Дар охири моҳи майи соли 2025 дар Тоҷикистон “Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратонӣ барои солҳои 2025-2029” тасдиқ гардид, ки ҳадафаш кам кардани сатҳи гирифторшавӣ ва фавт аз бемориҳои саратон дар кишвар аст.
Ин санад таҷдиди инфрасохтор, хариди таҷҳизоти нав, омодасозии мутахассисон ва беҳтар намудани дастрасии беморон ба табобатро фаро мегирад.
Дар ин матлаб шарҳ медиҳем, ки чораҳои зидди бемориҳои саратонӣ дар кишвар дар чӣ ҳолат қарор дорад ва барномаи нав то соли 2029 чӣ тадбирҳоро барои мубориза бо саратон пешниҳод мекунад.
Беморон зиёд мешаванд, вале саратоншиносон намерасанд
Ҳар сол дар Тоҷикистон тақрибан 2500 нафар аз саратон мефавтанд. Бемориҳои саратонӣ яке аз масъалаҳои доғи низоми тандурустии кишвар боқӣ мемонад. Сатҳи гирифторшавӣ ба саратон дар Тоҷикистон дар давоми 32 сол се маротиба афзоиш ёфтааст: агар соли 1991 ҳамагӣ 69 нафар ба ҳар 100 ҳазор аҳолӣ рост меомад, пас соли 2023 ин нишондиҳанда то ба 201 нафар расид.
Шумораи бемориҳои саратонӣ миёни кӯдакон дар панҷ соли охир ду маротиба афзуд. Дар ҳамин ҳол беш аз 68% кӯдаконро дар марҳалаҳои III-IV беморӣ ба муассисаҳои тиббӣ ба муолиҷа мебаранд. Танҳо дар соли 2023, 5%-и ҳамаи ҳолатҳои нави саратон ба кӯдакон рост омад.
Барнома мушкилоти системавиро эътироф мекунад, аз ҷумла, фарсуда будани инфрасохтор (маркази асосии онкологии кишвар ҳанӯз соли 1963 бунёд шудааст), норасоии ҷиддии таҷҳизоти муосир барои ташхису табобат, камбуди кадрҳои тахассусӣ.
Соли 2023 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 161 саратоншинос (онколог) ба қайд гирифта шудааст. Аз онҳо 114 нафар дар Душанбе фаъолият мекунанд. Аммо сатҳи баландтарини гирифторшавӣ ба саратон дар вилояти Суғд сабт шудааст (43,5%). Бо вуҷуди ин, тибқи омори расмӣ дар Суғд ҳамагӣ 20 онколог фаъолият мекунад, ки ин аз тақсимоти нобаробари мутахассисон шаҳодат медиҳад.
Барномаи миллӣ норасоии таҷҳизоти ташхисии саратони ғадуди шириро низ таъкид мекунад: дар тамоми кишвар ҳамагӣ 9 дастгоҳи маммография фаъоланд. Ин дар ҳолест, ки саратони ғадуди шири занон маъмултарин намуди саратон дар Тоҷикистон аст ва қариб 20% тамоми ҳолатҳоро ташкил медиҳад.
Дар барнома зикр мегардад, ки ташхиси пешгирикунанда амалан гузаронида намешавад. Ташхиси саратони ғадуди ширӣ бо усулҳои муоинаи клиникӣ, ултрасадо (УЗИ) ва худмуоина ба таври кофӣ тарғиб намегардад.
Кам будани сатҳи ошкоршавии беморӣ дар марҳалаҳои аввал бо сатҳи нокифояи тахассуси табибони оилавӣ, дастрасии маҳдуд ба ташхис дар минтақаҳо ва огоҳии пасти аҳолӣ алоқаманд аст.
Ин мушкил барои дигар намудҳои саратон низ хос аст. Масалан, барои саратони гарданаки бачадон, ки дар Тоҷикистон аз рӯи паҳншавӣ дар ҷойи дуюм қарор дорад.
Яке аз онкогинекологҳо, ки нахост номаш зикр шавад, дар суҳбат бо “Азаттык-Азия” таъкид кард, ки ташхис бештар дар марҳалаҳои дер гузошта мешавад:
“Одатан беморон сокинони деҳотанд… Дар маҳалҳо, мутаассифона, баъзан мутахассисон фаъолият мекунанд, ки ба ҷои ташхиси ҳамаҷониба танҳо УЗИ мекунанд, табобати сатҳӣ менависанд ва бемор то шаш моҳ ё як сол аз назорат берун мемонад. Вақте нишонаҳои хавфнок пайдо мешаванд, ӯ ба пойтахт меояд ва мо саратони марҳалаи сеюм ё чорумро ташхис мекунем”.
