Толеъбаланд. Чӣ тавр ҷавони тоҷик аз деҳоти Бадахшон ба Амрико рафт

Сафар кардан ба Амрико тавассути лотареяҳои Green Card, яке аз роҳҳои маъмул барои мардуми тоҷик шудааст. Вале бахт ба рӯи ҳар шахс намехандад. Бурди лоторея ба Имомдод Ғафорхонови 25 сола даст дод, ки ӯ ҳоло дар иёлоти Чикагои Амрико кору зиндагӣ дорад.

Имомдод Ғафорхонов зодаи деҳаи Ямчуни водии Вахон аст. Аз овони мактабхонӣ дар дил орзуи  дар Амрико таҳсилу фаъолият карданро мепарвардид. Соли 2016 Имомдод бо кӯмаки бародару хоҳараш лотореяи Green Card  пур мекунаду, пас аз як сол ҷавоби мусбат мегирад.

“Бисёр хоҳиш доштам дар Амрико таҳсил кунам, вале имкон даст надод. Хоҳару бародарам маҷбурам карданд, ки корти сабз пур кунам, вале ман дар аввал рад кардам, чун одамонеро медонистам, ки тӯли 5 – 10 сол пур мекарданд, вале боре ҳам ҷавоби мусбат нагирифтанд. Билохира корти сабзро пур кардаму бовари надоштам, лекин тақдирам баланди карду корти сабзро (Green Card) бурд кардам. Чунон хурсанд шудам, ки бо сухан фаҳмонидан мушкил”, – ба хотир меорад ҷавон.

Орзуҳо амалишавандаанд

Он замон Имомдод донишҷӯи бахши чорумии Донишгоҳи славянӣ буду дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе ризокор шуда, фаъолият мекард. Дар маркази Исмоилия бо як марди афғон, ки барои саёҳат аз Амрико ба Тоҷикистон омадааст, шинос мешавад. Имомдод ба ӯ оди бурди лоторея нақл мекунад.

“Аз бурди лоторея аз тарафе хушбахт будаму аз тарафи дигар фикри дар кишвари бегона макони зисту ҷои кори муносиб ёфтан, азиятам медод. Рӯзе бо Фаррух ном марди афғон дар марказ шинос шудам. Ӯ дар Амрико зиндагӣ мекардааст. Хело дар бораи Амрико гап задему аз бурди корти сабз нақл кардам, Фаррух ба ман ваъда дод, ки дар Амрико бо ҷои хоб таъминам мекунад”, – нақл мекунад, Имомдод.

Ин масъаларо Имомдод ба хонаводааш нақл мекунад. Онҳо дар ташвиш мешаванд, ки чӣ тавр як шахси бегона ва аз дигар қавму миллат барои кӯмак ба шахсе, ки дар умраш надидааст, кӯмак мерасонад.

“Хонаводаам, тавсия доданд, ҳушёр бошаму ба умеди ҳарфу ваъдаи ҳар кас нашавам. Пас аз хатми донишгоҳ маро ба Қазоқистон барои мусоҳиба даъват карданд. Мусоҳиба бо мувафақият анҷом ёфт. Бо дуои падару модар роҳ пеш гирифтам ба сӯи кишвари орзуҳо”, – мегӯяд қаҳрамони мо.

Дӯсти аҷнабӣ ба қавлаш вафо кард

Толеъи Имомдод баландӣ мекунаду рӯзи ба Амрико расиданаш, Фаррух нафареро ба пешвозаш равон мекунад. Ӯ шабро дар хонаи он мард рӯз карда, сӯбҳ ба назди Фаррух ба шаҳри Айова меравад. Дар роҳ чанд маротиба роҳгум мезанаду билохира худро ба хонаи Фаррух мерасонад.

“То ёфтани хонаи Фаррух чанд маротиба роҳгум задам, вале нотарсида роҳамро давом додам. Ахиран ба манзили дӯсти аҷнабиам расидам.  Фаррух дар як ҳавлии дуошёна бо ҳамсараш танҳо зиндагӣ мекард.  Маро дар ошёнаи якум ҷой доданд. Рӯзи дигар аз пайи ба тартиб овардани ҳуҷҷатҳоям шудам.

Айова шаҳри наонқадар маъмули Амрикост, ҷавонҳои он аслан дар дигар шаҳрҳо таҳсилу зиндагӣ мекунанд. Шаҳр ором ва қисмати зиёди аҳолии онро калонсолон ташкил медиҳанд.

Ҷавони меҳнаткаш

Гарчанде ки ба зудӣ дуруст кардани ҳуҷҷату кор ёфтан барои як мусофири нав омада осон нест, Имомдод бо кумаки Фаррух пас аз се рӯз ба кор мебарояд.

“Аввал корам аз ниҳолшинонию дарахтбурӣ ва дарсозию тирезасозӣ иборат буд. Дар як рӯз 10 соат кор мекардам ва 8-10 доллар музди яксоатаам буд. Бисёр мехостам ба ҳайси ронандаи таксӣ фаъолият намоям, вале аз сабабе, ки ҳуҷҷати тоҷикӣ ва таҷрибаи ками ронандагӣ доштам, наметавонистам ронандагӣ кунам.

