Сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

Тирпаронӣ дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон. Се қирғизистонӣ кушта шуд

Президенти Тоҷикистон ба муносибати Иди Ғалаба ба собиқадорон 15 ҳазор сомонигӣ ҷудо кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки барои пардохти кумакпулии якдафъаина ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) 855 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шавад.

Зикр шуд, ки аз ҳисоби фонди захиравии президент ҳар кадоме аз собиқадорони боқимонда 15 ҳазор сомонӣ (тақрибан 1,2 ҳазор доллар) мегирад.

Дар ҳамин ҳол, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфатоҳзода рӯзи 5 май ба иштирокчиёни ҶБВ аз шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода кумакҳои моддии президентро супуориданд.

Дар ин маросим зикр шуд, ки аз шаҳри Турсунзода беш аз 5 ҳазор нафар ба ҷанг сафарбар шуда, зиёда аз 2,2 ҳазор нафари онҳо дар майдонҳои набард ба ҳалокат расиданд. Имсол 77-умин солгарди Рӯзи Ғалабаро дар шаҳри Турсунзода 2 собиқадори ҷанг ва 4 коргари ақибгоҳ ҷашн гирифтанд.

Гуфта мешавад, аз шаҳри Ҳисор дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ беш аз 10 ҳазор нафар иштирок карда, зиёда аз 4 ҳазор нафар фавтидаанд. Дар ин шаҳр ҳоло се собиқадори ҷанг боқӣ мондаанд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур дода буд, ки ба ҳар кадоме аз собиқадорони муқими пойтахт 3 ҳазор сомонӣ дода шавад.

Ҳамагӣ чанд ҳафта пеш Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ хабар дода буд, ки то 20 апрел дар Тоҷикистон 59 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд. Ҳоло бошад, онҳо 57 нафаранд.

Соли гузашта то 20 апрел тибқи маълумоти раиси Шӯрои собиқадорони ҶБВ Раҳмат Қудратов, 98 нафар собиқадорон дар ҳаёт буданд.

Тирпаронӣ дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон. Се қирғизистонӣ кушта шуд

Расонаҳои қирғизӣ бо такя ба Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар медиҳанд, ки дар пайи як даргирӣ дар марз бо Ӯзбекистон се шаҳрванди ин кишвар кушта шудаанд. Ҷониби Ӯзбекистон то кунун дар бораи ин ҳодиса чизе нагуфтаст.  Сомонаи қирғизии Кактус Медиа менависад, ки ҳар се нафари кушта шудагон аъзои як оила будаанд.

Ин ҳодиса, 5-уми май дар мавзеи марзии Добо-Қурғони деҳоти Актами ноҳияи Алабукински вилояти Ҷалолобод рух додааст.

Бино ба хабари КДАМ Қирғизистон, дар ин даргирӣ як падар бо ду  фарзандаш, ки яке  24 ва дигарӣ 22-сол доштанд кушта шудаанд.

Бар пайи ин ҳодиса фармондеҳони марзбонии ноҳияи Алабукински Қирғизистон ва Янгиқурғони Ӯзбекистон мулоқот кардаанд ва ба тавофуқ расидаанд, ки имрӯз, 6-уми май пас аз таҳқиқоти хидматӣ низ дидор мекунанд.

Як моҳ қабл, 5-уми апрел ҳам дар натиҷаи чунин як даргирӣ ду шаҳрванди Қирғизистон аз сӯйи марзбонони Ӯзбекистон кушта шуда буданд. Ӯзбекистон гуфта буд, ки ин шаҳрванди Қирғизистон ба дунболи аспҳояшон ғайриқонунӣ ба марзи ин кишвар ворид шудаанд.

Дар ду соли оянда ИМА ба бахши амнияти Тоҷикистон беш аз 60 млн доллар ҷудо мекунад

“Ҳамчун далели ҳамкории қавӣ, мо ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 60 млн доллар ба сифати кумак ба соҳаи амният ҷудо кардем, ки он дар давоми ду соли оянда амалӣ ва расонида хоҳад шуд”, – изҳор дошт муовини сардори намояндагии ИМА Бридҷет Уокер дар маросими навбатии супоридани таҷҳизот ва мошинҳо ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Душанбе.

Тавре ки дар сомонаи намояндагии дипломатии ИМА дар ҶТ хабар дода мешавад, 5 майи соли ҷорӣ, Сафорати ИМА ба Вазорати мудофиаи ҶТ ҳашт мошини боркаши IVECO, рӯйкаши чархҳои мошин (покрышка) ва қисмҳои эҳтиётии IVECO-ро барои кӯмак ба Тоҷикистон дар ҳифзи марзҳо ироа кард.

Гуфта мешавад, мошинҳои боркаш ва қисмҳои эҳтиётӣ бо арзиши умумии 2,3 млн доллари ИМА, ба Вазорати мудофиа имкон медиҳанд, ки дар шароити вазнини релефи минтақаҳои сарҳадӣ амалиёт гузаронанд.

