Ҳушдори Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандон

Дар ҳудуди шаҳри Москва, вилоятҳои Москва ва Воронеж низоми амалиёти зиддитеррористӣ ҷорӣ шудааст.


Сафорати Тоҷикистон дар ФР

Сафорати Тоҷикистон дар ФР

Дар робита ба вазъияти амниятии Русия Сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки  ба ҷойҳои серодам ва чорабинҳои оммавӣ нараванд.

“Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳамватанонро ҳушдор медиҳад, ки бо дарназардошти таҳдид ба вазъияти амниятӣ дар кишвари иқомат, аз сафари ғайримақсаднок ба минтақаҳои наздисарҳадии Россия бо Украина  худдорӣ намоянд”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Ин ниҳоди дипломатӣ гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия иқомат доранд, “барои гирифтани маълумоти бештар метавонанд ба Сафорат ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург ва Уфа муроҷиат намоянд”.

Дар ҳудуди шаҳри Москва, вилоятҳои Москва ва Воронеж низоми амалиёти зиддитеррористӣ ҷорӣ шудааст.

Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия ин амалиётро ҳамчун ҷилавгирӣ аз амалҳои эҳтимолии террористӣ шарҳ медиҳад. Қаблан мақомоти пойтахти Русия ва вилояти Москва аз таҳкими чораҳои амниятӣ ва иҷрои амалҳои зиддитеррористӣ хабар дода буданд.