Узбекистон нақша дорад, бо Тоҷикистон ва Қазоқистон тартиби гузариши сарҳадро бо истифода аз ID-корт ҷорӣ кунад. Дар ин бора рӯзи 20 ноябр дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис президент Шавкат Мирзиёев хабар дод, менависад Газета.uz.
Ба гуфтаи ӯ, барои рушди ҳамаҷонибаи кишвар татбиқи сиёсати самараноки хориҷӣ, тавсеаи доираи дӯстону шарикон ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ бо ҳамсояҳои наздик муҳим аст.
Бо ин мақсад, Мирзиёев зарурати қабули таҳрири нави Консепсияи сиёсати хориҷиро таъкид кардааст.
Таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягии байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, таъмини амният ва суботи минтақавӣ самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ боқӣ хоҳанд монд, қайд намудааст президенти Узбекистон.
Соли 2025 дар ин кишвар мулоқоти “Панҷгонаи Осиёи Марказӣ” (Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон) баргузор мешавад, ки ба гуфтаи ӯ “боз як қадами муҳими амалӣ дар ин роҳ хоҳад буд”.
“Аз 1 сентябр шаҳрвандони Узбекистон метавонанд бо истифода аз корти ID (ба ҷои шиносномаҳои хориҷӣ) ба Қирғизистон озодона сафар кунанд, дар нақша аст чунин тартиб бо Қазоқистон ва Тоҷикистон низ ҷорӣ карда шавад”,- изҳор дошт Шавкат Мирзиёев.
Ба таъкиди ӯ, ба рушди минбаъдаи робитаҳои самарабахш ва муназзам бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, дигар шарикони пешқадам, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин ниҳодҳои молиявӣ диққати махсус дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар ин ҷаласа президент номзадии сарвазири феълӣ Абдулло Ориповро ба мақоми раиси ҳукумат пешбарӣ кард.
“Ҳукумат бояд фаъолияти худро дар заминаи комилан нав ташкил кунад ва барои ин ба он роҳбари қавӣ зарур аст”,- гуфт ӯ.