Тоҷиконро дар Ӯзбекистон дувумин маҷмӯаи бузурги қавмӣ эътироф карданд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

ВКД фарзияи куштори мудҳиш дар Ҷайҳунрор гуфт. Наздикони гумонбар: “Ӯ бегуноҳ аст”

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар барномаи телевизиониаш хабар дод, ки куштори аъзои оилаи Аҳлиддин Маҳмадовро ошкор кардааст. Дар гузориши ВКД Қиёмиддин Насриддинов – шахсе, ки ӯро гумонбари асосӣ дар куштори 12 июн дар ноҳияи Ҷайҳун муаррифӣ кардаанд, мегӯяд, ки гӯё сабаби асосии куштори мудҳиш доштани робитаҳои маҳрамонаи Маҳмадов бо ҳамсари дӯсташ Маҳмадғаюр Ҳайбуллоев будааст

Дар гузориши видеоии ВКД боздоштшуда Насриддинов мегӯяд, ки «бо маслиҳати пешакӣ бо Ҳайбуллоев даст ба ин ҷинояти сангин задаанд».

Ҳодиса 12 июн рух дод. Он замон мақомот гуфтанд, ки шахсони номаълум ба хонаи як сокини ноҳия Аҳлиддин Мамадови 39-сола даромада, қасди куштори 6 нафар аъзои оиларо карданд. Онҳо бо табар ба чор фарзанд, худи Аҳлиддин Маҳмадову ҳамсараш дарафтоданд ва баъди ҳамла хонаро оташ зада, аз ҷои ҳодиса ғайб заданд.

Пайвандони Қиёмиддин Насриддинов ва Маҳмадғаюр Ҳайбуллоев иддао доранд, ки онҳо шиканҷа шудаанд ва эҳтимол зери фишор гуноҳро ба гардан гирифтаанд.

Тоҷикон 1,7 миллион: Ӯзбекистон омори таркиби қавмии ин кишварро нашр кард

Ӯзбекистон баъди солиёни зиёд омори таркиби қавмии ин кишварро нашр кард, ки бар асоси он тоҷикон 1,7 миллион ҳисоб шуда ва бори нахуст дувумин маҷмӯаи бузурги қавмӣ эътироф шудаанд .

Бар асоси ин омор дар Узбекистон аз ҳама маҷмӯаи бузурги қавмӣ ӯзбекҳо ҳисоб шудаанд, ки шумораашон ба 29 миллион расида ва аз 34,86 миллион 84 дар сади аҳолии ин кишваро дар бар мегиранд. Дар муқоиса бо охирин нуфусшумории Шӯравӣ дар соли 1989 шумораи ӯзбекҳо дар Ӯзбекистон ду баробар зиёд шудааст.

Бар асоси омори нави Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон тоҷикон дувумин гуруҳи қавмии бузург ва миллионии ин кишвар мебошанд, ки шумораашон 1,7 миллион гуфта шудааст.

Тибқи ин омор тоҷикҳо аз 0,9 миллион мардум дар соли 1989 ва 1,2 миллион дар соли 2000 бори нахуст ба ба дувумин қавми бузурги ин кишвар мерасанд. То ин вақт русҳо дувумин қавми бузурги Ӯзбекистон гуфта мешуданд.

Ҳизби демократи Тоҷикистон Толибонро як гурӯҳи “харобкор” номид

Ҳизби демократи Тоҷикистон бо нашри як баёния аз забт шудани ҳукумат дар Афғонистон аз сӯи Толибон, ибрози нигаргонии амиқ намудааст. Дар ин баёния, ки шӯрои сиёсии ин ҳизб рӯзи 19-уми август нашр кард, Толибон як гуруҳи “харобкор” унвон шудааст.

Ҳизб аз Вазорати корҳои хориҷӣ хостааст, барои паноҳандагони афғон виза ва дигар аснодро ройгон таъмин кунад, то онҳо тавонанд наҷот ёбанд.

Ҳизби демократ аз ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти милиса ва амният хостааст бо паноҳандагон аз Афғонистон муомилаи шоиста ва бародарона кунанд.

