fbpx

Тоҷикистон соли 2023 ба $110 млн барқ фурӯхтааст

Мухтасари муҳимтарин хабарҳои рӯз.


0
Содирот ва лимити барқ дар Тоҷикистон
Акс: коллажи "Азия-Плюс"

2 нафарро баъди санҷиши Палатаи ҳисоб зиндон кардаанд

Соли 2023 бо пешниҳоди Палатаи ҳисоби Тоҷикистон барои қонунвайронкунии молиявӣ нисбати 3 нафар парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ду нафар равонаи зиндон гардиданд ва парвандаи як нафари дигар дар баррасӣ қарор дорад. Дар ин бора Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоб имрӯз, 14-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ду мансабдори тоҷик бо пора дастгир шуд
Акси марбута аз интернет

“Як масъули барқи ноҳияи Лахш ба муҳлати 13 сол ва як корманди филиали Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ноҳияи Нуробод ба муҳлати 10 сол равонаи зиндон шуданд. Парвандаи Собиров У., як корманди ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” мавриди баррасӣ қарор дорад”, – гуфт Қарахон Чиллазода.

Маҳмурод Маҳмадализода, сараудитори Палати ҳисоб илова кард, ки соли 2023 дар сатҳи ҷумҳурӣ ягон нафар ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд.

Тибқи иттилои Палатаи ҳисоб, соли 2023 зимни гузаронидани чорабиниҳои аудитӣ дар Вазорати рушди иқтисод, Вазорати нақлиёт, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии хоҷагии ҷангал, Вазорати фарҳанг қонунвайронкунии молиявӣ ба маблағи 63 млн сомонӣ ошкор гардида, ин маблағ ба буҷет баргардонида шудааст.

Дар умум бошад, соли 2023 дар пайи санҷишҳои Палатаи ҳисоб дар ниҳодҳои давлатии кишвар қонуншикании молиявӣ ба маблағи 405,6 миллион сомонӣ ошкор шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 28,8 млн сомонӣ зиёд мебошад. Аз маблағи қонунвайронкунии ошкоршуда 398,5 млн сомонӣ барқарор карда шудааст, ки 98,2 дарсадро ташкил медиҳад.

Дар соли 2023 Тоҷикистон ба маблағи 110 млн. доллар барқ фурӯхтааст

Дар соли 2023 Тоҷикистон ба маблағи 110 миллион доллар ба​​ Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон барқ фурӯхтааст. Дар ин бора Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Агентии омор имрӯз, 14-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Содирот ва лимити барқ дар Тоҷикистон
Акс: коллажи “Азия-Плюс”

Ба гуфтаи ӯ, фурӯши барқ нисбат ба соли 2022 4 дарсад бештар мебошад.

“Соли 2023 барқи Тоҷикистон ба Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон содирот шуд. Ҳаҷми содирот ба мо дастрас нест, вале маблағаш 110 миллион доллар аст”, – гуфт роҳбари Агентии омор.

Нурмаҳмадзода гуфт, нерӯи барқи Тоҷикистон аз ҳама бештар ба Афғонистон фурӯхта шудааст ва маблағи он 70 миллион долларро ташкил медиҳад. Аммо гуфта мешавад, ки содироти барқ ба Афғонистон дар соли 2023 5 дарсад камтар аз соли 2022 будааст.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода гуфт, ки дар соли 2023 Тоҷикистон ҳам аз Ӯзбекистону Қирғизистон ба маблағи 18 миллион доллар нерӯи барқ ​​ворид кардааст.

Дирӯз, 13-уми феврал, директори “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, соли 2023 аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷа беш аз 2,6 млрд кВт. соат барқ содир шудааст, ки назар ба соли 2022-юм 124 млн кВт. соат бештар аст.

Ҳаҷми содироти барқи Тоҷикистон дар соли 2023 чунин аст:

  • Афғонистон – 1 млрд, 624 млн кВт.соат;
  • Ӯзбекистон – 907,5 млн кВт.соат;
  • Қазоқистон – 144 млн кВт.соат.

Ёдовар мешавем, ки аз моҳи сентябри соли 2023 дар манотиқ ва ҳатто навоҳии атрофи пойтахти Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ шудааст. Ҳоло ба сокинони деҳоти кишвар 3 соат дар субҳ ва 5 соат шабона барқ дода мешавад.

Ҳамоно маълум нест, ки маҳдудияти интиқоли барқ дар кишвар кай барҳам мехӯрад ва ба қавли роҳбарияти “Барқи тоҷик” ҳоло “пешбинӣ кардан ғайриимкон мебошад”.

