fbpx

Муҳоҷирони тоҷик ба Русия 900 миллион доллар патент пардохтаанд

Мухтасари хабарҳои рӯз.


0
Акс аз сомонаи restate.ru

Гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон ба як миллиард доллар наздик шуд

Гардиши коло миёни Русия ва Тоҷикистон ҳудуди 1 миллиард долларро ташкил додааст. Дар ин бора муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Абдураҳмон Абдураҳмонзода  изҳор дошт.

Вай таъкид кард, ки кишварҳо тавонистаанд дар 7 моҳи аввали соли 2022 ба чунин натиҷаҳо ноил шаванд.

Абдураҳмонзода дар ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистону Русия, ки дар пойтахт ҷараён дорад, афзуд дар соли 2021 миёни Маскав ва Душанбе 1 миллиарду 400 миллион доллар муомилот анҷом доданд, ки ин нисбат ба як соли қабл 40% бештар аст.

Дар чорабинӣ зиёда аз 150 нафар намояндагони мақомот ва доираҳои тиҷоратии Федератсияи Русия, инчунин соҳибкорону сармоягузорони ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Ҳадафи аслии ин ҳамоиш роҳандозии иртибот миёни доираҳои тиҷоратӣ, иҷрои тарҳҳои нави Русия дар бахшҳои саноат, энержӣ ва кишоварзӣ дар қаламрави Тоҷикистон аст.

Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар бораи ҳамкориҳои судманди ду кишвар дар арсаи тиҷорат изҳори назар карда буд. Ба гуфтаи вай, дар соли 2021 гардиши тиҷоратии мутақобила нисбат ба соли 2020 44,7 дарсад афзоиш ёфта, беш аз 1,2 миллиард долларро ташкил додааст.

Дар моҳҳои январ-апрели соли 2022 афзоиши он дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 15,7% – то 408,8 миллион долларро ташкил дод.

Ҳоло дар Тоҷикистон бо дастгирии Русия беш аз 300 корхона фаъолият мекунанд. Ҳаҷми сармоягузории Федератсияи Русия ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ 1,6 миллиард доллар ё 16 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории хориҷии воридшударо ташкил медиҳад, афзуд ӯ.

Муҳоҷирони тоҷик ба Русия 900 миллион доллар патент пардохтаанд

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳар моҳ дар Русия беш аз 4 миллиард рубл,ё 67 миллион доллар пули патент месупоранд. Ин оморро дипломати тоҷик дар як мусоҳиба бо хабаргузории “РИА Новости» ба муносибати 30-солагии равобити дипломатии миёни Русия ва Тоҷикистон баён кардааст.

Дар ин мусоҳиба, ки рӯзи 14-уми сентябр дар вебсайти вазорат нашр шуд, омадааст, ки «шаҳрвандони Тоҷикистон ҳарчи бештар ба ҳузури қонуниву кори расмӣ дар Русия манфиатдор ҳастанд. Далелаш ин аст, ки соли 2021 шаҳрвандони мо беш аз 700 ҳазор патенти корӣ гирифтаанд. Шаҳрвандони мо ҳар моҳ беш аз 4 миллиард рубл (наздики 67 миллион доллар) пардохт мекунанд. Дар умум соли 2021 ба буҷаи Русия аз ҳисоби патентҳои шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 48 миллиард рубл ворид шудааст, ки тақрибан 900 миллион долларро ташкил медиҳад”.

Бисёр кам шудааст, ки як мақоми баландпояи ҳукумати Тоҷикистон дар бораи саҳми шаҳрвандони кишвар дар иқтисоди Русия сӯҳбат кунад. Маъмулан мақомот дар Русия таъкид мекунанд, ки ба буҷаи Тоҷикистон ҳамасола аз ҳисоби муҳоҷироне, ки дар Русия кор мекунанд, садҳо миллион доллар ворид мешавад.

Дар ин мусоҳиба Сироҷиддини Муҳриддин дар посух ба саволи ин ки то куҷо имкони пардохти пули молу маҳсулоти русӣ бо рубли русӣ вуҷуд дорад, гуфтааст, ки ин масъала “ба таври фаъол аз ҷониби вазоратҳои молияву бонкҳои миллии ду кишвар баррасӣ мешавад.”

Ӯ гуфтааст, ки айни замон кор дар самти муайян кардани дурнамои тавсеаи истифодаи пулҳои миллӣ, аз ҷумла, тафовут дар қонунгузориҳои миллӣ дар танзими асъор идома дорад.

Мизони савдои миёни Тоҷикистону Русия соли 2021 тахминан 1 миллиарду 400 миллон долларро ташкил дода, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба бештар аз 900 миллион доллар расидааст.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин сӯҳбат гуфтааст, ки “сохтори тиҷорати байни кишварҳои мо, ки айни замон аз маҳсулоти хом иборат аст, бояд ба шакли сифатан нав барояд” ва “бояд ба иҷрои тарҳҳои сармоягузорӣ дар истихроҷи маъдан, металлургия, нафту химия гузашт.”

