Қурби рубли русӣ дар баробари сомонӣ коҳиш ёфт

Қурби рубли русӣ дар баробари сомонӣ ба 9 соли пеш баробар шуд.

Мувофиқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон субҳи 28-уми ноябр 1000 рубли русӣ ба 96,3 сомонӣ баробар аст.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта 1000 рубли русӣ ба 106 сомонӣ баробар буд.

Қурби рубли Русия давоми соли равон дар баробари сомонӣ 20% коҳиш ёфтааст.

Коҳишёбӣ ва гароншавии қурби рубл ба зиндагии сокинони Тоҷикистон таъсир мерасонад, зеро шаҳрвандони кишвар асосан барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия мераванд ва пеш бурдани зиндагии оила бештар аз маблағи мефиристодаи онҳо вобаста аст.

Skip to toolbar