Александр Сёмин, қотил ва таҷовузгар эътироф шуда, ба 24 соли зиндон маҳкум гардид. Ин ҳукм имрӯз, 15-уми март аз ҷониби Суди шаҳри Масква бароварда шуд.
Маҳкумшуда, Александр Сёмин ба таҷовуз ва қатли Ҳувайдо Тиллозода, духтари 5 – солаи тоҷик муттаҳам дониста мешуд.
Падари Ҳувайдо Тиллозода Абдусалом Саидов ба “Азия-Плюс” гуфтааст, панҷ сол барои адолати судӣ мубориза бурд ва ниҳоят рӯҳи духтараш шод мешавад.
“Қотили фарзандам имрӯз ҷазои сазовор гирифт, зеро тамоми Тоҷикистон бо мо буд. Панҷ сол ин рӯзро интизор будем. Акнун рӯҳи духтарам шод аст”.
Модараш, Нигина Тиллозода, ки дар Тоҷикистон аст, гуфтааст,
“Панҷ сол руҳану ҷисман шикастем, вале боз хестему даъво кардем. Дуоямро Худо шунид ва руҳи фарзандам акнун ором аст”.
Аммо “Радиои Озодӣ” аз суҳбати падари Ҳувайдо менависад, ӯ ба ҳукм розӣ нест ва мехоҳад аз рӯйи он шикоят барад. Абдусалом Саидов дар сари гӯри духтараш ваъда дода будааст, ки “то гумонбар ҳабси якумрӣ нашавад, ором нахоҳад гирифт”.
“Мехоҳам, аз рӯйи ҳукм шикоят кунам. Вай бояд ба ҳабси якумрӣ маҳкум шавад. Ҳоло 24 сол зиндонӣ карданд. Аз ин чор солу ҳафт моҳаш кам мешавад, чун дар ин муддат дар боздоштгоҳ аст”,- илова намуд ӯ.
Ба иттилои манбаъ пайвандони Сёмин дар додгоҳ сухан нагуфтаанд, вале вакили мудофеяш ҳукмро сангин донистааст.
Ёдрас мекунем, ки Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуд. Як рӯз пас ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд.
Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист. Ташхиси судиву тиббӣ нишон дод, ки нахуст ба номуси ӯ таҷовуз шуда, сипас духтарча бо корд кушта шудааст.
Таҷовуз ва қатли Ҳувайдои 5 – сола яке аз ҳодисаҳои пурсарусадо дар Тоҷикистон ва расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ буд. Аммо ба далелҳои номаълум қариб панҷ сол кашол ёфтани мурофиаи он нигарониҳо дар мавриди таъмини адолатро ба бор овардааст.