“Ин хайрияи нави мошинҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ ба Вазорати мудофиа имконият медиҳад, ки таҷҳизотро дар тӯли солҳои зиёд дар ҳолати корӣ нигоҳ дорад”, – менависад сафорат.

Зимни суханронӣ дар маросими супоридани таҷҳизот ва мошинҳо хонум Бридҷет Уокер иброз дошт, ки мошинҳо дар муқобили таҳдидҳои фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқчиёни маводи мухаддир, ҷангҷӯён ва ифротгароёни хушунатомез кумаки ҷиддӣ мекунанд.

“Ин хайрия танҳо як мисоли кумакҳое аст, ки мо ба артиши тоҷик мерасонем ва тааҳҳуди моро барои беҳбуд бахшидан ба тавонмандии Тоҷикистон барои дифои худ аз ҷангҷӯёни мусаллаҳ ва ҷилавгирӣ аз гардиши маводи мухаддири ғайриқонунӣ нишон медиҳад”, – хабар дод дипломати амрикоӣ.

Зикр мегардад, ки аз соли 1992 то ин ҷониб, Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон барои таъмини амният ба маблағи беш аз 330 млн доллар кумак расондааст. Ин кумак аз дарсҳои омӯзишӣ, таҷҳизот ва инфрасохтор иборат аст.

Дар чаҳорчӯби ин кумакҳо Амрико ба артиши Тоҷикистон ба маблағи беш аз 13 млн доллар 400 адад мошин ҷудо кардааст.

ИМА инчунин беш аз 10 000 нафар низомиён ва кормандони ҳифзи ҳуқуқро оид ба тактикаи муассир барои вокуниш ба таҳдидҳои террористӣ, муқовимат ба қочоқи маводи мухаддир ва гузаронидани амалиёти махсус омӯзонид.

Медали нуқраи паҳлавони ҷавони тоҷик дар Қазоқистон

Варзишгари тоҷик Фирӯз Мирзораҷабов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини юнонӣ-римӣ ба хотираи Жаксилик Ушкемпиров миёни ҷавонони то 20-сола дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон медали нуқра ба даст овард.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар мусобиқа беш аз 300 варзишгар аз минтақаҳои гуногуни Қазоқистон, ҳамчунин варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Эрон ширкат карданд.

“Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 60кг дар даври аввал озод буд. Сипас ӯ дар се давр бар ҳарифонаш пирӯз шуд, вале дар финал аз варзишгари кишвари мизбон мағлуб гардида, бо медали нуқра сарфароз гашт”, – омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, 4 варзишгари дигарамон – Сиёвуш Ачилов (63кг), Шероз Очилов (72кг), Султон Саидзода (72кг) ва Русланҷони Рустамҷон (82кг) дар даврҳои муқаддамотӣ аз ҳарифонашон шикаст хӯрданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар доираи мусобиқа курси омӯзишии Иттиҳоди ҷаҳонии гуштин (UWW) барои доварон баргузор шуд, ки дар он Фаррухрӯз Раҳмонов ва Ҷаҳонгир Аланазаров ширкат карданд ва баъд аз натиҷагирӣ, сазовори сертификати довари дараҷаи байналмилалӣ хоҳанд шуд.

Гусели 120 донишҷӯ аз Бохтар ба артиш

То ҳол беш аз 120 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Бохтар пас аз супоридани имтиҳони давлатӣ ихтиёран ба артиш сафарбар гардиданд.

“Аз ҷумла 35 нафар хатмкунандаи факултаи сиёсат ва идораи давлатии ин донишгоҳ ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ сафарбар гардида, хатмкунандагони 12 факултаи дигар омодагияшонро баён доштаанд”, – омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки сафи хоҳишмандони хидмат дар артиш майли афзоиш дорад ва рӯзҳои наздик сафарбарсозии гурӯҳи дигари донишҷӯён дар назар аст.

Ин дар ҳолест, ки аз донишгоҳу донишкадаҳо дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд низ гусели донишҷӯён ба хидмат идома дорад. Аз ҷумла ахиран 111 донишҷӯи умдатан хатмкардаҳои факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сафарбар шудаанд.

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон бо ироаи мактуб унвонии ректорони муассисаҳои олии ҷумҳурӣ иҷозат дод, донишҷӯёне, ки хоҳиши хидмати ҳарбӣ рафтанро доранд, имтиҳонҳоро пеш аз муҳлат супоранд.

Фаридун Маҳмадализода, котиби матбуотии Вазорати мудофиа гуфт, бо гузашти беш аз 1 моҳ аз оғози даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон 25 шаҳру ноҳия аз иҷрои нақшаи ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ гузориш додаанд. То ҳол нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба артиш дар Тоҷикистон наздик ба 70% иҷро шудааст, афзуд манбаъ.

Skip to toolbar