Мақомоти давлатии Тоҷикистон то кунун дар робита ба ҳодисаҳои ахири Афғонистон ба таври расмӣ ибрози назар накарданд. Чанд руз пеш Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як хабарнома омадани президент Ашраф Ғанӣ ба кишварро рад кард.

Шаҳри Кобул — пойтахти Афғонистон рузи якшанбеи 15-уми август ба тасарруфи Толибон даромад. Дар ҳоли ҳозир тамоми қаламрави ин кишвар ба ҷуз вилояти Панҷшер дар ихтиёри Толибон қарор дорад. Ҳамакнун талошҳо барои ташкили як ҳукумати ҳамашумул дар ин кишвар идома дорад.

Духтари президенти пешин Раҳмон Набиевро аз хонаи падараш ронданд

Мунаввара Набиева, духтари Раҳмон Набиев, нахустин президенти ба таври умумихалқӣ интихобшудаи Тоҷикистон, рӯзи 20 август аз манзили падарияш дар шаҳри Душанбе берун карда шуд. Вай ин амалро як барномаи тарҳрезишуда ва зиддиқонунӣ меномад.

Аммо судиҷрочиёни шаҳри Душанбе, ки Мунаввараро аз ин маскан берун карданд, мегӯянд, танҳои ҳукми додгоҳро ба ҷой овардаанд ва бино бар он Мунаввара Набиева ҳаққи зиндагӣ дар ин хонаро надорад. Онҳо мегӯянд, ҳукм бар пояи шикояти бародари Мунаввара, Рустам Набиев бароварда шудааст.

Дар ҳоле ки Мунаввара Набиева ин амалро тарҳи мақомот мешуморад ва ба манфиатдории раҳбарони ноҳия ишора мекунад, Шариф Самӣ, раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки ҳавлии Раҳмон Набиев дар ин ноҳия аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қазия як баҳси хонаводагӣ аст.

“Фарзанди Набиев даъво дорад, ки ин хонаи ӯст. Фарзандон бояд ба ҳам омада, ба хулосае расанд”, — гуфт раиси ноҳия.

Ба гуфтаи мақомот писари Раҳмон Набиев, Рустам талаб кардааст, ки Мунаввара Набиева аз ҳаққи зист дар ин манзил маҳрум карда шавад.

Роҳбар ва як масъули “дискотека”-и “Шоми Хатлон”-ро ҳабс карданд

Роҳбар ва назортачии маркази дилхушии “Шоми Хатлон” дар шаҳри Душанбе барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва иҷро накардани талаботи қонунии кормандони милитсия ба муҳлати 5-шабонарӯз ба ҳабсӣ маъмурӣ гирифта шуданд.

Дар ин бора, маркази матбуотии Раёсати ВКД дар пойтахт хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки масъулини тарабхона бо овози баланду гушхароши мусиқӣ ва дашному ҳақоратҳои мизоҷони худ оромии сокинонро халалдор ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаанд.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа, ки нисбати роҳбари тарабхона Миров Ғолибҷон ва назоратчӣ Шеров Сомон барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва иҷро накардани талаботи қонунии кормандони милитсия ҷиҳати батанзимдарории фаъолияти тарабхона  5-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин гардид.

Акмал Қодиров ягона намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Паралимпиадаи Токио

Варзишгари тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон оид ба армрестлинг Акмал Қодиров ягона намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Паралимпии Токио мебошад, ки аз 24 август то 5 сентябр баргузор мешаванд. Дар ин бозиҳо ӯ дар мусобиқаҳои варзиши сабук –  гулулапартоӣ иштирок мекунад.

Варзишгарро аз лиҳози молиявӣ ширкати «Formula 55» дастгирӣ кард. Пеш аз парвоз ба Ҷопон Акмал Қодиров изҳор дошт, ки ҳадафи аслиаш ба даст овардани медали Паралимпиада аст.

Акмал соли 2014 дар Лаҳистон (Полша) қаҳрамони ҷаҳон шуда, дар дигар мусобиқаҳои сатҳи байнулмилалӣ ва минтақавӣ низ борҳо пирӯзӣ ба даст овардааст.

Акмалро дар Токио мураббияш Зокирҷон Комилов ва роҳбари ҳайат Сиёвуш Илёсов ҳамроҳӣ мекунанд.