fbpx

Дар мактабҳои Тоҷикистон ба истифодаи телефону планшет иҷозат медиҳанд

Дар ҳоле, ки ЮНЕСКО дар як гузориши худ ба кишварҳои ҷаҳон тавсия дод, то истифодаи смартфонҳоро дар мактабҳо манъ кунанд.


0
Истифодаи телефон дар мактаб
Акси марбута аз интернет

Тибқи як тағйирот ба қонуни маориф дар мактабҳои Тоҷикистон мехоҳанд истифодаи планшету телефон, ноутбук ва ҳатто интернетро иҷоза диҳанд. Дар ин бора Раҳим Саидзода Вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ таъкид кард.

Ӯ гуфт, дар доираи амалишавии ин лоиҳа ба Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф” тағйирот ворид карда мешавад.

“Тибқи он хонандагон имкон пайдо менамоянд, ки ҳангоми дар муассисаи таълимӣ будан аз воситаҳои техникӣ васеъ истифода баранд”,- афзуд Саидзода.

Ба гуфтаи ӯ ин тасмим дар асоси таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ амалӣ  шуда, ба хонандагон имкон медиҳад, ки барои дарёфти мавзуи  зарурӣ ҳар лаҳза аз дилхоҳ техника истифода намоянд.

“Дар ин замина шуруъ аз соли гузашта тамоми китобҳои дарсие, ки барои хонандагони синфҳои аз 1 то 11 пешбинӣ шудаанд, ба таври электронӣ дар сомонаҳои зертобеи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҷой дода шудаанд ва хонандагон метавонанд аз он истифода намоянд”, – гуфт Раҳим Саидзода.

Дар Тоҷикистон аз соли 2009 истифодаи смартфонҳо дар мактабу донишгоҳҳо манъ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш бахши махсуси СММ оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар як гузориши худ ба кишварҳои ҷаҳон тавсия дод, то истифодаи смартфонҳоро дар мактабҳо манъ кунанд.

Ба таъкиди ин созмон истифодаи аз ҳад зиёди технологияҳои иттилоотӣ ба пешрафти хонандагон таъсири манфӣ мерасонад.

Қайд карда мешавад, ки Чин давомнокии истифодаи дастгоҳҳои рақамиро ҳамчун воситаи таълим то 30% вақти умумии таҳсил маҳдуд кардааст. Италия ва ИМА истифодаи баъзе афзорҳо ё шабакаҳои иҷтимоиро дар мактабҳо манъ кардаанд. Камтар аз чоряки кишварҳо истифодаи смартфонҳоро дар мактабҳо манъ кардаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend