Қиссаи зиндагии муаллими деҳа. Ӯ ҳар рӯз 5 км роҳро пиёда тай мекунад

Муродбек Тухтаев кори муаллимиро бе диплом оғоз намудааст.


Муаллим Муродбек дар мактабҳои ду деҳаи ноҳияи Деваштич ба хонандагон дарс мегӯяд. Ӯро 20 сол пеш ба сифати муаллим ба кор даъват карда буданд, он замон ӯ ягон маълумоти олӣ надошт. Муродбек ба мо дар бораи чӣ тавр бе маълумоти оли ба хонандагон дарс гуфтану барои шогирдан ҳар рӯз 5 км роҳро пиёда тай карданаш қисса кард.

Муаллими бе диплом

Муродбек Тухтаев дар деҳаи Басманда, дар оилаи муаллим ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаб аз сабаби тангдастӣ волидонаш наметавонанд ӯро ба донишгоҳ дохил кунанд. Вақте дар деҳа мактаби нав кушода мешавад, муаллим намеёбанд. Сарвари мактаб Муродбекро барои кор даъват мекунад.

“Чун медонистанд, ки падари ман омӯзгоранду ман аз нозукиҳои ин касб бохабарам, даъватам карданд. “Дар мактаб муаллим намерасад ту бошӣ аз ӯҳдаи кор мебароӣ, биё ба синфҳои ибтидоӣ дарс деҳ. Ман худам ҳуҷҷатҳоятро бурда ба колеҷи омӯзгорӣ месупорам”, гуфт директор. Ман ҳам беихтиёр қабул кардам”, – нақл мекунад, Муродбек.

Пас аз он ки Муродбек кори муаллимиро оғоз мекунад, ҳамзамон ба Колеҷи омӯзгории шаҳри Бӯстон дохил мешвад. Пас аз хатми колеҷ ба факултаи равоншиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дохил шуда онро низ бо мувафақият хатм менамояд. Акнун Муродбек муаллими касбист.

12 сомонӣ маош барои 19 соати корӣ

Се бародари Тухтаев дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданд, вале Муродбек касбро тарк накарда солҳои душворро паси сар кард, то ки насли оянда бе маълумот намонад. Чун ба нақли ӯ барои 19 соати корӣ бо маоши 12,88 сомонӣ тӯй кардан, мошин харидан ва бемор шудан шудан мумкин набуд, зеро бо ин нарх он замон танҳо як халта орд гирифтан мумкин буд.

“Музди ночиз як мушкили ва норасоии маводҳои таълимӣ барои хонандагон мушкилии дигари мактабҳои деҳот буд. Муҳимтарин китобҳои таълимӣ – забони тоҷикӣ ва математика хеле камчин буданд. Бо мурури замон марҳила ба марҳила маоши омӯзгорон боло бурда шуд ва имрӯз ман дар 22 соати дарсӣ 1000-1200 сомонӣ маош мегирам. Бо ин маош хароҷоти зиндагиро як илоҷ карда мепӯшонам, аммо барои иҷрои нақшаҳои бузург боз даромади иловагӣ лозим”, – нақл мекунад, муаллим Тухтаев.

“Хондагиҳо чӣ шуданд”

Муаллим Муродбек нақл мекунад, ки солҳои аввали омӯзгорӣ дар мактаб барояш хеле душвор афтод. Барои такмили малакаи омӯзгорӣ ӯ бештар ба дарси устодони соҳибтаҷириба иштирок менамуд ва дар як вақт барои аз бар намудани фанҳои таълимӣ бо хар хона ба хона гашта, китоб ҷустуҷӯ мекард.

Мактаби муаллим Муродбек

Ба гуфти муаллим дар солҳои 2001-2002 худи хонандагон ва волидон он қадар шавқманди дар мактаб таҳсил кардан набуданд. Хусусан духтаронро намегузоштанд, ки ба мактаб раванд.

“Он солҳо мардум зиндагии мушкили омӯзгоронро дида ба фарзандонашон мегуфтанд, ки “хондагиҳо чӣ шуданд, ки бо ту шавӣ, фалон муаллимро бин 5 сол дар пойтахт хонда омад, вале зиндагиашро ба зӯр пеш мебарад”.

Бисёриҳо ҳатто намехостанд, ки фарзандонашон ҳатто дар мактаб таҳсил кунанд, маълумотӣ оли як тараф истад. Чандин шогирдонамро бо зориву тавалло ба мактаб овардам, хусусан духтаронро намегузоштанд, ки то охир хонанд”, – мегӯяд, омӯзгор Тухтаев.

Ҳоло бошад ҷой кардани хонандагон дар мактаб мушкилии муассисаҳои таълимист. Акнун духтаронро на танҳо барои синфи болоиро хондан иҷозат медиҳанд, балки онҳоро ба мактабҳои оли дохил мекунанд.

