Президенти Узбекистон

Ваколатҳои президент то 7 сол ва ҳаққи номзадӣ ба интихобот то 3 маротиба пайиҳам дар Конститутсияи нав

Дар лоиҳаи қонун «Дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» дар бораи аз 5 ба 7 сол зиёд кардани муҳлати ваколати президенти Ӯзбекистон банди нав ворид шудааст. Тарҳи ин санад имрӯз, 15 март дар рӯзномаи парлумонии «Сухани халқ» нашр шуд.

“Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз тарафи шаҳрвандон ба таври умумӣ, ҳуқуқҳои баробар ва бевоситаи овоздиҳии пинҳонӣ ба муддати ҳафт сол интихоб карда мешавад”,- омадааст дар санади мазкур.

Тибқи Конститутсияи амалкунандаи кишвар муҳлати ваколати президент панҷ сол аст. Тағйироти дахлдор дар моҳи декабри соли 2011 қабул карда шуд буданд.

Тарҳи нави Конститутсия ҳамчунин имкон медиҳад, ки президенти феълии кишвар Шавкат Мирзиёев барои бори севум пайиҳам интихоб шавад. Қаблан имкони интихоб шудан ба курсии президентӣ бо ду давраи пайиҳам маҳдуд буд.

Тарҳи қонуни конститутсионӣ, ки ҳарду палатаи порлумони Узбекистон пазируфтаанд, рӯзи 15 март ба нашр расид.

Пешниҳод шудааст, ки ба таҳрири нави Қонуни асосӣ 27 моддаи дигар ворид карда шавад. Ба ин тартиб, шумораи умумии онҳо аз 128 ба 155 адад афзоиш меёбад. Дар баробари ворид намудани тағйироту иловаҳо Конститутсияи Узбекистон 65 фоиз нав мешавад.

Ҳафтаи гузашта вакилони палатаи поёнии Узбекистон раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро рӯзи 30 апрел таъин карданд.

Мирзиёев бори нахуст моҳи декабри соли 2016, баъди даргузашти Ислом Каримов, президенти нахустини ин кишвар, дар интихоботи ғайринавбатӣ президенти Узбекистон интихоб шуд.

Дар моҳи октябри соли 2021 Мирзиёев дар интихоботи навбатӣ 80,12% овозҳоро ба даст оварда, пирӯз шуд. Моҳи декабри соли 2021 ӯ пешниҳод кард, ки Конститутсияи Ӯзбекистон тағйир дода шавад. Гуфта мешуд, ки пешниҳодҳо дар бораи тағйирот аз ҷониби шаҳрвандони кишвар садо додаанд.

Skip to toolbar