Заминларза дар Туркия

Қурбониёни зилзила дар Туркияву Сурия қариб ба 8 ҳазор нафар расид. Тоҷикистон ба Туркия кӯмак мефиристад

Шумораи қурбониёни заминларза дар Туркияву Сурия наздик ба 8 ҳазор нафар шудааст. Барои ҷустуҷӯ ва берун овардани осебдидагон аз зери вайронаҳо амалиёт мунтазам идома дорад.

Рӯзи сешанбе дар ҷануби Туркия ва шимолу ғарбии Сурия 435 пасларза ба амал омадааст. Дараҷаи яке аз онҳо 7,5 буда, ба гуфтаи мақомоти Туркия ин пасларза худ як зилзилаи мустақил будааст.

Боронҳои сахт ва ҳавои сард дар баъзе минтақаҳо ба ҷараёни амалиёти наҷот ва бартараф кардани вайрониҳо мушкил эҷод мекунад. Интизор меравад шумораи қурбониён афзоиш ёбад.

Ба иттилои мақомоти Туркия 60 ҳазор нерӯи наҷотдиҳанда дар 10 вилояти зарардидаи ин кишвар хабар амалиётро идома дода истодаанд. Беш аз 3 ҳазор нафари онҳо нерӯҳои хориҷӣ аз 14 кишвар ҳастанд.

Фуат Октой, муовини президенти Туркия мегӯяд, то кунун беш аз 8 ҳазор нафар аз зери вайронаҳо берун оварда шудааст. Ҳудуди 380 ҳазор нафар дар паноҳгоҳҳо ё меҳмонхонаҳо ҷой дода шудаанд. Шумори захмиҳо дар Туркия наздики 27 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия рӯзи сешанбе эълон кард, ин зилзила зиндагии 23 миллион нафар аз аҳолии 85-миллионии ин кишварро таҳти таъсир қарор додааст. Ӯ барои 7 рӯз мотами миллӣ эълон кард ва барои танзиму идора кардани паёмадҳои зилзила дар 10 вилоят ба муддати се моҳ вазъияти фавқулодда эълон намуд.

Наздики 30 кишвари ҷаҳон барои кӯмакрасонӣ ба Туркия ва Сурия гурӯҳҳои наҷотдиҳандагони худро фиристоданд. Аз ҷумла, Тоҷикистон эълон кард, ки шоми имрӯз 50 нафар наҷотдиҳандаро барои кӯмак сафарбар мекунад. Ҳамчунин ба осебдидагон либосу хӯрок фиристода мешавад.

Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки дар ҷустуҷӯи роҳҳои фиристодани кӯмакҳои инсондӯстона ба шимолу ғарби Сурияро дорад. Ин минтақа таҳти назорати мухолифони ҳукумати Башор Асад аст. Дар ин ҷо миллион нафар дар фақр ба сар мебаранд ва барои зинда мондан ба кӯмакҳои башардӯстона ниёз доранд.

Туркия низ шумораи зиёди нерӯ дар минтақаи марзӣ бо Сурия дорад ва артишро вазифадор кардааст, ки барои осебдидагон ва бехонумонҳо паноҳгоҳ ва бемористони саҳроӣ бисозад.

Ба гуфтаи Вазорати тандурустии Сурия, шумори ҷонбохтагон дар минтақаҳои зери назорати ҳукумати Сурия ба беш аз 800 нафар расидааст. Бинобар оморҳо, дар минтақаҳои зери назорати мухолифони Башор Асад шумораи қурбониён бештар аст.

Skip to toolbar