Ҳавои ифлос дар Душанбе

Тоҷикистонро боз хокбориш фаро мегирад

Аз 19 то 21-уми июл Тоҷикистонро боз ҳавои чангу ғубор фаро мегирад. Он аз ноҳияҳои ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ ба мамлакат ворид мешавад.

Дар ин муддат дар шаҳри Душанбе, навоҳии ҷанубу марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои ҷанубу шарқӣ ва ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои шимолии вилояти Суғд афзудани олудагиҳо дар ҳаво ба андозаи  10 мкм (Rm-10) ва 2,5 мкм (Rm-2,5) дар назар аст.

Ҳамчунин рӯзҳои 18 – 19-уми июл дар якчанд ноҳияҳои вилоятҳои Бадахшон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бар асари об шудани пиряхҳо хатари омадани сел боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҳангоми ҳаракат аз роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, ҳангоми ғунучини ҳезуму гиёҳҳои кӯҳӣ, моҳидорӣ ва шикор эҳтиёт намоянд.

Сокинони навоҳии кӯҳистону доманакӯҳҳо ҳангоми чорвочаронӣ дар наздикии соҳили дарёҳо бояд вобаста ба вазъ эҳтиёт намоянд.

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳои эҳтимолӣ сари вақт ҷӯйборҳо, каналҳо ва селроҳаҳои минтақа ва макони зисти худро аз ҳар гуна хасу хошок тоза кунанд, то оби сел бемамониат ба маҷрои бехатар ҷорӣ шавад.

Skip to toolbar