Духтараке, ки 29 сол пеш дар Тоҷикистон гум шуда буд, таҷовуз ва кушта шудааст

Таҷовуз ва куштори духтараки 8-сола дар Тоҷикистон баъди 29 сол ошкор шуд

Ҷинояти таҷовуз ва куштори як духтари ноболиғ дар шаҳри Истиқлол (Табошар) баъди 29 соли бедарак шудани ӯ ошкор шудааст. Боқимондаҳои ҷасади Екатерина Дмитриеваи 8-сола ба наздикӣ ёфт шудааст, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон дар барномаи телевизионии “Пайки Суғд”.

Ба иттилои манбаъ, ҷинояти мазкур дар ҳамкории ВКД Русия ошкор шудааст.

Соли 1994 Екатерина Дмитрива Сергеевна, ки соли 1986 ба дунё омада, он вақт ҳамагӣ 8 сол дошт ба таври ноаён бедарак ғайб зад.

“Кӯшиши пайвандон ва мақомот барои ёфтани духтарак бенатиҷа буд, то замоне ки мақомоти корҳои дохилии Русия ҷинояткори махсусан хавфнок Шавкат Шаяхмедов соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Залегошенски вилояти Орлови Русияро бо ҷурми силсилакушторҳои характери ахлоқидошта (таҷовуз ба номус) дастгир накард”,- гуфта мешавад дар хабар.

Номбурда аз тарафи мақомоти интизомии Русия бо ҷурми таҷовуз ба номус ва куштори ҳамсоядухтари ноболиғаш охирҳои соли 2022 боздошт ва дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ иқрор мешавад, ки дар ҳудуди ин кишвар қаблан ду ноболиғ ва як занро бо ҳамин шева кушта, ҷинояташ пӯшида ва беҷазо мондааст.

“Ӯ ҳамчунин аз ҷинояте маълумот медиҳад, ки дар ҳудуди Тоҷикистон соли 1994 анҷом додааст. Аз гуфтаҳои ҷинояткор бармеояд, ки ноболиғ Екатерина Дмитриева аз аввалин қурбониҳои ӯ мебошад, ки таҷовуз, кушта ва дар таҳхонаи бино пинҳон карда шудааст”,- омадааст дар гузориши ВКД.

https://youtu.be/CdfxlXMBwX0

Гуфта мешавад, пас аз 29 сол ҷасади духтарро дар шаҳри Истиқлол дар таҳхонаи манзили истиқоматии воқеъ дар кӯчаи Камоли Хуҷандӣ, 19 (қаблан ин кӯча Гагарин ном дошт пайдо карданд. Маълум шуд, ки духтарро аввал таҷовуз карда, сипас куштаанд.

“Шавкат Шаяхмедов ноболиғро дар хонаи худ, воқеъ дар кӯчаи Бинокор таҷовуз карда ӯро ба қатл мерасонад. Сипас ҷасадро дар халта пинҳон карда, зери таҳхонаи хонаи хушдоманаш дар кӯчаи Гагарин зери хок мекунад”,- гуфта мешавад дар гузориш.

Шавкат Шаяҳмедов соли 1960 дар ноҳияи Пахтаободи Узбекистон ба дунё омада, баъди оиладоршавӣ давоми солҳои 1982-1995 дар шаҳри Истиқлол (Табошар)-и Тоҷикистон зиндагӣ кардааст. Баъдан ба Узбекистон ва аз он ҷо соли 1998 ба Русия кӯч бастааст.

Суд ба ӯ барои ҷиноятҳои мудҳишаш ҷазои ҳабси якумра дод, вале ҳамагӣ баъди ду моҳи эътибори қонунӣ пайдокардани ҳукм моҳи майи соли 2023 дар зиндон вафот мекунад.

Skip to toolbar