Ҷузъиёти куштори як ҷавони 25-сола дар Конибодом

Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо гумони куштори ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ, Амрулло Боймирзоев ду нафарро дастгир кардааст.

Х.Б.-и 31-сола ва  М.Ф.-и 27-сола, ҳарду сокини ноҳияи Мастчоҳ дар ин куштор гумонбар мешаванд.

Ба иттилои милитсия, онҳо Амрулло Боймирзоевро “дар пайи хусумати шахсӣ” аз ҳаёт маҳрум кардаанд.

Гумонбарон дар куштор
Акс: РВКД дар вилояти Суғд

“Рӯзи ҳодиса гумонбаршудаҳо дар ҳуҷраи хоб воқеъ дар ҳудуди корхонаи пахтатозакунӣ бо расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ бо истифода аз чӯбдаста ва бӯғи кардан тавассути ресмони синтетикӣ Амрулло Боймирзоевро ба ҳалокат мерасонанд”,- менависад РВКД дар вилояти Суғд.

Ба гуфтаи манбаъ, гумонбаршудаҳо нишондод додаанд, ки гӯё марҳум Боймирзоев дар муносибат бо онҳо рафтори дурушт карда, дар баъзан ҳолат ба иҷрои амалҳои нописанд водор мекардааст ва ин дар натиҷа ангезаи ҷиноятро ба вуҷуд меорад.

Инчунин гуфта мешавад, мақсади содир кардани ҷинояти одамкушӣ “ба даст овардани маблағи пулӣ” будааст, ки рӯзи ҳодиса ба корхонаи пахтатозакунӣ бояд ворид шуда, ҷабрдида Амрулло Боймирзоев бевосита бо он сару кор доштааст.

Боз дигар фарзияҳо низ дар рафти тафтиши пешакӣ санҷида хоҳад шуд, менависад манбаъ.

Гумонбаршудаҳо Б.Х. ва М.Ф. бо ҷабрдида ҳамкор буда, муносибати дӯстона низ доштаанд.

Ба иттилои РВКД дар вилояти Суғд, айни ҳол аз рӯйи ходиса бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятӣ – одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва нисбати гумонбарон чораи пешгири дар намуди ҳабс тадбиқ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ҷасади Амрулло Боймирзоев 23 октябр дар корхонаи пахтатозакунии ҷамоати деҳоти Патари шаҳри Конибодом дарёфт гардид.

Skip to toolbar