Баъд аз омода гаштани ҳуҷҷатҳоям дар ҷустуҷӯи кори беҳтаре шудам. Хушбахтона, дар сохтмоне ба кор шурӯъ кардам, ки 15 доллар маоши яксоатаам буд. Баъдан дар мағозае кор ёфтам, аз соати 6- и субҳ то 5- и бегоҳ дар мағоза ва аз соати 10 бегоҳ то 4- и субҳ бошад дар сохтмон кор мекардам.  Ин ҳол то 6 моҳ давом дошт, ки қариб хоб карданро фаромӯш карда будам”, – мегӯяд, Имомдод.

Имомдод тӯли шаш моҳ дар ду баст кор мекарду ҳар субҳ бо дучарха то ҷои кораш мерафт. Ин барояш каме мушкил буд аз ин рӯ мошин мехарад. Акнун ӯ бо мошини шахсиаш ба кор мерафт. Ин ҳама аз меҳнаткашиву қавииродагии як ҷавони кӯҳистонӣ шаҳодат медиҳад.

Шиносоӣ бо ҳамватанони муқими Амрико

Пас аз оне, ки Фаррух бо ҳамсараш ба дигар шаҳри Амрико сафар мекунад, Имомдод ба хонаи иҷора мегузарад.

“Дар аввал хонаи иҷора хеле дилгиркунанда буд, чун бо Фаррух алакай одат карда будам, марди бисёр хубе буд. Баъдан бо гузашти замон бо чанд ҳамватан, ки чандин сол боз муқими Амрикоянд шинос шудам.

Ҳамватанони мо дар шаҳри Миниаполис бештар зиндагӣ мекунанд ва ман гоҳе фориғ аз кор ба зиёрати онҳо мерафтам. Воқеан хеле ҳам самимӣ буданд. Ҳарҷое ҳамдиёре ҳаст, роҳату неъруе ҳаст”, – мегӯяд Имомдод.

Қаҳрамони мо барои гузаронидани Соли нав ҳамроҳи дӯстонаш ба шаҳри Чикаго мераванд. Онҷо боз бо чандин ҳамватанони дигар шинос мешавад. Онҳо ба ӯ пешниҳод медиҳанд, ки ба иёлоти Чикаго бикӯчаду ҳаминҷо кору зиндагиашро идома диҳад.

“Ҳамин тавр аз шаҳри Айова ба Чикаго манзил иваз намудам, чун инҷо имкониятҳо барои пешрафт бештар буд. Дар он ҷо дар тарабхонае ба кор даромадам, забондониам аз пештара хеле беҳтар шуда буд. Ҳамакнун озодона фикрамро баён мекардам. Дар ин ҷо аввал ошпазӣ мекардам. Тарзи омода намудани хӯрокҳои гуногунро омӯхтам. Баъди чанд моҳи фаъолият дар тарабхона ба вазифаи хазинадор гузаштам, зеро кору кирдорам ба роҳбарон писанд омада буд.

Ронандагӣ

Имомдод бисёр мехост, ки мошини боркаше гираду ба боркашонӣ машғул шавад, чун аз ин кор даромади бештаре ба даст овардан мумкин буд. Ӯ тасмим мегирад ки курси ронандгӣ равад. Се моҳ таҳсил карда, соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ мешавад. Акнун Имомдод ба кори орзу мекардааш гузашт.

“Беҳтарин кор рондани мошинҳои боркаш аст, зеро касе ба ту коре надорад. Худат ба худат роҳбар ҳастӣ. Ман аз ҳисоби пасандозҳоям мошини боркаше харидам. Ҳоло ба боркашонӣ машғулам ва маблағи хубе ба даст меорам”, – мегӯяд, Имомдод.

Зиёрати хонаи Худо

Қаҳрамони мо аз хӯрдӣ нияти зиёрати хонаи Каъбаро дошт, мебинад, ки алакай имконияти ба Макка рафтанро дорад, тасмим мегирад, ки ба сафар барояд.

“Аз кӯдакӣ орзуи зиёрати хонаи Худо Каъбаро низ дар дил мепарваридам. Мегӯянд, агар чизеро ки аз сидқи дил орзу кунӣ, ҳатман ба он даст меёбӣ. Ман низ баъди чанд соли корӣ, моҳи июли соли 2019 ба сафари Маккаи Мукаррама ба зиёрати хонаи Худо мушарраф шудам. Ин рӯйдод беҳтарин ҳадяи зиндагӣ ва хотирмонтарин лаҳзаҳои ҳаётам буданд”, – нақл мекунад, Имомдод.

Имомдод ҳоло дар шаҳри Чикагои Амрико бо мошинаш ба боркашонӣ машғул аст. Ҳар моҳе барои волидонаш маблағ мефиростонаду зиндагии худро пеш мебарад.

Ӯ аз дастгирии аҳли хонавода ва ҳамватанони муқими Амрико хеле миннатдор аст ва некиҳои дар ҳаққи худ дидаро асло фаромӯш карданӣ нест. Имомдод дар оянда мехоҳад шаҳрвандии Амрикоро соҳиб шуда, ба тиҷорату соҳибкорӣ дар Тоҷикистон низ машғул шавад.

“Агар дастгирии аҳли оилаам ва дӯстон намебуд, ҳоло ман дар Амрико намебудам”, – мегӯяд, Имомдод.

Оламбегим Некқадамова, хатмкардаи Академияи рӯзноманигори навкор аз Your.tj  

Skip to toolbar