fbpx

Чӣ тавр ҷавони савдогар наворбардори касбӣ шуд

Алишер мегӯяд, вақте инсон истеъдод дорад, онро маҳв карда, ба дигар фаъолият машғул шуданаш хатои бузург ва нобахшиданӣ аст.


6
6 points
Ин ва дигар аксҳо аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Алишер Собирови 25 сола яке аз наворбардорони ҷавони тоҷик аст, ки бо наворҳои ғайриодии худ дар сомонаҳои иҷтимоӣ шинохта шуд. Муҳтавои асосии ӯ дар сомонаҳои иҷтимоӣ маҳз либос ва мӯд аст.

Инчунин, Алишер дар саҳифаи дигараш – “Darveshi.tj” аллакай 8 моҳ боз наворҳо бо либосҳои миллӣ мегузорад.

Ӯ дар суҳбат ба муаллифи Your.tj гуфт, ки чӣ гуна ба ин самт омад ва дар муддати кӯтоҳ то андозае муваффақ шуд.

Барои чӣ “Дарвешӣ”?

“Darveshi.tj” дар пойтахт намоишхона дорад. Он аз тарафи ҳеҷ як ташкилоти дохилию хориҷӣ маблағгузорӣ карда намешавад, “ҳамаи молро аз ҳисоби худам харидорӣ мекунам”,- мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи Алишер, дар блогинги тоҷик ҷойи ин қабил лоиҳаҳо холист, аз ин рӯ ҳадафи асосии ӯ эҳёи либосҳои суннатӣ дар пойтахт ва ишғоли мавқеи он дар блогинги саросари дунё будааст.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Alisher Sabirov (@_sabirovalisher)

“Борҳо мушоҳида мекунем, ки фарҳанги мардумии моро ба дигар миллатҳо нисбат медиҳанд. Мақсад гузоштам, ки ба ҷаҳониён соҳибони асили ин фарҳангро нишон диҳам”,- изҳор дошт блогери ҷавон.

Ба Алишер номи лоиҳаи “Darveshi.tj”-ро дӯсти тарроҳаш Парвин Шамилова пешниҳод кардааст. Алишер ин калимаро ба он хотир ба унвонии лоиҳа гузошт, ки вожаи ҷолиб, гӯшнавоз ва имрӯзҳо камистифода аст. Инчунин муҳтавои пешниҳод мекардаи ӯро инъикос карда метавонад.

Алишер шарҳ дод, ки “Darveshi.tj” ҳоло танҳо намоишхона дар кӯчаи Маяковскии пойтахт ва саҳифаи Инстаграм аст. Баъд аз зиёд шудани талабгорон онро ба мағоза барои сайёҳон табдил доданист.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Дарвеш (@darveshi.tj)

Ҳоло ӯ, махсусан аз ҳисоби блогерон мизоҷон дорад, ки бо истифода аз либосҳои “Darveshi.tj” аксу наворҳо мегиранд. То имрӯз гурӯҳи сайёҳон аз Фаронса, Русия ва Эрон ин намоишхонаро тамошо кардаанд.

Баҳс дар Самарқанд

Ғояи таъсиси ин лоиҳа якуним сол қабл, вақте Алишер барои сабти навор ба Дубай рафт, дар фикраш пайдо шуд. Моҳи сентябр ба таҳияи либосҳо сар кард. Як қисми либосу зару зевари ин намоишхона 80-100 сол қабл истеҳсол шудаанд. Ҳамаи онҳоро худи Алишер ҷамъ кардааст.

“Ҳафтае як бор ба деҳаҳои куҳнаи вилояти Хатлон ва Суғд рафта, аз занони деҳотӣ либос ва аз заргарон ороишоти миллии ба солҳои нимаи асри гузашта тааллуқдоштаро харидорӣ мекунам. Аз Бадахшон бошад, фармоиш медиҳам. Баъзе либосҳоеро, ки дар Энсиклопедияи миллии тоҷик мебинам, ба дӯзандаҳо медӯзонам”,- аз ҷараёни кори худ гӯё ҳисобот дод Алишер.

