Тарроҳ, қӯроқдӯз ва рассом. Марям Исоева дар эҳёи ҳунарҳои қадима саҳм мегузорад

Марям Исоева тарроҳ, қӯроқдӯз, кашидадӯз ва рассом буда, маҳсули дастонаш борҳо дар озмуну фестивалҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд.

Дар коллексияи эҷодии ҳунарманди ҷавон қӯроқдӯзӣ ҷойгоҳи хос дорад. Ӯ тавассути матоъпораҳо на танҳо дастурхону болишту кӯрпача, балки либосҳои гуногун низ медӯзад.

Муаллифи Your.tj бо ҳунарманди ҷавон ҳамсуҳбат шуда, аз фаъолияти ҳунарӣ, дастовардҳо ва нақшаву ҳадафҳои ояндаи ӯ қисса кард.

Шайдои ҳунар

Марям Исоеваи 18-сола сокини шаҳри Истаравшан аст. Ӯ дар ихтисоси тарроҳи коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан таҳсил мекунад. Марям на танҳо тарроҳӣ, балки кашидадӯзӣ ва рассомиву қӯроқдӯзиро низ омӯхтааст.

“Шайдои ҳунарҳои атиқаам. Аз хурдӣ ба дӯзандагӣ ва ороиши либосҳо шавқи зиёд доштам. Дар хона кӯрпача, лӯлаву болишт ва дастурхони қӯроқӣ буд, ки бо як завқи баланд дӯхта шудаанд.

Ин ҳамаро медидаму ба ҳунари баланди ҳунармандон қоил монда, мехостам мисли онҳо эҷод намоям. Бо мурури вақт ба орзуям расидам ва ба ҳунари тарроҳӣ рӯй оварда, дар худ бисёр чизҳоро кашф кардам. Яъне дигар ҳунарҳоро низ омӯхтам”,- гуфт ҳунарманди ҳамакора.

Марям Исоева мегӯяд, ҳунарманд дар ҳама чиз зебоиро мебинад. Ба олам бо нигоҳи зебо менигарад. Аз чизи одӣ зебоӣ меофарад.

“Беҳуда “дасти одамизод гул” намегӯянд. Ҳунарманд бо дастони муъҷизаофараш ҳатто аз чизҳои нолозим чизҳои зебову зарурӣ меофарад. Барои ҳунарманд эҳсоси эҷодӣ ва диди зебо доштан муҳим аст”,- гуфт бонуи пурҳунар.

Қӯроқдӯзӣ бо тарҳи нав

Қӯроқдӯзӣ яке аз ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, дар гузашта бештар тарроҳон ба ин пеша машғул буданд. Чун онҳо ба пораи матоъҳои гуногун дастрасии зиёд доштанд, аз он дастархон, болишт ва ё кӯрпаву кӯрпача медӯхтанд.

Баъдан ин ҳунар миёни ҳамаи бонувон рушд кард. Ҳамагон кӯшиш мекарданд аз пораи матоъ чизе дӯзанд.

“Қӯроқ на танҳо ҷузъи рӯзгор, балки рамзи ҳунару зебоипарастии занони тоҷик аст. Нақшҳои гуногуни геометрӣ ва рангҳои дурахшон рамзи бахту саодат ва шодию баракат мебошанд. Имрӯз қӯроқдӯзӣ ҳамчун як бахши муҳими ҳунарҳои мардумӣ эҳё гардида, дар либосҳои миллӣ ва ашёи ороишӣ истифода мешаванд.

Ман, ки тарроҳам, кӯшиш кардам аз нав ин ҳунарро зинда созам. Ҳоло дар бисёр либосҳои дӯхтаам аз қӯроқ истифода бурдаам”,- иброз дошт Марям Исоева.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, қӯроқдӯзӣ ба назар осон намояд ҳам, ҳунари мушкилу заҳматталаб аст. Матоъҳои интихобкардаи қӯроқдӯз бояд аз рӯйи рангу навъ ба ҳам мувофиқ бошанд.

Аз тарроҳӣ то қӯроқдӯзиву рассомӣ

Марям Исоева хатмкардаи мактаби санъати бачагонаи рассомии шаҳри Истаравшан аст. Аз ин рӯ, аз уҳдаи тасвири нақшҳои миллӣ хуб мебарояд. Маҳз ҳамин зебоипарастӣ ӯро водор сохт, ки ҳунарманд шавад.

“Ҳунарманд бо донистани як-ду ҳунар наметавонад муваффақ шавад. Масалан, барои тарроҳ на танҳо дӯзандаи хуб, балки рассоми моҳир низ бояд буд.  Барои ҳамин, кӯшиш кардам, ҳарчи бештар ҳунар омӯзам.

Ҳоло аз уҳдаи тарроҳӣ, қӯроқдӯзӣ, кашидадӯзӣ, рассомӣ хуб мебароям ва кӯшиш дорам боз ҳунарҳои дигарро низ аз худ намоям”,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Маҳсули дастони Марям Исоеваро аҳли фарҳанг, санъаткорон ва арӯсшавандагон мехаранд. Зеро бисёре аз либосҳоияш бо сангу муҳраҳои ранга оро дода шудаанд.

Марям кӯшиш мекунад тавре муҳраҳоро чида дӯзад, ки аз онҳо нақшҳои миллӣ, аз ҷумла чакан омада мешавад.

Ғолиби озмунҳои ҳунарӣ

Марям Исоева иштирокдори чандин озмуну фестивал ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Дар бештари чунин озмунҳо ғолиб низ гаштааст. Ӯ бо шиори “ҳаргиз таслим нашав ва бо меҳнат ба орзуҳоят бирас” корашро пеш мебарад.

“Ин шиор ба ман нерӯ мебахшад. Бовар дорам бо меҳнати ҳалоли пайваста ба орзуҳоям мерасам. Ҳоло кӯшиш дорам ҳунари қадимаи қӯроқдӯзиро тавассути либос ба ҷаҳониён муаррифӣ намоям”,- гуфт ҳунарманди ҷавон.

Марям Исоева ғолиби даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, озмуни вилоятии “Бозиҳои миллӣ” ва озмуни “Ҷилои ҳунар”-и коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан ва иштирокдори даҳҳо озмуну фестивалиҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ мебошад

Абдуғаффор Шодиев

Skip to toolbar