Ҳукми абад ба гунаҳкор дар таҷовуз ва қатли Ҳувайдо

Падари Ҳувайдо аз қарори нав изҳори қаноатмандӣ кардааст, вале ҷинояткор баъди содир шудани ҳукми нав эътироз намудааст.


Қотили духтарчаи панҷсолаи тоҷик дар Русия

Акс аз ТАСС

Александр Сёмин, гунаҳкори таҷовуз ва қатли Ҳувайдо Тиллозода, духтараки 5-солаи тоҷик дирӯз, 13-уми сентябр бо ҳукми Суди зинаи кассатсионӣ ба ҳабси абад маҳкум шудааст.

Дар ин бора Шавкатҷон Умаров, адвокати падари Ҳувайдо ба Радиои Озодӣ хабар додааст.

Манбаъ гуфтааст, қарори зинаи аввал дар бораи 24 сол маҳрум кардани Александ Сёмин бекор шуда, ӯ “ба ҳабси абад” маҳкум шуд.

Ҳукми аввали суд 15-уми марти имсол содир шуда буд ва наздикони Ҳувайдо аз он норозигӣ доштанд.

Гуфта мешавад, бар асоси қонунгузории Русия, баъди қарори зинаи дуюм ҳукм ба иҷро медарояд. Аммо Александр Сёмин ҳақ дорад, то шаш моҳ аз болои қарори зинаи кассатсионӣ шикоят барад. Худи ӯ баъди содир шудани ҳукми нав эътироз кардааст.

Падари Ҳувайдо аз қарори нав изҳори қаноатмандӣ карда, аз ҳамаи онҳое, ки давоми қариб панҷ соли ахир ӯро дастгирӣ карданд, изҳори сипос намудааст.

Ёдрас мекунем, ки Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуд. Як рӯз пас ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд.

Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист. Ташхиси судиву тиббӣ нишон дод, ки нахуст ба номуси ӯ таҷовуз шуда, сипас духтарча бо корд кушта шудааст.

Таҷовуз ва қатли Ҳувайдои 5 – сола яке аз ҳодисаҳои пурсарусадо дар Тоҷикистон ва расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ буд. Аммо ба далелҳои номаълум қариб панҷ сол кашол ёфтани мурофиаи он нигарониҳо дар мавриди таъмини адолатро ба бор овардааст.