Муҳоҷири тоҷик ки зану кӯдакеро дар Русия аз сӯхтор наҷот дод

Тоҷикистоние дар Русия зану кӯдакро аз оташ наҷот дод

Бинокоре аз Тоҷикистон бо номи Манучеҳр дар Екатеринбург як зану кӯдаки хурдсолро аз сӯхтор наҷот дод. Ҳодиса 1-уми август ба амал омадааст, менависад “Азия-Плюс”.

“Дар ошёнаи 25-ум дар як хона зане бо кӯдаки ширмакаш зиндагӣ мекунад, ӯ мехост ширинӣ пазад, вале сӯхтор сар зад. Зан аз балкон дод зад. Коргаре, ки дар сохтмони ҳамсоя кор мекард, садои ӯро шунид ва дудеро, ки аз балкон мебаромад, дида, то омадани оташнишонон расида омад ва дари хонаро зад.

Сӯхторнишонҳо аз сабаби таваққуфи мошинҳо дар роҳ натавонистаанд ба ҷои ҳодиса бирасанд. Дар ин муддат сохтмончӣ тариқи сӯрохии дар кӯшиш кард ба оташ бо шланг об пошад”,- менависанд сокинони Екатеринбург дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Ба гуфтаи худи бинокор, ӯ ҳангоми сар задани сӯхтор дар паси девори бинои истиқоматӣ будааст. Мард мушоҳида кардааст, ки чи тавр як зан ба балкон баромада, дастонашро дароз карда, кӯдакашро нигоҳ медошт.

Манучеҳр бо болға дарро кушода, модару кӯдакро аз манзил берун мекунад. Баъди наҷот ба ҷои кораш баргашта, ба кораш идома медиҳад.

Дар яке аз гурӯҳҳои хабарии Екатеринбург таъкид карданд, ки амали ин мард имкон дод, ҳатто то омадани сӯхторнишонҳо, оташро зуд хомӯш карда, одамонро наҷот диҳад.

Манучеҳр барои зуд ба кӯмак шитофтан ва қаҳрамониаш мукофотонида шуд.

Skip to toolbar