Тоҷирони бозори “Султони Кабир” ба бозори “Кушониён” кӯчонида мешаванд

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мақомот ҳодисаи тирпаррониро таҳқиқ доранд

Дар пайи муноқишаи шоми рӯзи 16-уми декабр дар ҳудуди деҳаҳои марзии шаҳри Исфараи Тоҷикистон ва ноҳияи Ботканди Қирғизистон, мақомот ба таҳқиқи сабабҳои он пардохтааст. Аз Раёсати Қушунҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳоло як ҳайати баландмақоми ин ниҳод бо шумули сардори раёсат дар шаҳри Исфара қарор ва вазъиятро баррасӣ доранд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, ки рӯзи 16-уми декабр дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон тирандозӣ рух додааст. Ҷониби Қирғизистон гуфт, миёни марзбонони Тоҷикистон бо шаҳрвандони Қирғизистон баҳси лафзӣ бархоста ва “дар ниҳоят яке аз марзбонони Тоҷикистон аз таппончаи Макаров ба ҳаво тир кушодааст”. Ҳодисаро чанде аз сокинони ҷамоати Чоркӯҳ ва массъулони ҷамоат низ тасдиқ карданд, вале гуфтанд, касе зарар ё ҷароҳат набардоштааст.

Тоҷирони бозори “Султони Кабир” ба бозори “Кушониён” кӯчонида мешаванд

Тоҷирони бозори “Султони Кабир” дар шаҳри Душанбе ба бозори навбунёди “Кушониён” кӯчонида мешаванд. Дар ин бора дар мулоқоте, ки бо ҳузури масъулони шаҳрдории Душанбе бо соҳибкорони бозори “Султони Кабир”, ки  имрӯз, 17 декабр дар бозор гузашт, гуфта шуд.

Умед Гуреззода муовини раиси шаҳри Душанбе, дар ин мулоқот гуфт, аллакай бештар аз 600 соҳибкори бозори “Султони Кабир” барои рафтан ба бозори Кушониён ариза додаанд. Ба гуфтаи ӯ, ба соҳибкорон се моҳ- аз якуми март то моҳи июн имтиёз дода мешавад, аз ҷумла онҳо аз пардохти иҷорапулии бозор ва дигар хароҷотҳо озод мебошанд.

– Бозори Кушониён омода аст аз ҳамин моҳ қабули соҳибкоронро оғоз кунад ва соҳибкорон имкон доранд аз рӯзи омадан то 1 июн иҷорапулии бозор ва дигар хароҷотҳоро дар ҷойи нав насупоранд. Соҳибкороне ки дар муҳлати ниҳоӣ – 1 март низ ба бозори “Кушониён” мераванд, онҳо низ аз пардохти ҳама хароҷотҳо озод мебошанд,- гуфт Гуреззода.

Дар вохурӣ раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Самӣ Шарифзода, раиси Бозори “Кушониен” Муҳаммадшоҳ Давлатшоҳзода, Фатҳиддин Усмонзода раиси ноҳияи Фирдавсӣ ва худи молики бозор Аваз Кабиров ширкат карданд.

Аваз Кабир дар вохурӣ аз соҳибкорон дархост кард, ки ҳарчӣ зудтар ба бозори “Кушониён” кӯч банданд, чунки дигар роҳ нест ва дар дар сурати таъхир, онҳо аз нигоҳи молӣ зарар мебинанд..

Вале гуфт, агар мехоҳанд то 1 март муҳлати ниҳоӣ дар бозор фаъолият кунанд, маблағи иҷорапулӣ ва молиётро пардохт намоянд. Дар акси ҳол масъулини бозор маҷбур мешаванд, аз муҳлати ниҳоӣ пештар дари онро ба рӯи соҳибкорон банданд. Чунки аз сабаби напардохтани маблағ онҳо аллакай зарари молӣ дида истодаанд.

Тоҷикистон гирифтани вояи сеюми ваксинаи COVID-19-ро барои шахсони осебпазир баррасӣ мекунад

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, масъалаи задани ваксинаи саввум ба гуруҳҳои осебпазир дар баробари бемории COVID-19-ро баррасӣ мекунанд, вале қабл аз он бояд, бояд на камтар аз 60 дарсади мардум ду ваксинаи заруриро бигиранд.

Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти беҳдоштии вазорати тандурустӣ рӯзи 17-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Дар вазорат гуруҳи мустақил оид ба масъалаи иммунизатсия (ваксинзанӣ) амал мекунад ва он танҳо сари ваксинатсияи COVID, балки дигар ваксинаҳо сару кор дорад. Дар масъалаи бо вояи саввум фаро гирифтани гуруҳҳои осебпазир баррасиҳоро оғоз кардаанд.”

Ба гуфтаи намояндаи вазорат, ҳоло ҳадаф то ба бештар аз 60 дар сад расонидани теъдоди мардумест, ки барои эмин мондан аз хатари СOVID-19 ваксина гирифтаанд ва баъди гузаштан аз ин марҳила мумкин аст, ваксинзании гуруҳҳои осебпазир ба мисли пиронсолон оғоз шавад.

Наврӯз Ҷаъфаров гуфт, тибқи тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар он кишварҳое, ки бештар аз 60 дар сади аҳолии осебпазир дар назди беморӣ ваксина гирифта бошанд, метавонанд, ба мардум ваксинаи саввумро, ки масунияти баданро тақвият мебахшад, пешниҳод кунанд.

Сабаби аз ҳаракат бозмондани автобусҳо дар Хуҷанд маълум шуд

Дар шаҳри Хуҷанд аллакай се рӯз инҷониб автобусҳо ба хатсайрҳо намебароянд. Сабаби қатъи кори нақлиёт ба камбуди сӯзишвории дизелӣ (солярка) дар шаҳр вобаста буда, лекин ин мушкил қариб ҳал шудааст, гуфтааст Музаффар Раҳимхоҷаев, директори КВД “Нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд”.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз, 17 декабр ё пагоҳ 40 автобус дар се хатти мусофирбари шаҳр ба равуо оғоз мекунанд.

“Сабаби бозистии кори автобусҳо ба норасоии сӯзишворӣ рабт дорад, лекин мо аллакай бо ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ ба мувофиқа расидем ва имрӯз ё пагоҳ автобусҳо ба кор мебароянд. Сӯзишвориро мо аз ҳисоби буҷети мақомоти маҳаллии идоракунӣ мехарем”, – иброз дошт вай.

Дар ҳамин ҳол, ӯ эътироф намуд, ки корхона ба ширкатҳои таъминкунанда қарздор буда,  ин қарз гӯё аз роҳбарони пешинаи КВД “Нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд” боқӣ мондааст.

Ифшои маблағи қарзро Раҳимхоҷаев рад кард. Лекин хотиррасон намуд, ки тайи ним соли ахири кори ӯ ба ҳайси роҳбари КВД қарзҳои нав ба шииркатҳои таъминкунанда пайдо нашудааст.

Ба қавли номбурда, айни замон корхона рӯйи ба роҳ мондани ду хати нави мусофирбар дар шаҳр кор мекунад. Эҳтимол автобусҳо ба ин хатҳо пас аз соли нав ба равуо шурӯъ кунанд.

Skip to toolbar