Ширкату ҳавопаймоии русиягии “Уральские авиалинии” дар Тоҷикистон барои мусофирони худ маркази тамосро роҳандозӣ намудааст. Тамос ба Call Centre ройгон буда, он ба ҳама саволҳои мусофирон ҷавоб мегӯяд.
Бо маркази тамос метавон тариқи рақами +992 77-777-0808 пайваст шуд, хабар медиҳад маркази матбуотии ин ширкат. Марказ ҳамарӯза аз соати 08:00 то 18:00 фаъолият мекунад.
Дар хабар қайд мешавад, ки кормандони хадамот бо забонҳои тоҷикиву русӣ ба мусофирон дар харидории чипта, фармоиши хизматрасонии иловагӣ, ислоҳи хатогиҳо дар билет кумак мекунанд.
Инчунин кормандон ба мусофирон дар бораи қоидаҳои вуруд ба Русия машварат медиҳанд.
Ин ширкати русӣ ба се фурудгоҳи байналмиллалии Тоҷикистон: Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб аз 22 шаҳрҳои Русия ё баръакс парвоз анҷом медиҳад.
Дар сомонаи ширкат гуфта мешавад, ки мусофирон метавонанд бо ҷадвали парвозҳо ва нархи билети парвоз дар сомонаи ширкат шинос шаванд.
Зиёда аз 75 парвоз дар як ҳафта
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Сафорати Русия дар Тоҷикистон аз 31-уми август, шумораи парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Русия бамартотиб зиёд карда шуд.
Ширкатҳои ҳавопаймоии “ЮтЭйр” ва “Сомон Эйр” миёни пойтахтҳои ду кишвар ҳамарӯза парвозҳои мунтазам анҷом медиҳанд.
Ҳамчунин ширкати русиягии Ural Airlines ҳар ҳафта аз Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ба Маскав, Санкт -Петербург, Екатеринбург, Жуковский, Қазон, Калуга, Краснодар, Красноярск, Липецк, Минеральные Воды, Нальчик, Нижнекамск , Нижний Новгород, Новосибирск, Перм, Ростов на Дону, Самара, Уфа ва Челябинск парвозҳои мунтазамро роҳандозӣ кардааст.
Ширкати дигари русиягии S7 Airlines (Сибир) ба нақша гирифтааст, ки ҳар ҳафта аз Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ба Маскав, Астрахан, Барнаул, Владивосток, Волгоград, Воронеж, Иркутск, Кемерово, Краснодар, Нижний Новгород, Омск, Оренбург, Саратов, Тюмень, Челябинск парвозҳои мунтазамро роҳандозӣ намудааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки бо роҳандозӣ шудани парвозҳои мунтазам то ҳол арзиши билетҳо ба самти Русия аз Тоҷикистон арзон нашудааст. Ин дар ҳолест, ки масъулин мегуфтанд, дар сурати пурра барқарор шудани парвозҳои мунтазам арзиши чиптаҳо 1 маротиба поин мешаванд.
То ҳол қисми зиёди шаҳрвандони кишвар ба Русия аз шаҳрҳои мухталифи ҳамсоякишвар-Ӯзбекистон истифода мекунанд, ки он ҷо нарзи парвозҳо нисбат ба Тоҷикистон бамаротиб арзон аст.