Вазъият дар Ҷамоати Чоркӯҳ марз бо Қирғизистон боз ноором аст. Сокинони Чоркӯҳ дар Фейсбук хабар доданд, ки субҳи имрӯз тақрибан соати 5:30 боз садои тиру гулула баланд шуд.
Саидабдулло Нуриддин, сокини Чоркӯҳ дар саҳифаи Фейсбукаш пахши мустақим кард. Дар навор садои тиру гулула ва фиғони мардум шунида мешавад. Шахси ба навор гирифта, мегӯяд, ки “Хонаи амаки Азимбойро заданд” ба гуфти ӯ аҳли оилаи ин нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Дар ҳамин ҳол як манбаъ аз беморхонаи шаҳри Исфара гуфт, ки якчанд нафар кӯдакону занони маҷруҳро ба беморхона оварданд.
Муноқишаи мусаллаҳона миëни сарбозони тоҷику қирғиз субҳи 14 -уми сентябр дар Ворух оғоз ëфта дар се минтақаи марзӣ ҷараëн гирифт.
Дар натиҷаи он 2 сарбози тоҷик кушта ва 13 нафари дигар захмин шуданд.