Дар Душанбе маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии “Бренди сол-2025” таҳти унвони “Қуллаи шараф” доир гардид. Ин озмун бори панҷум аст баргузор мешавад ва ин навбат он дар меҳмонхонаи навбунёди Crowne Plaza by IHG бо шукуҳ гузаронида шуд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ, ташкилкунандаи озмун Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибонро бо шумули доираи васеи соҳибкорон ва бахши хусусӣ қадрдонӣ кард.
Холиқзода Ҳоким, муовини якуми сарвазир, Неъматулло Ҳикматуллозода, ёрдамчии президети Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Абдураҳмон Абдураҳмонзода. Вазири рушди иқтисод ва савдо бо суханронии худ маросимро ифтитоҳ бахшида ғолибонро табрик гуфтанд.
Қайд гардид, ки пешбурди бренд барои соҳибкории хурду миёна ва ширкатҳо имконият медиҳад, то фаъолияти тиҷоратии худро боз ҳам равнақ диҳанд ва дар ин замина барои рушди иқтисоди кишвар тавассути рақобатпазир намудани молу маҳсулоти истеҳсолкардаашон дар бозори дохилӣ ва ҷаҳонӣ ҳиссагузор бошанд.
100 соҳибкор ва ширкатҳое, ки сазовори обрӯву эътибор ва эҳтироми истеъмолкунандагон гардидаанд, дар доираи маросими тантанавии ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии “Бренди сол-2025” бо ҷоизаҳо сарфароз гардиданд. Мутобиқи Низомномаи Озмун ҷоизаҳо ба иштирокчиён ва ғолибони озмун аз рӯи 14 номинатсия тақдим карда шуданд.
Ҳамчунин, дар номинатсияи “Марказҳои савдо”, “Фарҳанг ва санъат” ва “Хизматрасонӣ ва сервис”, ҶДММ “Аломат” зери бренди “YOUR.TJ” бо сипосномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷоизаи тилоӣ қадрдонӣ гардид.
Дар рафти маросими ҷоизасупорӣ сарояндагони шинохта ва боистеъдоди ҷумҳурӣ, азҷумла, Зафар Абудалимов, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Ганҷина Тоҳирӣ ва Фаррух Ҳасанов ҳунарнамоӣ карда, табъи ҳозиринро шод намуданд.
Чорабинӣ бо гирифтани акси хотиравӣ ва хӯроки шом ҷамъбаст шуд.