Русия яке аз шарикони аслии тиҷоратии Тоҷикистон аст ва нафту гази зиёде ба кишвар мефурӯшад. Айни замон Русия бузургтарин кишвари муҳоҷирпазир ва мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик аст.

Дар гузашта борҳо шудааст, ки дар сурати сардие дар робитаҳои ду тараф Русия даста-даста муҳоҷирони тоҷикро ихроҷ кардааст ва бадгӯӣ дар ҳаққи онҳо низ дар чунин замонҳо дар расонаҳои Русия ҳам зиёд мешавад.

Баҳси вазъи Афғонистон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони Эрону Покистон

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар ҳошияи ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай, дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон, бо Саид Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Шаҳбоз Шариф, сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот анҷом дод. Дар ин бора сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон бо сарони Эрону Покистон масоили гуногуни марбут ба муносибат ва ҳамкории гуногунҷанбаи байни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз ҷумла, дар рафти мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Саид Иброҳим Раисӣ, роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон сарони давлатҳо аз равандҳои мусбати солҳои охир дар муносиботи Тоҷикистону Эрон, минҷумла муколамаи созандаи сиёсӣ ва тамоюли мусбати муомилоти тиҷоратӣ байни ду кишвар, ки дар шаш моҳи сипаришуда аллакай ба беш аз 116 миллион доллар расидааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Қобили зикр аст, ки ин нишондиҳанда дар соли 2021 ба 120 миллон доллар баробар буд.

Зимни мулоқот, Президенти Тоҷикистон бо такя ба арзишҳои муштараки таърихиву фарҳангии мардумони Тоҷикистону Эрон, нақши баргузории Рӯзҳои фарҳангии ҷонибҳоро дар қаламрави ҳамдигар дар ояндаи наздик ҷиҳати тақвияти равобити фарҳангии ду кишвар муҳим хонд.

Дар мулоқот бо Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои созанда бо Покистон аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар заминаи робитаҳо дар бахшҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия вусъати татбиқи тарҳҳои вобаста ба пайвасти шабакаҳои энергетикӣ ва нақлиётӣ, аз ҷумла САSA-1000 ва баромад ба бандарҳои Покистон ба манфиати ду кишвар хонда шуд.

Бо дарназардошти таҷрибаи ғании Покистон, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон барои таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди нахи пахта, пашму пӯст то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, коркарди сангҳои мармару хоро ва истеҳсоли шишаи сохтмонӣ изҳор карда шуд.

Зимни мулоқотҳо бо сарони кишварҳои Эрону Покистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, ба масъалаи Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, паҳлуҳои гуногуни авзоъ дар ин кишварро мавриди баррасӣ қарор дод.

“Дар шикам, дил ва тахтапушташ корд зад”. 10 соли зиндон барои куштори қудо

Аюб Якибов, як сокини ниҳояи Айнӣ дар куштори бераҳмонаи қудояш Розия Холова гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлати 10 сол равонаи зиндон гардид. Дар ин бора сомонаи расмии Прокуратураи генералии кишвар хабар медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, субҳи 14-уми июн, Аюб Якибов бо ғаразҳои шахсӣ қудояш Розия Холоваро ба қисмати шикам, дил ва тахтапушташ корд зада, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.

Розия Холова бар асари ҷароҳатҳои зиёди бардоштааш, дар роҳ ба беморхонаи шаҳраки Зарафшон -1, ба ҳалокат расидааст.

Тавре дар хабар гуфта мешавад, ангезаи аслии куштори Холова Розия аз ҳам ҷудо шудани писари ин зан бо духтари Аюб Якибов будаст. Ин зан писараш Холов Меҳваршоро соли 2018 бо Шоистаи Аюб, духтари Аюб Якибов оиладор мекунад ва пас аз ду сол, бинобар нофаҳмиҳо, онҳо аз ҳам ҷудо мешаванд.

Аз ҳам пошидани оилаи духтараш боиси ғазаби Аюб Якибов гашта, ӯ нақшаи куштори Розия Холоваро мекашад.
14-уми июни соли 2022, Аюб Якибов бо корди хоҷагӣ мусаллаҳ гардида, ба манзили истиқоматии Холова Розия меравад ва ӯро ба қатл мерасонад.

Ҳамин тавр, бо ҳукми суди ноҳияи Айнӣ аз 2-юми августи соли 2022, Аюб Якибов дар содир намудани ҷинояти дар моддаҳои 104 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор ва ба 10 соли зиндон маҳкум карда шуд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend