fbpx

Нақби “Истиқлол” боз таъмир ва ҳаракат дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд мешавад

Корҳои таъмирию- барқароркунӣ 10 рӯз идома мекунанд.  


0
Акс аз Маркази матбуотии IRS

Дар нақби “Истиқлол” бинобар оғози корҳои таъмирӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз ҳарду ҷониб пурра қатъ мегардад. Дар ин бора Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон бо нашри як эълон хабар додааст.

Бино ба иттилои ин ниҳод, корҳои таъмиру таҷдид аз 20 декабр оғоз гардида, ҳаракати нақлиёт аз соати 9:00 то 13:00 дар роҳи Душанбе-Хуҷанд пурра қатъ мегардад.

Корҳои таъмирию- барқароркунӣ 10 рӯз идома мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамчунин тобистони соли ҷорӣ ҳаракати нақлиёт дар ин нақб маҳдуд шуда буд. Он замон масъулин гуфта буданд, ки корҳои таъмиру азнавсозӣ то 3 моҳ идома ёфта, насби камераҳои назоратӣ ва ҳавотозакунакҳо дар назар аст.

Аз сохтмон то мушкилоти нақби “Истиқлол”  

Нақшаи сохтумони нақби (тоннели Анзоб) автомобилгарди ағбаи Анзоб (дар роҳи Душанбе – Хуҷанд) дар даврони шӯравӣ кашида шуда буд. Солҳои 1982 – 1991 ҳамагӣ 317 метри нақб канда шуда буд.

Сохтмони нақби “Истиқлол” соли 1998 бо кӯмаки молиявии Эрон оғоз шуда буд.

Дарозии нақби  “Истиқлол” 5040 метрро ташкил медиҳад. Сохтмони он аз ду ҷониб – шимол ва ҷануб оғоз шуда, моҳи марти соли 2006 ба охир расид. Ҳаҷми маблағгузорӣ – $39 млн. аз ҷумла $10 млн. – ёрдами гранти Эрон, $7,8 млн. – малағгузории Ҳукумати Тоҷикистон ва $21,2 млн. – қарзи (кредит) Эрон.

Ифтитоҳи расмии нақби “Истиклол” 26 июли 2006 бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти онвақтаи Эрон Маҳмуд Аҳмади Наҷот баргузор шуда буд. Вале аз сабаби хатоиҳо дар рафти сохтмон аз нақб об ҷорӣ мешуд.

Моҳи апрели соли 2014 корҳо оид ба анҷоми мушкилиҳои дар нақб ба вуҷуд омада аз сар гирифта шуданд, аммо пас аз чанде бо далели набуди маблағ боздошта шуданд.

Ҳукумати Эрону Тоҷикистон ба тавофуқ расиданд, ки барои анҷоми корҳои боқимонда 6 миллион доллар ҷудо намоянд. Ҷонибҳо уҳдадор шуданд, ки барои он 3 миллион долларӣ ҷудо мекунанд. Вале ин созишнома пас аз сард шудани муносибати ду кишвар то соли 2019 ба таъхир афтод.

Баъдан, моҳи январи соли 2019 ҷонибҳо созишномаи нав ба имзо расониданд, ки дар он маблағи барои марҳилаи дуюми лоиҳаи сохмон ҷудомешуда 11 млн долларро ташкил дод. Созишномаи дахлдор миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Ширкати рушди манобеъи об ва энержии Эрон дар моҳи январи соли гузашта имзо шуда буд.

Кишвари Эрон барои анҷоми сохтмони нақб маблағи 5,5 миллион доллар кумаки ройгон медиҳад ва боқимонда 5,5 млн доллари дигарро ҷониби Тоҷикистон пардохт мекунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend