Талаботи нави Русия. Муҳоҷирон бояд ҳади ақал оиди масъалаҳои иҷтимоӣ ва маишӣ бо забони русӣ озодона сӯҳбат кунанд

Мухтасари хабарҳои рӯз, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Таджикские трудовые мигранты в России

Акси марбута аз интернет: Муҳоҷирон дар Русия

Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе амалисозии лоиҳаи озмоишии насби ҳисобкунакҳои барқии биллингӣ оғоз шуд

Ҷорисозии низоми автоматишудаи назорат ва баҳисобгирии истифодаи барқ дар Душанбе дар доираи созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати ҷумҳурӣ ва консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати ҶДММ “Авеста Групп”, ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ва ҶДММ “Душанбе Сити”, ки ҳанӯз моҳи декабри соли 2019 ба имзо расида буд, амалӣ мешавад.

Лоиҳа дар умум 88 млн доллар арзиш дошта, дар чаҳорчӯби он зиёда аз 250 ҳазор адад ҳисобкунакҳои нави барқӣ харида мешаванд.

Низоми биллингӣ – низоми автоматишудаи баҳисобгирии хизматрасонӣ, тарофабандии он ва пешниҳоди ҳисоб барои пардохт аст. Ҳисобкунакҳои барқии бо усулуби билнг коркунанда ҳамаи маълумоти марбут ба интиқол ва тақсимоти барқро ҷамъоварӣ ва ба ширкати таҳвилгар пешниҳод мекунанд. Ҳисобкунакҳои мазкур дар хонаҳои сокинони Душанбе ройгон насб карда мешаванд.

Ба гуфти мутахассисони соҳа пас аз татбиқи лоиҳа талафоти техникии барқ дар шабакаҳои барқ аз 19%-и ҳозир мавҷуда то 12% кам мешаванд..

Маркази милии тести довталабонеро, ки аз ҳама холи баландро соҳиб шуданд, қадрдонӣ кард

Маркази милии тестӣ дуюм сол мешавад, ки барои довталабони бо холҳои аз ҳама зиёд диншҷӯйи донишгоҳҳои кишвар шудаанд, туҳфа месупорад. Имсол ба “даҳгонаи беҳтарин”-и имтиҳонҳои дохилшавӣ 14 нафар шомил шуданд, ки бештари онҳо духтаронанд. Дар маҷмуъ, дар ду бахш 34 донишҷӯй сазовори туҳфаҳои Маркази милии тестӣ шуданд.

Чорабинии мазкур дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали Ибни Сино баргузор шуд. Қисми зиёди донишҷӯёни “Даҳгонаи беҳтарин” ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуда буданд. Мақсади баргузории чунин як чорабинӣ ҳавасмандгардонии довталабон ё худ донишҷӯшавандаҳо ба донишомӯзист.

Ба даҳгонаи беҳтарин ва тамоми нафароне, ки балҳои зиёдро соҳиб шуданд, планшет, китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров, сертификат барои хариди ашёҳои хониш аз ширкати “Сиёма” ва симкортҳои нуқрагин аз ширкати Tcell туҳфа карданд.

Сӯхтор дар Донишгоҳи Кӯлоб

Як қисмати бинои Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ дар Кӯлоб, бар асари сӯхтор оеби ҷиддӣ дидааст. Ба иттилои манбаъ, сӯхтор дар муассисаи мазкур соати 3:50 бомдоди 3-юми июн сар задааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби сӯхторро “риоя накардани меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор” гуфтааст. Бино ба иттилои ВКХ, оташ 200 метри мураббаъ болопуши боми бино ва толори маҷлисгоҳи донишкадаро фаро гирифтааст. Аз ҷониби мақомот таҳқиқи ҳодиса оғоз шуда, зарари оташсӯзи муайян карда мешавад.

Талаботи нави Русия барои муҳоҷирон

Ҳукумати Русия талабот ба сатҳи ҳадди ақалли донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русияро барои коргарони хориҷӣ тасдиқ кард. Ин санад дар сомонаи расмии маълумоти ҳуқуқии Русия нашр шудааст.

Муҳоҷирон корӣоиди масоили иҷтимоиву маишӣ ва баъзе мавзӯъҳои касбӣ бояд озодона бо забони русӣ ҳарф зада тавонанд. Ин ба маосили қабул ба кор, машварат дар беморхона ва муроҷиат ба пулис дахл дорад.

Зимни супоридани имтиҳон аз таърихи Русия дониши хориҷиён оид ба рӯйдодҳои калидӣ, донистани номи шаҳрҳои бузургтарин ва ҷашнҳои давлатӣ санҷида мешавад. Ҳамчунин, онҳо бояд ҳуқуқҳо ва озодиву уҳдадориҳояшонро ҳангоми ҳузур дар қаламрави ин кишвар, донанд.

Ҷавони тоҷик мудири молии Анҷумани донишҷӯёну хатмкардаҳои Донишгоҳи Ҳардвард шуд

Фаридун Назаров, аз Тоҷикистон мудирии молии Анҷумани донишҷӯён ва хатмкардаҳои донишгоҳи машҳури Ҳардвард шудааст. Ӯ соли 2008 барои таҳсил ба ИМА рафтааст ва ҳоло номзадаи дараҷаи ALM (барномаҳои мудирияти чархаи умр ) дар Донишгоҳи Ҳарвард мебошад.

Тавре сомонаи “Салом Амрико” менависад, ӯ дар бахши таъмини манзил ба донишҷӯёну таҷрибаомӯзон таҷрибаи беш аз 10-сола дорад.

“Аз мушкили манзил ва душвориҳои дигари берун аз шаҳраки донишҷӯён, ки муҳассилин ва муассисаҳои таълимӣ ҳамарӯза дучор меоянд, ба хубӣ огоҳ аст”,-менависад ин манбаъ.

Яке аз лоиҳаҳои муваффақи Фариддун 4stay мебошад, ки дар якҷоягӣ бо ҳамватани дигарамон Акобир Ахмедов роҳандозӣ карда буданд. Вақте Фариддун дар Амрико хонаи иҷора намеёбаду ӯро лозим меояд дар метро бихобад ва ҳангоме ки тариқи сомонаи амрикое хонаи иҷора дарёфт мекунад, қариб ки ӯро бикушанд. Пас аз ин воқеаҳо Фариддун ва Акобир тасмим меги ранд, ки платформаеро барои дарёфти хонаи иҷора бо нархи арзон ва мӯҳлати дароз, барои донишҷӯён роҳандозӣ намоянд.

Лоиҳаи онҳо ба зудӣ пешрафт кард ва то имрӯз онҳо 18 сармоягузори амрикоиро ба лоиҳаашон ҷалб намудаанд. Соли 2016 бошад Washington Business онро стартап – лоиҳаи беҳтарини ҳафта номида буд.