Мавзеи таърихии "Санги уштур" дар Тоҷикистон

Уштуре, ки ба санг табдил ёфт. Ривоятҳо дар атрофи “Санги уштур” дар шимоли Тоҷикистон

Дар деҳаи Басмандаи ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич маҳаллае бо номи “Санги уштур” маъруф аст. Ин ном аз санге гирифта шудааст, ки дар як гӯшаи деҳа ҷойгир аст ва мардум онро ба уштур монанд мекунанд. Ин санг таърихи хеле қадим дорад. Дар байни сокинон атрофи он ривояту ҳикояҳои гуногун мавҷуданд. Барои таҳқиқи пайдоиши санг ҳатто таърихшиносон таваҷҷуҳ кардаанд. Муаллифи Your.tj бо пирони ин деҳа ҳамсуҳбат шуда, нақлу ривоятҳои ҷолиби онҳоро навишт.

Санге, ки ба уштур монанд мекунанд

“Ба “Санги уштур” зарар расонӣ, дучори бало мешавӣ”

Яке аз солхӯрдатарин марди деҳа Абдумавлон Камолови 97 сола аст. Пирамард умри қариб якасраи худро дар деҳаи Басманда гузаронидааст.

Аз рӯи нақли муйсафед замоне, ки онҳо бача буданд бо хар ба кӯҳу саҳро барои бозӣ, ҷамъоварии ҳезур ё алаф мерафтаанд. Пеш аз ба роҳ баромадан  волидайнашон насиҳат мекардаанд, ки зинҳор ба “Санги уштур” наздик нашванд ё нисбати он ягон кори ноҷое накунанд. Ба гуфтаи онҳо ин санги муқаддас будааст.

Абдумавлон Камолови 97 сола

Бобои Абдумавлон оид ба таърихи пайдоиши “Санги уштур” дар даст асноди таърихӣ надорад. Аммо аз замони кӯдакияш вобаста ба ин санг хотираҳои зиёд дорад.

Ба гуфтаи ӯ санг пеш аз ҳама таъхири кӯҳан доштани деҳаи Басмандаро нишон медиҳад.

“Мо ҳамагӣ 6-7 сола будем, ки аз назди он мегузаштем ва мехостем бо болои санг баромада худро савори уштур тасаввур намоем. Аммо насиҳати волидон ба эҳтиёткорӣ водор мекард.

Аз ҳамон замон дар зеҳни мо арҷгузорӣ ба осори таърихӣ ҷой гирифт. Мо ҳамин тавр метавонем ёдгорие аз таърихи худ ба наслҳои ояндаамон боқӣ гузорем”,- таъкид кард бобои Абдумавлон.

Басманда – шаҳре бо номи Марсманда дар гузашта

Муйсафеди дигари деҳа Сангинов Бозорбой 80-сола омӯзгор аст. Ӯ ба илми таърих, ва маконҳои таърихӣ таваҷҷуҳи зиёд дорад. Аз рӯи нақли Бобои Бозорбой таърихи пайдоиши Санги уштур ба давраҳои хеле қадим рабт дорад.

Замоне дар ин деҳа уштуре будааст, ки аз рӯи ривоятҳо ба санг табдил ёфтааст. Уштурро мардуми ҳунарманди деҳа ҳамчун воситаи боркашонӣ истифода мебурдаанд.

Ба гуфтаи пирамард деҳаи Басманда дар қадим аслан шаҳре будааст бо номи Марсманда. Он ҳамчун шаҳри оҳангарон маълум буда, мардум ҳунарҳои дастии худро бо воситаи уштурҳо ба водии Фарғона мебурдаанд.

Ин омӯзгори 80-сола мегӯяд, чанд сол пеш ба деҳа этнограф бо номи Назирҷон Турсунов омадааст.

“Ӯ дар масъалаи таърихи пайдоиши “Санги уштур” ва дигар ҷойҳои таърихии деҳа таҳқиқотҳои илмӣ гузаронида, далелҳои зиёд ҷамъоварӣ кард. Аммо бо сабаби норасоии маблағ китобаш нашр нашуд”,- гуфт ӯ.

Намуди “Санги уштур” аз наздик

Аз рӯи таҳқиқҳои илмии ӯ ва нақлу ривоёти гуногун дар давраҳое хеле қадим оҳангарӣ манбаи асосии даромади мардуми Басманда (он замон шаҳри Марсманда) будааст. Онҳо санъати баланди оҳангарӣ доштаанд.

“Онҳо маҳсули дасти худро ба водии Фарғона ба ушрутҳо бор карда мебурдаанд. Аммо боре роҳзанон мехоҳанд корвонро ғорат кунанд. Ҳунармандон ҳамин лаҳза ба Худо ниёиш мекунанд, ки онҳоро ба санг табдил диҳад. Ҳамин “Санги уштур” натиҷаи дуо ва ягона ёдгорӣ аз онҳо будааст”,- нақл кард бобои Бозорбой.

“Марде, ки “санги уштурро” шикаст, фалаҷ шуд”

Оча Миршарипова, як зани 70-солаи сокини ин деҳа, бо вуҷуди хонашин буданаш ҳамеша китобхонӣ мекунад.  Ба гуфтаи ӯ мардуме, ки ба осори таърихӣ хунукназарӣ мекунанд ё ба нобудияшон даст мезананд, ҳатман дучори фалокат мешаванд.

Оча Миршарипова, зани 70-солаи сокини деҳа

Аз рӯи нақли ин зан замоне марде “ин санг ба кӣ даркор, ман онро майда карда ба хонаам мебарам” гуфта, қасд кардааст сангро бишканад. Ӯ бо асбоби гарони сангшикан “уштур”-ро аз гарданаш зада ду пора мекунад.

Мардуми зиёд дар гирди ӯ ҷамъ мешаванд. Мард аз вайронкории худ лаззат бурда, исбот карданӣ мешавад, ки бо ӯ ҳеҷ чиз намешавад. “Санг санг аст, ягон муҷиза нест”, мегӯяд ӯ. Аммо баъди ҳамагӣ 5-10 дақиқа мард аз ҳаракат ва гапзанӣ мемонад. Ҳама аз дидани ҳолати ӯ ба тарс меафтанд.

Чандин сол ин санг дар лаби роҳи мошингузар меистод. Кӯдакон “ба болои уштур мешинем” гуён ҳаваси сангсоварӣ мекарданд. Имсол раиси деҳаи Басманда Ҳаётулло Ғафуров ва сокинони маҳаллаи “Санги уштур” мавзеи сангро обод карда, ба як ҷойи тамошо ва таърихӣ табдил ёфт. Ҳамчун хотира баъзе аз навхонадорон дар назди ин санг акс мегиранд.

Атрофи санг панҷарабандӣ шуда, марде, ки дар наздикии он маскун аст, масъули нигоҳубини он таъин шудааст. Зиёраткунандагонеро, ки мехоҳанд “Санги уштур”-ро аз наздик бинанд, ӯ роҳбаладӣ мекунад.

Фарзона Муродӣ

Skip to toolbar