Аввалин зевар ба намоишхонаи ӯ аз сандуқи модараш ворид шудааст. Ин гарданбанд аз бибикалони Алишер ба модараш мерос мондааст. Ӯ ба модараш “натарсед, ҳатман гарданбандатонро баъди чанд муддат мегардонам”, – гуфтааст нимшӯхию нимҷиддӣ.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Дарвеш (@darveshi.tj)

Алишер моҳи январ барои тадқиқоти зеварҳое, ки дар Энсиклопедияи миллии тоҷик дидааст, ба Самарқанд рафт. Дар ҳоли боздид аз осорхонаҳо ба қароре омадааст, ки лоиҳаро зудтар шуруъ кунад.

“Зеро баръакс ба далелҳои Энсиклопедияи миллии тоҷик мероси қадимии моро мансуб ба дигар миллат навиштаанд. Кор то ҷое расид, ки бо кормандони осорхона баҳси забонӣ ҳам кардем”,- мегӯяд ӯ бо табассум.

Ба моделҳо маблағ намедиҳад, чунки…

“Нахуст падарам ба фаъолияти наворбардориам зид буд. Сипас дид, ки асосан бо духтарон кор мекунам, боз ҳам муносибаташ бо ман сардтар шуд. Аммо ҳоло дуруст мефаҳмад (ё одат кардааст) ва медонад, ки даромади асосиам аз пушти наворбардорӣ аст”,- мегӯяд Алишер.

Алишер маълумоти олӣ дорад ва аз рӯйи ихтисос иқтисоддон аст. Ӯ ба хотири волидонаш дар донишгоҳ таҳсил гирифтааст, вагарна аз кӯдакӣ танҳо орзуи савдогар шудан дошт. Оилаи ӯ дар ноҳияи Ҳамадонӣ зиндагӣ мекунанд ва машғули кори деҳқонианд.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Дарвеш (@darveshi.tj)

Алишер то соли 2020 дар бозори “Корвон” бо фурӯши ороишоти оҳании занона машғул буд. Бо мурури замон фаҳмид, ки дар интихоби касб иштибоҳ кардааст.

“Вақте инсон истеъдод дорад, онро маҳв карда ба дигар фаъолият пардохтанаш нобахшиданист”,- гуфт ӯ.

Алишер соли 2020 ба самти наворбардорӣ омад. Аввалин намунаҳояшро бо смартфони Redmi 8 ба анҷом расонидааст. Мушкилоти кори ӯ дар набудани техника буд. Мебоист ё камераи касбӣ гирад, ё компютери пуриқтидор.

Ӯ аввал компютер харид, то нахуст кори танзими наворро беҳтар омӯзад. Сипас, соли 2022 аз бонк қарз гирифта камераи Sony M3-ро харид.

Як муддат ҳамчун шогирд бо Баҳром Ҷалилов кор карда, нозукиҳои наворбардориро беҳтар азхуд намуд. Ҳамин тавр, мизоҷони худро пайдо карда аудиторияаш дар Инстаграм дучанд афзуд.

Қариб дар ҳамаи ҳафтаҳои мӯд, ки ду соли охир дар Душанбе баргузор мешавад, Алишерро ба ҳайси наворбардор дидан мумкин аст.

Алишер мегӯяд, аз пайвандонаш ягон нафар на бо наворбардорӣ машғул аст ва на олами мӯд пайвастагӣ дорад.

Бояд гуфт, ки ӯ то ҳол боре ба ҳеҷ яке аз моделҳои муҳтавоҳояш маблағи корӣ надодааст. Зеро вақте Алишер ба моделҳо пешниҳоди наворбардорӣ мекунад, аз муҳтавои саҳифаи ӯ ба ваҷд омада, худашон аз ҳаққи кор дармегузаранд. Ё баъзан моделҳо аз Алишер дархост мекунанд, ки бо онҳо ҳамкорӣ намояд.

Чакан, гӯшмонак ва кеди

Яке аз наворҳои сербинандаи Алишер, дар Фейсбук ва Инстаграм боиси ҳазорон шарҳҳои мусбату манфӣ гардид.

