Тоҷикистон ба ширкатхои ҳавопаймоии Русия ду рӯз муҳлат дод, то нархи чиптаро паст кунанд

Сабаби марги сарбози 19-сола чист?

Дирӯз ҷасади сарбоз Раҷабалӣ Назарови 19-соларо дар зодгоҳаш деҳаи Каҷровути ноҳияи Деваштич ба хок супурданд. Ба гуфтаи наздикон ин сарбози марҳум моҳи сентябри 2020 довталабона ба артиш рафта буд ва дар яке аз  қисмҳои низомии Хатлон хидмат мекард. Ҳамагӣ 5 рӯз пеш барои идомаи хидмат ба ноҳияи Мурғоби ВМКБ интиқол шуда буд.

Муҳриддин Назаров, бародари Раҷабалӣ, сарбози фавтида гуфтааст, дар бадани бародараш кабудиҳо дида мешуд ва пушти сараш дарида буд. Аммо дар варақаи тиббие, ки ба оилаи Назаровҳо додаанд гуфта шудааст, ки сабаби марги сарбози ҷавон “варами шадиди майнаи сар, варами шадиди шушҳо, норасогии шадиди нафас ва кори дилу рагҳо” мебошад. Наздикон мехоҳанд часади Раҷабалиро аз хок берун кашида дубора ба ташхис намоянд.

Дар Ваҳдат ва Рӯдакӣ гумонбарони пайрави ҷараёни мазҳабии “Салафия” боздошт шудаанд

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии  Тоҷикистон 5 нафар сокини шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакиро бо ҷурми алоқамандӣ бо ҷараёни экстремистии “Салафия” боздошт кардаанд. Нисбати дастгиршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад, хабар додааст маркази матбуотии ин ниҳод.

Фаъолияти ҷараёни салафия дар кишвар аз оғози соли 2009 ҳамчун як ҳаракате, ки ба амнияти давлатии кишвар ва сохти конститутсионии он таҳдид мекарда, манъ карда шудаааст.

Як сарбози тоҷикро барои фирор аз артиш ду сол аз озодӣ маҳрум карданд

Як сарбози тоҷикро барои фирор аз қисми ҳарбӣ ва талоши дуздӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд. Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки сарбоз Кароматулло Буракзода моҳи октябри соли гузашта ба хидмат даъват шуда буд. Ба иттилои расмӣ, вай рӯзи 8-уми ноябри соли гузашта маҳалли хидматро дар қисми ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ “худсарона тарк кардааст”. Назари ӯву наздиконаш ба қазия маълум нест.

“Номбурда рӯзи 17-уми ноябр ба хонаи сокини деҳаи Истиқлоли ноҳияи Рудакӣ ворид шуда, аз он ҷо баъзе ашё ва маблағро дуздида, аммо дар саҳни ҳавлӣ аз ҷониби соҳибхона ва ҳамсояҳо дастгир шудааст”, — гуфтанд дар Додситонии кулли Тоҷикистон. Додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе Буракзодаро ду сол аз озодӣ маҳрум кард, вале маълум нест, маҳкумшуда дар мурофиа чӣ гуфтааст.

Тоҷикистон ба ширкатхои ҳавопаймоии Русия ду рӯз мухлат дод

Мақомоти масъул ба соҳаи авиатсияи кишвар аз ширкатҳои ҳавопаймоии Русия дар зарфи 2 рӯз поин бурдани нархи билетро талаб кард. Дар сурати поён набурдани арзиши чипта, Агентӣ ҷиҳати манъ намудани парвозҳои чартерӣ чораҳои дахлдор меандешад, изҳор доштааст ба “Азия-Плюс” роҳбари Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода.

Ба гуфтаи ӯ, аз оғози мавсими баҳору тобистон сар карда, сафари шаҳрвандони кишвар, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ ба самти Русия зиёд гашта, ҳолати мазкурро ширкатҳои ҳавопаймоии ин кишвар ба фоидаи худ истифода карда ва нархи чиптаи ҳавопаймоиро бениҳоят баланд намуданд.

“Аҳолӣ ҷиҳати харидорӣ намудани чипта бо нархи гарон аз бонкҳо қарз мегиранд, ки бе ин ҳам вазъияти молиявии онҳоро душвор намуда истодааст. – Ширкатҳои ҳавопаймоиро зарур аст, ки бар ивази баланд бурдани нархи чиптаи ҳавопаймоӣ шумораи парвозҳоро зиёд намоянд. Дар ин самт, Агентии авиатсияи гражданӣ омода аст, ки ҷиҳати иҷозати саривақтии парвозҳо дар асоси қарорҳои дахлдори Ситоди ҷумҳуриявӣ чораҳои дахлдор андешад”, гуфтааст Субхонзода.

Бино ба иттилои сомонахо арзиши билет ба хатсайрҳои чартерӣ то ба 15 ҳазор сомонӣ мерасад.

Дар Хуҷанд маркази рушди тиҷорат бо Узбакистон ва Қазоқистонро таъсис медиҳанд

Тоҷикистон пешниҳод кард, ки дар доираи ташаббуси Бонки Осиёии Рушд як маркази минтақавии таъминот ва савдо ташкил шавад, ки миёни шаҳрҳои Чимкент, Тошканд, Хуҷанд як долони нави иқтисодӣ эҷод мекунад, хабар медихад Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар.

Ҳадафи лоиҳаи мазкур ҳавасмандгардонии тиҷорат байни Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбекистон мебошад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки бо истифода аз кӯмаки БОР ба маблағи 800 ҳазор доллар, харитаи роҳ барои рушди долони иқтисодии Чимкент-Тошканд-Хуҷанд аллакай таҳия шудааст. Дар он ҳамчунин омадааст, ки Тоҷикистон ва Узбакистон ҳадаф доранд тиҷорати дуҷонибаро дар давраи миёнамӯҳлат ба 1 миллиард доллар расонанд.

Лоиқ Раҷабов нахустин қувваозмоияшро дар доираи лигаи PFL-и Амрико анҷом медиҳад

Пагоҳ, 23-юми апрел  варзишгари шинохтаи тоҷик Лоиқ Раҷабов нахустин қувваозмоияшро дар доираи лигаи PFL-и Амрико анҷом медиҳад. Рақиби ӯ Алекс Мартинеси то ҳол мағлубнашуда аз Парагвай мебошад. Муборизаи мазкур дар Амрико баргузор мешавад.

Мартинес бидуни бохт дар 7 муҳориба ғалаба кардааст. Раҷабов дар 17 муҳориба дар 14-тои он дастболо шудааст.  Рақобат дар Ocean Casino Resort Atlantic City ва дар вақти мувофиқ дар Амрико баргузор ва дар зиёда аз 160 кишвари ҷаҳон мустақиман пахш хоҳад шуд.

Лоиқ Раҷабов 17 сентябри соли 1990 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Вай мактаби миёнаи №77 Душанбе, инчунин Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси истифодаи роҳҳои оҳан хатм кардааст.

Лоиқ Раҷабов фаъолияти касбии худро соли 2012 оғоз кардааст. Соли 2015 ин варзишгар ба Германия кӯчида, дар толори зодаи Тоҷикистон Олег Шодиев ба тамринҳои муҳорибаҳои омехтаю тан ба тан шурӯъ кард. Дар Германия ӯ дар мусобиқаҳои муҳорибаҳои омехтаю тан ба тан соҳиби чаҳор камарбанд шудааст.

Skip to toolbar