Азоби муаллимӣ

Дарс гуфтан ба мактаббачагони синфҳои ибтидоӣ, хусусан синфҳои якум кори саҳлу осон нест ва аз омӯзгор сабрро металабад. Барои қаҳрамони мо низ аз ҳама кори мушкил дарс гуфтан ба хонандагони синфҳои ибтидоист.

“Соли 2003 вақти таълими алифбо рӯзе ба гурӯҳи синфҳои якуми муаллим Ҳақназаров Эгамназар даромадам, ки муаллим сарашонро ба девор зада истодаанд. Муаллим хайр нахонд не дия, охир, саратонро ба девор назанед. “Ҳой Муродбек синфи якум гир баъд ҳолатро мебинем”, гуфтанд он кас.

Пас аз як сол ман синфи якум гирифтам, баъдан муаллим Ҳақназаровро дарк кардам. Вақте ба хонанда мегӯӣ, ки “бачаҷон ин ҳарфи “А” аст, фаҳмидӣ?”, мегӯяд “ҳа, малим, фаҳмидам”. Хайр чӣ будааст ? “ҳарфи “Б” малим”. Анан ин ҳолати фаҳмондадиҳӣ ками кам даҳ бор зиёд идома меёбад”, – мегӯяд муаллим.

Муаллими ду деҳа

Бинобар кам будани маош тайи ду соли ахир Муродбек Тухтаев дар ҳамсоядеҳаи Қалъаи Дӯст дар мактаби №50 соати дарсӣ гирифт.

Мактаби рақами 47-и деҳаи Басманда

Ҳоло Тухтаев омӯзгори мактабҳои ду деҳа аст. Аз деҳаи Басманда то деҳаи Қалъаи Дӯст 5 км роҳ аст ва қаҳрамони мо ҳар рӯз барои ба шогирдон дарс гуфт ин роҳро пиёда тай мекунад. Баъзан одамони хайрхоҳ бо мошинашон ӯро ба манзил мерасонанд ва баъзан ҳатто шогирдони худаш, нигоҳ накарда мегузаранд.

“Як рӯз нисфирӯзӣ пас аз дарс аз Қалъаи Дӯст ба Басманда меомадам. Зимистон ҳаво сард ва тумани зич буд. Роҳи байни деҳаҳо чор-панҷ километр аст ва дар роҳи байни ду деҳа аз сойи калони канори роҳ гургҳо камин гузоштаанд. Худо мегуфтам, ки як мошин гузарад.

Баъди чанд лаҳза мошине омад, ки ронандааш шогирди собиқам буд ва даст бардоштам то манъ кунад, вале надошт. Пас аз 100-150 метр мошин истод наздик омадам, ки муҳаррики мошин хомӯш шудааст, фт “устод, биёед мошинро тела кунем устод”. Майлаш гуфтам ва то ҷойи дастбардоштаам тела кардем, ки мошин ба кор даромад ва шогирд роҳашро идома. Ман бошам пиёда роҳҳо то мактаби деҳа омадам”, – ба хотир меорад, муаллим.

Шогирдони бовафо

Чӣ тавре, ки муаллим Муродбек иқрор шуд, ҳастанд шогирдону ҳамдеҳагоне, ки дар роҳ агар ӯро бинанд, то манзил бурда мерасонанд. Пас аз дарс бошад, баъзан я гурӯҳ шогирдонаш бо ӯ ҳамроҳ шуда то баромадгоҳи деҳа мерасонанд

“Вақте аз баромадгоҳи деҳа баромадам ва роҳ сӯйи мактаби ҳамсояқишлоқ пеш гирифтам, ки як шогирди деринаам мошинро манъ карду гуфт “малим, куҷо меравед?” гуфтам мактаби Қалъаи Дӯст “шинед ман низ ҳамонҷо кор дорам”.

Маро то назди мактаб оварда, мошинро ба самти дигар ҳаракат дод. Гуфтам, ки “куҷо гаштӣ бо” шогирд гуфт, ки “ман заминҳои поёни деҳа бояд мерафтам ва гуфтам шуморо расонида баъд равам”. Ӯ барои ман шуда, ба деҳаи ҳамсоя омада будааст”, – нақл мекунад муаллим.

Муаллим Муродбек ҳоло соҳиби 4 фарзанд – се духтару як писар мебошад ва мехоҳад ҳамаамаашон соҳибмаълумот шаванд. Бисёриҳо тавсия медиҳанд, ки ба муҳоҷират равад, фарзандонаш калон шудаанду барои хонондану хонадор кардани онҳо пул лозим мешавалд. Аммо муаллим шогирдонашро раҳо кардан намехоҳад.

Нуралӣ Карим