Ин суханони онкологро омор низ тасдиқ мекунад – 70% беморони саратон дар Тоҷикистон сокинони деҳот мебошанд. Гирифторӣ ба саратони гарданаки бачадон бошад, 11% ҳамаи ҳолатҳои саратон дар кишварро ташкил медиҳад.
Коҳиши назарраси шумораи чунин ҳолатҳо бо роҳи эмгузаронӣ бар зидди вируси папилломаи инсон (ВПИ) имконпазир аст, зеро маҳз ҳамин вирус сабаби асосии рушди ин навъи саратон мебошад. Вазорати тандурустӣ нақша дорад то соли 2026 ваксинаи зидди ВПИ-ро ба тақвими миллии эмгузаронӣ ворид кунад. Аммо дар барнома нишон дода нашудааст, ки давлат аз куҷо маблағ барои хариди ваксинаҳоро дастрас хоҳад кард.
Барои мубориза бо саратон дар Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо мешавад?
Барномаи нав ба он равона шудааст, ки ташхиси саратон дар марҳалаҳои барвақт зиёд гардад, кӯмаки мутахассисони баландтахассус беҳтар шавад ва барои ҳамаи беморон дастрасӣ ба табобати зарурӣ таъмин гардад.
Буҷети барнома барои панҷ сол беш аз 112,8 млн сомониро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ 75 млн сомонӣ аз буҷети давлатӣ ҷудо мешавад, 37,7 млн сомонӣ аз ҳисоби созмонҳои ғайритиҷоратӣ ва фондҳои донорӣ таъмин мегардад.
Аз ҳама бахшҳои калони хароҷот дар барнома хариди таҷҳизоти муосир ва доруҳои зиддисаратонӣ мебошад.
Ба таҷҳизот барои ташхиси барвақти саратон 52 млн сомонӣ равона мешавад (26 млн аз буҷети давлатӣ ва 26 млн аз созмонҳои ғайритиҷоратӣ). Айни замон дар саросари кишвар ҳамагӣ 12 лабораторияи морфологӣ ва 9 лабораторияи ситологӣ фаъолият мекунанд, ки ниёз ба таҷдид доранд.
Бахши дигари бузурги хароҷот аз рӯи ҳаҷм, хариди доруҳои зиддисаратонӣ мебошад. Барои ин аз буҷети давлатӣ 45 млн сомонӣ ҷудо мегардад. То ба ҳол буҷет танҳо 4% аз ниёзи воқеӣ ба доруҳои химиотерапевтиро мепӯшонд.
То соли 2029 барнома бояд натиҷаҳои воқеӣ нишон диҳад. Интизор меравад, ки сатҳи ташхиси саратон дар марҳалаҳои барвақт аз 68% то 72% боло равад, ҳиссаи бемороне, ки пас аз ташхис панҷ сол ва бештар зиндагӣ мекунанд, аз 18% то 24% зиёд шавад, фавт аз саратон аз 24,6 ҳолат ба 100 ҳазор аҳолӣ то ба 19,7 ҳолат коҳиш ёбад.
Афзоиши бемориҳои саратонӣ танҳо барои Тоҷикистон хос нест. Ба иттилои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ), соли 2022 дар ҷаҳон 20 миллион ҳолати нави саратон ба қайд гирифта шуда, 9,7 миллион нафар аз он фавтиданд.
СУТ пешгӯӣ мекунад, ки то соли 2050 шумораи ҳолатҳои нави саратон 77% зиёд шуда, то ба 35 миллион мерасад. Тақрибан ҳар як шахси панҷум дар тӯли умр ба бемории саратонӣ гирифтор мешавад, дар ҳоле ки ҳар нӯҳум мард ва ҳар дувоздаҳум зан аз саратон мефавтад.
Маводи мазкур бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар доираи лоиҳаи Internews “Боло бурдани устувории аудитория тавассути саргузаштҳои боэътимод” (CARAVAN) таҳия шудааст. Масъулияти муҳтавои он ба зиммаи муаллиф, Навруз Каримов, вогузор шуда, мавқеи Иттиҳоди Аврупоро инъикос намекунад.
Тарҷума мутобиқгардонида аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо.