“Turkish Airlines” дар Душанбе хизматрасониҳои ройгони худро муаррифӣ кард

Ширкат барои мусофирони тоҷик хизматрасониҳои ройгони меҳмонхонаҳои таваққуфиро пешниҳод мекунад.


Ширкати “Turkish Airlines” мусофиронро барои кашф кардани муъҷизаҳои нодири Истанбул бо хизматрасониҳои ройгони меҳмонхонаҳои таваққуфӣ даъват мекунад.

Муаррифии ин хизматрасониҳо дар Душанбе баргузор гардид.

Ширкати “Turkish Airlines” ҳамчун ширкати ҳавопаймоие, ки бештар аз ҳама кишварҳоро бо ҳам мепайвандад, имкони кашфи Истанбул – маркази пайванди ҷаҳон ва муъҷизаҳои беназири он бо хизматрасонии таваққуфӣ ба мусофироне, ки муддати тӯлонии интиқол доранд, пешниҳод мекунад.

“Turkish Airlines” мусофиронеро, ки муҳлати пайвасти ихтиёрии на камтар аз 20 соат дар Истанбулро доранд, барои як шаб бо ҳуҷра дар меҳмонхонаи 4-ситорадор барои Эконом-Класс ва 2 шаб дар меҳмонхонаи 5-ситорадор барои Бизнес-Класс таъмин мекунад. Мусофирон инчунин метавонанд муҳлати будубоши худро тамдид кунанд.

Мувофиқи ин хизматрасонӣ мусофирон метавонанд, дар Истанбул таваққуф намоянд ва аз зебоиҳои ин шаҳри афсонавӣ баҳра бигиранд.

Инчунин дар рафти муаррифӣ қайд гардид, ки акнун шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд осон ва дар муддати хеле кӯтоҳ – 2 ё 3 рӯзи корӣ раводиди Туркияро ба даст биёранд.

Мусофирон метавонанд ҳадди ақал 72 соат пеш аз парвози аввалини худ дар сомонаи www.turkishairlines.com  бо маълумот дар бораи насаби дар PNR буда, ё тавассути ирсоли дархостҳояшон ба суроғаи почтаи электронии FREEHOTELTAJIKISTAN@THY.COM фармоиш диҳанд.

Дар фарҷоми маросими муаррифии хизматрасониҳои нави “Turkish Airlines” ду нафар чиптаи сафар ба Туркия бурд намуданд.

“Turkish Airlines” яке аз бузургтарин ширкатҳои ҳавопаймоии ҷаҳон ба ҳисоб рафта, ба беш аз 120 кишвар парвоз анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки аз 20-уми апрел Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ кард.

Қаблан сафорати Туркия дар Тоҷикистон хабар дода буд, ки шурӯъ аз 5 август дархостҳо барои раводиди Туркия дар маркази раводид қабул карда мешаванд.

Тибқи иттилои сафорати Туркия, барои дарёфти раводид таъйиноти пешакии вақт лозим нест. Дархостҳо барои раводид дар давоми соатҳои корӣ дар маркази раводид пешниҳод карда мешаванд.

Барои гирифтани маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба маркази раводиди ҶДММ ABC муроҷиат кардан мумкин аст (реҷаи корӣ: душанбе-ҷумъа аз соати 9:00 то 17:00)

Суроға: Маркази тиҷоратии “Созидание”, кӯчаи Айнӣ №48, бинои Б, ошёнаи 2
Телефон: +(992) 991-23-99-99
Сомонаи интернетӣ: https://abcvisa.net/
Почтаи электронӣ: dushanbe@abcvisa.net
📱Instagram: abc.visa.tj
📞 WhatsApp:+992 99 123 9999