хоҳанд гирифт.
Ёдовар мешавем, моҳи октябри соли гузашта вазири нақлиёт ба масъулин дастур дода буд, ки “дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори Мақомоти шаҳри Душанбе шумораи ин намуди нақлиёт, яъне “таксиҳои 5- сомонӣ”, ки мақомот онҳоро ғайриқонунӣ медонанд, дар шаҳр муайян карда, роҳи ҳалли масъаларо пешниҳод намоянд”.
Вазорати адлия: “Авангард” сабти ном нашудааст
Муовини вазири адлияи Тоҷикистон Асадулло Ҳакимзода дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, ки то кунун ҳаракати ҷамъиятии “Авангард” барои сабти ном шудан ба вазорати адлия муроҷиат накардааст.
“Ҳаракати ҷамъиятии мазкур дар Вазорати адлия ба қайд гирифта нашудааст. Аммо вазорати адлия фаъолияти ҳаракати мазкурро таҳти таҳлил қарор додааст. Айни замон мо омӯхта истодаем ва дар нишасти матбуотии оянда ба шумо маълумоти мушаххас дода метавонем. Зеро ин ҳаракат узвият надорад, иштирокчӣ дорад. Ва онҳо мегӯянд, ки мо доимамалкунанда нестем. Дар вазорати адли он ҳаракатҳои ҷамъияте номнавис мешаванд, ки худро шахси ҳуқуқӣ эътироф кунанду узвият доранд. Онҳо барои сабти ном ҳеч гуна ҳуҷҷат ба вазорати адлия то кунун пешниҳод накардаанд”, – мегӯяд муовини вазир.
Гуруҳи “Пешоҳанг” ё “Авангард” бино ба маълумоте, ки ба расонаҳо пешниҳод кардаанд, моҳи августи соли 2015 ташкил шудааст. Онҳо аввалин ҷаласаи созмони худро дар бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва бо ҳузури вазир Рамазон Раҳимзода баргузор намуданд.
Додситонӣ 272 қарори раисони шаҳру навоҳии Хатлонро бекор кардааст
Додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, ки наздик ба 300 қарори раисони шаҳру навоҳӣ дар ин вилоятро бекор кардааст, ки 85 дар сади онҳо марбут ба тақсими нодурусти замин мебошанд. Соли 2020 дар асоси санҷишҳои додситонӣ дар вилоятӣ Хатлон 271 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят бекор карда шудаанд.
Варқа Зайниддин ёрдамчии додситони вилояти Хатлон зимни нишасти матбуоти гуфт, ки қарорҳои бекоршуда дар қиёс ба соли 2019, 57-то зиёд мебошад. Номбурда ҳамчунин илова кард, ки 46 фоизи қарорҳои бекоршуда ба раисони феълан амалкунанда таълуқ дошта 85 фисадашон вобаста ба замин мебошад.
Пандемия ба бахши боркашонии Тоҷикистон 300 млн сомонӣ зарар расонид
Пандемияи коронавирус, ки бар асари он боркашонӣ ва мусофиркашонии байнулмилалӣ қатъ ё боздошта шуд, ба ҷумҳурӣ ба маблағи 300 млн сомонӣ зарар расонид.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим имрӯз зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон изҳор намуд, ки ҳаҷми зиён танҳо дар боркашонӣ тариқи автомобил ба беш аз 272 млн сомонӣ расида, боқимонда 28,9 млн сомонии зарар ба соҳаи мусофиркашонӣ тариқи роҳи оҳан рост меояд.
Дар баробари ин вазир афзоиши ҳаҷми боркашониро дар КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” қайд кард. Соли 2020 ин корхона 6,3 млн тонна бор кашонидааст, ки 5,8 млн тоннаи он ба ҳамлу нақли байнулмилалӣ рост меояд.
Ба гуфтаи вазир, ҳамаи қатораҳое, ки ба Тоҷикистон меоянд, барои роҳ надодани вуруди коронавирус ба кишвар коркарду поккорӣ мешаванд.
Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Болоравии тарифҳои барқ алҳол пешбинӣ намешавад
Боло бурдани тарифҳои истифодаи неруи барқ алҳол ба мо пешниҳод нашудааст, хабар дод ба рӯзноманигорон сардори Хадамоти зиддиинҳисори назди ҳукумати ҷумҳурӣ Абдулмаҷид Муминзод зимни нишасти хабарӣ.
Ӯ овозаҳои болоравии арзиши барқро дар ояндаи наздик рад карда, изҳор дошт, ки танҳо ҳукумат метавонад бо чунин пешниҳод ба Хадамот муроҷиат намояд.
“Пас аз таҳлили ҳамаҷонибаи мутахассисони Хадамоти зиддиинҳисорӣ қарор қабул мешавад, лекин ба мо то ҳол чунин пешниҳод нарасидааст”, – гуфт ӯ.
Қобили зикр аст, ки давоми солҳои 2010-2019 тарифҳои қувваи барқ 2,6 маротиба боло рафт: аз 9 дирам барои 1 киловатт соат дар моҳи январи соли 2010 то ба 22,66 дирам аз моҳи сентябри соли 2019.
Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо дархости Қирғизистон
Мақомоти интизомии Русия бо дархости Қирғизистон шаҳрванди 45-солаи Тоҷикистон, Фурқат Абдулфаттоҳовро дар ҷумҳурии Бошқирдистон боздошт кардаанд.
Қирғизистон аз тариқи полиси байналмилалӣ бо таҳти таъқиб қарор додани Фурқат Абдулфаттоҳов муддаӣ шудааст, ки вай шаби 13 марти соли 2020 дар даргирии миёни сокинони деҳоти марзии ноҳияҳои Исфара ва Бодканд ширкат кардааст.
Дар ҳамин ҳол, наздикони муҳоҷири боздоштшуда аз Тоҷикистон дар номае ба мақомоти интизомии Русия таъкид карданд, ки Фурқат Абдулфаттоҳов дар торихи ёдшуда аслан дар Тоҷикистон ҳузур надошта ва дар Русияи машғул ба кор будааст.
Тибқи иттилои ҳамин манбаъ, як моҳ қабл низ сокини дигари деҳаи Ворухи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон, Диловар Ҷӯраев ба иттиҳоми мушобеҳ ва бар асоси дархости тарафи Қирғизистон дар Русия боздошт шуда буд.
Гуфта мешавад, ки мақомоти қазоии Қирғизистон 23 сокини деҳаи Ворухи ноҳияи Исфараи Тоҷикистонро ба иттиҳоми мушорикат дар даргирии марзӣ бо қирғизҳо таҳти таъқиби полиси байналмилалӣ қарор додаанд.
Зиндагии 600 хонавода дар минтақаҳои хатарнок дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ба 634 хонавода тавсия дода мешавад, ки аз маконҳои хавфнок ба ҷойҳои бехатар кӯчанд.
Дар ин бора муовини сардори Сарраёсати геологияи Тоҷикистон, Алимаҳмуд Ализода дар рафти нишасти матбуотӣ гуфт.
“Чунин тавсияҳо мувофиқи нақшаи тарҳи “Мониторинги давлатии равандҳои экзогении геологӣ” дода шуд”, – таъкид дошт вай дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон.
Ноиби раиси Сарраёсат таъкид кард, ки мониторинг ва тадқиқоти муҳандисиву геологӣ дар асоси дархостҳо дар 870 деҳа, минтақаҳо ва кӯчаҳои шаҳру навоҳиҳо анҷом дода шуд.