Дар ин навор духтаре дар майдони муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ бо либоси чакан ва дар пойҳояш пойафзоли кеди пӯшида, бо гӯшмонаки калонаш зери суруди “Гули бодом”-и шодравон Нигина Раупова худнамоӣ мекунаду каме мерақсад. Суруд ҳам бо оҳанги remix садо медиҳад. Remix-и онро Mateosh – узви гуруҳи ZanjabilBro сохтааст.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Alisher Sabirov (@_sabirovalisher)

Ғояи наворгирии ин эпизод дар зеҳни Алишер баъди дидани тасвири диҷиталии назди Маркази савдои “Тоҷикистон” пайдо шудааст. Дар ин тасвир духтари чаканпӯш дар даст нӯшокии Coca-cola дошт, ки муаллифи он Насиба Каримзода буд.

Танҳо тобистони соли гузашта Алишер ба дӯсташ Фарангис пешниҳод кард, ки зиндакунандаи ҳамин тасвири диҷиталӣ шавад. Он вақт Алишер намоишхона надошт, аз ин рӯ чаканро худи Фарангис пайдо кард.

“Соати 5-и саҳар ба наворгирӣ шуруъ кардем. Ростӣ ҳарос доштам, ки муҳофизони муҷассама ба корамон халал мерасонанд, аммо ҳамааш хуб гузашт. Бо Фарангис маслиҳат кардем, ки новобаста ба хейтҳо ҳеҷ гоҳ наворро ҳазф намекунем”,- ба хотир меорад ҷавони наворбардор.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Alisher Sabirov (@_sabirovalisher)

Дар аввал пайгирони Алишер наворро бисёр хуб пазируфтанд. Аммо баъд аз як ҳафта, баҳогузорони навор ба ду қисм ҷудо шуданд. Яке офарин мехонду дигаре муаллифро таҳқир мекард, ки чаро либоси миллию суруди классикии тоҷикиро ба масхара гирифт.

“Ин навор дар блогинги тоҷик инқилоб кард гӯям хато намешавад. Мақсади мо танҳо даъват ба корбарони иҷтимоӣ буд, ки ҳадди ақал ба таври замонавӣ ба эҳёи фарҳангамон бикӯшем”,- иброз дошт Алишер.

Лаҳзаҳои ногувор

Дар таҷрибаи кории Алишер борҳо лаҳзаҳои ногувор рух додааст. Масалан, мизоҷ бо вуҷуди шартномаи пешакӣ ба макони наворгирӣ наомадааст ва ба зангҳо низ ҷавоб надодааст.

Баъд аз чанд рӯз дар саҳифаи ҳамон мизоҷаш мебинад, ки аз хизматрасонии наворбардори дигар истифода кардааст. Сабабаш ӯ нархи пасттар пешниҳод намудааст. “Инро рақобати носолим мегӯянд”,- гуфт Алишер.

“Бисёриҳо намефаҳманд, ки чизи гарон ҳеҷ гоҳ бесифат намешавад. Фикр мекунанд як тугмаро пахш мекунӣ, дигар ҳамааш хуб, аммо меҳнати пасипардагии он ниҳон мемонад. Дар бораи танзим нагӯям ҳам мешавад”, – аз мушкилоти касбӣ қисса мекунад ӯ.

Ба андешаи Алишер барои бардоштани навори босифат дидгоҳи профессионалӣ ва техникаи баландиқтидор нақши якранг мебозад. Агар ҳардуи ин омил баробар набошад, сифати кори наворбардор мекоҳад. Инчунин мизоҷ ҳам намехоҳад маблағи кироӣ диҳад.

Алишер то ҳол шогирд надорад. Нақша дорад, ки рӯзҳои наздик курсҳои индивидуалиро оид ба наворбардорӣ ташкил кунад.

Алишер ҳоло саргарми мутолиаи “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” аст. Нақша дорад, ки наворҳои “Darveshi.tj”-ро аз рӯйи тасвирҳои ин донишнома сабт намояд.

Дар оянда мақсади асосии Алишер лоиҳаи “Darveshi.tj”-ро ба таври максималӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ карда, сипас дар Олмон филиали ин намоишхонаро кушодан аст.

Нодира Собирзод


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

6
6 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
6
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
6
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
5
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
3
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend