Содирот ва лимити барқ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон дар соли 2025 низ ба Афғонистон барқ мефурӯшад

Дар ин хусус байни ширкати “Барқи тоҷик” ва ширкати “Брешно”-и Афғонистон қарордод имзо шуд.

Қарордодро Маҳмадумар Асозода, директори ширкати “Барқи тоҷик” ва Абдулборӣ Умар, раҳбари ширкати “Брешно” дар Туркия имзо кардаанд, хабар медиҳад ин ширкати афғонистонӣ.

Дар хусуси ин қарордод ҷузъиёти бештар дастрас нест.

Тибқи иттилои Агентии омори кишвар Тоҷикистон дар моҳи октябр соли равон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 3,8 миллион доллар барқ фурӯхтааст.

Тоҷикистон асосан ба Афғонистон, Узбекистон ва Қазоқистон барқ мефурӯшад.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон бо Афғонистон соли 2008 барои интиқоли барқ то соли 2028 созишнома баста буданд. Охири ҳар сол ҳаҷми интиқол ва нархи онро барои соли оянда муайян мекунанд.

Skip to toolbar