fbpx

Духтури Ёрии таъҷилии шаҳриро барои марги духтари 17-сола дастгир кардаанд

Ӯ бо ҷурми “номатлуб иҷро гардидани вазифаи касбӣ, ки боиси марги шахс шудааст” ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.


0
марги духтари 17-солаи тоҷик дар натиҷаи муносибати хунукназаронаи духтур
Акс аз саҳифаи фейсбуки Шоира Зуҳурова

Дар робита ба марги духтари 17-сола духтур-ҷарроҳи Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббиро дастгир кардаанд. Нисбати Абдурасул Ҳоҷиев  барои бе зарурат таъин ва гузаронидани доруи “Лидаза” ба Севинч Шукурова, ки боиси марги ин духтар шудааст, парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст.

Ӯ бо ҷурми “номатлуб иҷро гардидани вазифаи касбӣ, ки боиси марги шахс шудааст” ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст, менависад прокуратураи шаҳри Душанбе.

Ба иттилои манбаъ, дар робита ба ҳодисаи мазкур рӯзи 16-уми майи соли 2023 аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нисбати Абдурасул Ҳоҷиев барои “аз ҷониби корманди тиб номатлуб иҷро гардидани вазифаи касбӣ, ки боиси марги шахс гаридааст” (моддаи 129 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Ба ӯ аз панҷ то ҳашт сол зиндон таҳдид мекунад.

бинои прокуратураи шаҳри Душанбе
Акс аз саҳифаи Фейсбук

Вокуниши прокуратура баъди дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардани муроҷиати кушоди Шоира Зуҳурова, модари Севинч Шукурова нашр шуд.

Ҳодисаи марги духтари 17-сола рӯзи 8-уми апрел рух додааст. Мақомот онро мавриди санҷиш қарор дода, баъди ташхиси комиссиони судӣ-тиббӣ маълум кардаанд, ки “сабаби марги ноболиғ Шукурова С. пайдо шудани садамаи анафилактикӣ аз маҳлули дорувории “Лидаза” будааст, ки аз ҷониби духтур-ҷарроҳ Ҳоҷиев Абдурасул Муҳамадиевич бе зарурият таъин ва гузаронида шудааст”.

“Дар натиҷаи номатлуб иҷро намудани вазифаҳои касбӣ аз ҷониби духтур-ҷарроҳ Ҳоҷиев А.М. ҳолати ноболиғ Шукурова С. вазнин гардида, номбурда фавтидааст”, – омадааст дар иттилоияи прокуратураи шаҳри Душанбе.

Ба гуфтаи мақомот аз лаҳзаи аввал аз пайи тафтиши ин қазия буданд, вале хулосаи санҷиш танҳо 16-уми май дастрас шуд.

Тафтишоти пешакӣ оид ба парвандаи ҷиноятӣ идома дорад. Назари Абдурасул Ҳоҷиев ё наздикони ӯ дар мавриди ин ҳодиса ҳанӯз маълум нест.

Хотиррасон мекунем, ки муроҷиати Шоира Зуҳурова модари Севинч Шукурова ба Рустами Эмомалӣ ва Озода Эмомалӣ вобаста ба марги духтараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёдро барангехт. Дар муроҷиаташ ӯ даъво кардааст, ки духтари 17-солааш бо сабаби саҳлангорӣ ё хунукназарии духтури Маркази ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе ба ҳалокат расидааст.

“Духтурам ягон беморӣ надошт ва танҳо баъди таъин ва гузаронидани маҳлули “Лидаза” аз ҷониби духтур Абдурасул Ҳоҷиев ҳоли ӯ якбора бад шуда, дертар ба ҳалокат расид”,- гуфтааст ин зан.

Бояд қайд кард, ки ин ягона ҳолате нест бо сабаби хунукназарии духтурон нафаре ба ҳалокат мерасад. Қаблан низ чанд табиб барои хунукназарӣ боздошт ва нисбаташон парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда буд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
2
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend