Далер Ҷумъа Вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон аз истеҳсоли рекордии барқ дар соли гузашта имрӯз, 30 январ дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ин дар ҳолест, ки сокинони минтақаҳо ҳатто баъди дастури президент ҳам аз камбуди барқ шикоят доранд.
Ба гуфтаи ӯ соли гузашта Тоҷикистон зиёда аз 21 млрд. Кв/с нерӯи барқ истеҳсол намудааст, ки “баландтарин нишондиҳанда” дар давраи фаъолияти низоми энергетикии кишвар мебошад. Аммо дар бораи он ки чаро то ҳол камбуди барқ дар кишвар бартараф нашудааст ҷавоби мушаххас надод.
Ба гуфтаи вазир дар рӯзҳои сардӣ низоми мардум пурра бо барқ таъмин буданд. Аммо аз рӯи шикояти сокинони минтақаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дастури президент дар бораи таъмини пурраи сокинон бо барқ танҳо 10 шабонарӯз амалӣ шуд ва “лимит” дубора бозгашт. Ба гуфтаи сокинон, шабона аз соати 10 то 5 – и субҳ барқ надоранд.
Далер Ҷумъа қайд намуд, ки дар рӯзҳои сардӣ хароҷоти барқ ба 81 млн. Квт соат барқ расид, ки баландтарин нишондиҳанда дар низоми энергетикии кишвар аст.
Ҳамҷунин дар шарҳи қатъи интиқоли барқ садамаҳоро ҳам зикр кард, вале нагуфт, ки дар рӯзҳои сардӣ дар кишвар чӣ қадар садамаҳо сабт шудааст.
“Дар пеш рӯзҳои хунукӣ пешбинӣ шавад ва мо чораҳо андешида истодаем, ки чӣ бояд кард мисли гузашта мардумро дар рӯзҳои сардӣ бо барқ таъмин намоем”,-афзуд ӯ.