Тағйироти кадрӣ дар ҳукуматҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон
Дар ҳайати роҳбарияти ҳукумати чанд шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон тағйироти кадрӣ ба амал омад. Саҳифаи расмии ҳукумати шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода, менависанд, ки ин тағйирот бо розигии Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Ҳамин тариқ, Диловар Баротзода, муовини якум ва Ҷамшед Воҳидзода, муовини раиси шаҳри Бохтар таъин гардидаанд. Ҳамчунин, муовинони раиси чанд шаҳру навоҳии дигар низ таъйин шудаанд.
Нурулло Мирзозода, собиқ муовини аввали раиси шаҳри Бохтар чанд моҳ қабл аз вазифа озод ва бо фармони президент, раиси ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ таъйин шудааст.
Ҷамшед Воҳидзода ба ҷои Дилшод Маҳмадҷонзода муовини раиси шаҳри Бохтар таъин гардид. Маълум нест, ки Дилшод Маҳмадҷонзода баъди аз вазифаи муовини раиси шаҳр озод шудан ба кадом вазифа таъин шудааст.
Ҳамчунин, дар мувофиқа бо президент, Қурбоналӣ Қурбонзода муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъйин гардид. Ӯ то таъин шудан ба ин вазифа, беш аз як сол роҳбарии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон буд ва то он вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониёнро ба уҳда дошт.
Қумринисо Сангализода, ки то ин дам муовини сардори раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон буд, муовини дигари раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъин шудааст.
Ҳамин тариқ, Паймона Гадозода ва Мизроб Раҷабзода муовинони раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таъин шудаанд. Чанд моҳ ин ҷониб раиси ноҳияи Панҷ танҳо як муовин дошт. Муовинони ӯ бо сабаби ба нафақа баромадан, аз вазифа озод шуда буданд.
Қаблан, Паймона Гадозода ба ҳайси сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Панҷ ва Мизроб Раҷабзода директори мактаби №18-и ноҳияи Панҷ кор мекарданд.
Дар мувофиқа бо президент, Бадахшон Амирзода ва Саидбеки Сафарзода муовинони раиси ноҳияи Кӯшониён таъин шуданд.
Бояд гуфт, ки Бадахшон Амирзода дар вазифаи муовини раиси ноҳия бахши иқтисоду саноатро сарпарастӣ хоҳад кард. Номбурда то таъин шудашан ба ин вазифа сардори Раёсати омори ноҳияи Кӯшониёнро ба уҳда дошт.
Саидбеки Сафарзода бошад, то ин замон ба ҳайси директори мактаби №26-и ноҳияи Кӯшониён фаъолият мекард.
Ҳамчунин, Маҳмадӣ Шарипов, ки то ин лаҳза сардори Раёсати дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар вилояти Хатлон кор мекард, муовини раиси ноҳияи Вахш таъин шудааст.
Бояд гуфт, ки оғози соли ҷорӣ низ дар чанде аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд муовинони нав таъин гардида буданд.
Тирпарронӣ дар Қирғизистон. “Террорист” безарар карда шуд
Дар як ноҳияи Қирғизистон тирпаронӣ ба амал омадааст. Ҳодиса рӯзи 17-уми май дар ноҳияи Исиқота сурат гирифтааст, ки навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст.
Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар медиҳад, ки ин тирпаронӣ дар натиҷаи амалиёти маъмурони ин ниҳод ва кормандони Кумитаи амнияти миллии он кишвар барои боздошти “террорист” сурат гирифт.
“Ӯ муқобилияти мусаллаҳонаи фаъол нишон дод ва дар натиҷаи амалиёти махсуси маъмурони амниятӣ ва милитсия кушта шуд”,- омадааст дар иттилоияи вазорат.
Манбаъ меафзояд, ки раҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар ҷойи ҳодиса ҳастанд.
Дар тирпаронӣ ду корманди милитсия захмӣ шудааст.
Тағйирот дар ҳайати роҳбарикунандаи Толибон
Муҳаммад Ҳасан Охунд, нахуствазири ҳукумати муваққати Афғонистон, ки аз ҷониби ҳаракати Толибон* ташкил шудааст, хостааст ба далели саломатӣ аз мақомаш барканор шавад. Дар ин бора Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ба бахши форсии BBC иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи манбаъ Муҳаммад Абдулкабир сарвазири муваққатии ҳукумати Толибон таъин шудааст. Қаблан ӯ муовини Охунд оид ба корҳои сиёсӣ буд.
Расонаҳои маҳаллии Афғонистон қаблан хабар доданд, ки Муҳаммадҳасан Охунд ба далели бемории қалб дар бемористон табобат мегирад.
Забеҳулло Муҷоҳид низ таъйид кардааст, ки сабаби “истеъфои муваққат”-и Муҳаммадҳасан Охунд беморӣ аст.
Охунд ҳукумати Толибонро пас аз ташкили он аз моҳи сентябри соли 2021 раҳбарӣ мекард.
Ҳукумати Толибон аз ҷониби ҳеҷ як давлати ҷаҳон эътироф нашудааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз онҳо тақозо дорад, ки ҳукумати нави эътилофӣ таъсис диҳад, ки ба он намояндагони нерӯҳои мухталифи қавмиву сиёсии Афғонистон ва ҳамчунин занон шомил бошанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.