Занону кӯдакони аз Сурияву Ироқ баргардонидаро ба оилаҳояшон супоридаанд

Ҳамаи 339 занону кӯдакони тоҷик, ки дар се давра- 2019, 2022 ва 2023 аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ ба Тоҷикистон оварданд, ба оилаву наздикони худ пайвастаанд. Дар ин бора Суҳайлӣ Қодирӣ, сардори шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен дар Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Номбурда гуфт, дар се давра Тоҷикистон 339 зану кӯдаки тоҷикро аз минтақаҳои ҷангзада баргардонид, ки 231 нафари онҳо кӯдакон буданд.

“Аз моҳи март то ноябри соли 2023 ҳамаи занону кӯдакон, аз ҷумла 84 кӯдаки бидуни тарбияи падару модар монда, ба оилаву наздиконашон баргардонида шуданд”, – гуфт ин масъули Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бори аввал соли 2019 нахустин гурӯҳи 89-нафараи кӯдакони ҷангҷӯёнро, ки аз 1 то 18-сола буданд, аз Ироқ ба Ватан баргардонид.

Бори дуввум, 26-уми июли соли 2022 гуруҳи дуюми шаҳрвандони Тоҷикистон – иборат аз 146 зану кӯдак аз Сурия оварда шуданд.

Ҳамин тариқ, моҳи майи соли гузашта гурӯҳи сеюми занону кӯдакони иборат аз 104 нафар ба ватан баргардонида шуданд.

Ҳамаи онҳо дар ҷойҳои махсус, аз ҷумла истироҳатгоҳҳо ва мактаб-интернатҳо ба табобату офиятбахшӣ фаро гирифта шуда буданд ва давра ба давра ба оилаву наздиконашон пайвастанд.

Суҳайлӣ Қодирӣ дар нишасти матбуотии имрӯза гуфт, марҳалаи баргардонидани занону кӯдакони боқимондаи тоҷик дар минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ идома дорад

“Дар муҳлатҳои наздиктарин дар ҳамкорӣ бо корпусҳои дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои алоҳида теъдоди дигари шаҳрвандони Тоҷикистон аз минтақаҳои ҷангзада баргардонида мешаванд. Сиёсат ва ирода дар ин самт вуҷуд дорад ва мо ҳамаи кӯдакони тоҷики дар минтақаҳои ҷангзада қарордоштаро  ба Тоҷикистон бармегардонем. Чунки будани онҳо дар ин минтақаҳо барои мо хатар эҷод мекунад”, – гуфт суҳайлӣ Қодирӣ.

Ин масъули давлатӣ гуфт, ҳамаи масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодие, ки зимни баргардонидани занону кӯдакон ба оилаву наздиконашон пайдо шуд, ҳалли худро ёфт. Ҳарчанд ба гуфтаи ӯ буданд оилаҳое, ки аз қабули дубораи онҳо худдорӣ мекарданд.

Вай афзуд, бархе аз кӯдакони баргардонида ҳатто забони тоҷикиро намедонистанд ва ё умуман ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият надоштанд, ки ин ҳама мушкилиҳо дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои масъул ҳалли худро ёфт.

Ба гуфтаи ӯ, занон дар минтақаҳои нигоҳдорӣ ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб шуданд ва ҳоло дар зиндагиашон истифода мекунанд.

Дар Тоҷикистон якбора ҳаво сард шуда барф меборад

Дар Тоҷикистон рӯзҳои охири ҳамин ҳафта обуҳаво якбора тағйир ёфта, аз рӯзи шанбе боридани борон оғоз мегардад ва минбаъд ба барфи тар мегузарад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

челвек идет по улице душанбе зимой
Your.tj

Аз ҷумла, рӯзҳои 17-18 феврал дар Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Ҳарорат начандон тағйир меёбад:  шабона 6-8 ва рӯзона то 10 дараҷа гарм мешавад.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ низ боридани борону барфи тар, баъзан пуршиддат пешбинӣ шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1 дараҷа хунук ва рӯзона то 4 дараҷа гарм пешбинӣ шудааст.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, барф меборад, баъзан пуршиддат. Ҳарорат дар водиҳо шабона ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон борон борида, ҳарорат дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо – шабона 1-6 дараҷа ва рӯзона – 6-11 дараҷа гарм дар назар аст.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боришот (борону барф) дар назар буда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона – 6-11 дараҷа гарм; дар шарқи вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар ҳамин ҳол, обуҳавошиносон ҳушдор медиҳанд, ки рӯзҳои 14 то 15 феврал бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ сар задани зуҳуроти тарма аз эҳтимол дур нест.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз шаҳрвандон дархост мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳои бидуни зарурат тариқи роҳҳои кӯҳӣ, чаронидани чорво, гузаронидани корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва моҳидорӣдар ҷойҳои хавфнок худдорӣ кунанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend