Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон. Кӣ рафту кӣ омад?

Ҷамолиддин Нуралиев аз мақомаш барканор шуд

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва домоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар аз мақомаш барканор шуд.

Дар фармони далели барканории Нуралиев аз мақомаш, ки аз сӯйи раисҷумҳур содир шудааст, омадааст, ки “бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад”.

Ин фармони Эмомалӣ Раҳмон барои таъйид ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Фармони барканории Ҷамолиддин Нуралиев имрӯз, 10.06.2022 содир шудааст. Дар ҳамин ҳол гуфта намешавад, ки Нуралиев дар чӣ мақоми наве таъин шудааст.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон ҳамчунин аз тағйироти кадрии зиёде дар сохторҳои гуногуни давлатӣ хабар медиҳад.

Бо як қарори дигари ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин Сафарзода Дилшод Файзалӣ директори Оҷонсии ҳавонавардии мулкӣ (Агентии авиатсияи граждани)-и назди ҳукумати Тоҷикистон таъин шудааст. Дилшод Сафарзода то ин вақт сардори раёсати сохтмони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон буд.

Бо қарорҳои дигари раиси ҳукумати Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода Баҳодур ва Холмухамадзода Сорбони Амирхонӣ муовинони вазири энергетика ва захираҳои об ва Ҷаббор Носирзода, ки то ин вақт раиси ноҳияи Шаҳринав буд, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон таъин шудааст.

Мудирони нави Осорхонаи миллӣ, Маркази барномаҳои байналмилалии маориф ва раиси Шаҳринав

Дар идомаи тағйироти кадрии имрӯз, мудири Осорхонаи миллии Тоҷикистон, мудири Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм ва муовинони мудири Маркази тестии назди ҳукумати Тоҷикистон ҳам барканор шуданд ва ба ҷойи онҳо мақомдорони нав  таъин шуданд.

Зафаршо Иброҳимзода, ки то ин вақ муовини мудири Осорхонаи миллӣ буд, ҳоло мудири ин Осморхона таъин шуд. Мудири пешини Осорхонаи миллӣ, Аҳлиддин Ибодуллозода ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъин шуд.

Рамазон Одиназода, ки то чанде пеш раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони илму маориф буд, ба ҷойи Исматулло Шодиён мудири Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм таъин шуд.

Уктам Олимҷонзода ва  Абдулвосит Шодиниё вазифаҳои муовини мудири Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистонро ба даст оварданд.

Илҳомҷон Қодирӣ, декани собиқи факултаи филолгияи Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрави Бохтар мудири Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон таъин шуд. Алимардонзода Ориф Алимардон аз вазифаи мудирии ин Мактаб барканор шуд.

Ҷӯразода Кабир Каримҷон ҳам бидуни зикри барканорӣ аз вазифаи мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ озод кард шуд.

Ҳамчунин Вализода Абдуқодир Исуф шаҳрдори собиқи Кӯлоб ба ҷойи Ҷаббор Носирзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав таъин шуд.

Парвозҳои мустақими ДушанбеТеҳрон 13 июн оғоз мешаванд

Парвозҳои мустқими ҳавопаймо дар хатсайри Теҳрон-Душанбе-Теҳрон 13-уми июн оғоз мешаванд. Дар ин бораи хабаргузории “Ирно”-и Эрон дар такя ба вазири роҳу шаҳрсозии ин кишвар Рустам Қосимӣ хабар медиҳад.

Рустам Қосимӣ гуфтааст, ки бар асоси тавофуқи ҳосилшуда дар сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Теҳрон рӯзи 13-уми июн парвозҳои мустақими ду кишвар оғоз мешаванд, ки ҳафтае ду парвоз анҷом мешавад.

Вазири роҳу шаҳрсозии Эрон гуфтааст, ки мувофиқи тавофуқ теъдоди парвозҳо оҳиста-оҳиста то чаҳор парвоз дар як ҳафта бояд расонда шавад.

Дар охири моҳи апрел Оҷонси ҳавонавардии мулкии Тоҷикистон  ҳам ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки ин парвозҳоро роҳандозӣ мекунад.

Оҷонсӣ гуфта буд, ки дар оғоз парвозҳоро дар ин хатсайр ширкати Iran air анҷом медиҳад.

“Iran air дар як ҳафта ду парвоз анҷом медиҳад. Дар идома вобаста ба имкониат ширкати «Сомон Эйр» ҳам дар ин масир парвоз анҷом хоҳад дод», – гуфта буданд дар ин ниҳод.

Муҳоҷирони мутахассис аз Тоҷикистон метавонанд дар Русия ВНЖ-и бемуҳлат гиранд

Ба хориҷиёне, ки дар Русия ба ҳайси мутахассиси баландихтисос на камтар аз ду сол кор мекунанд,  Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ)-и бемуҳлат дода мешавад.

Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонунро дар бораи имкони ба мутахассисони ҳирфаии хориҷӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки дар қаламрави Русия кор мекунанд, додани Ҳуҷати иҷозаи зисти бемуҳлат дар қироати сеюм қабул кард.

Иҷозаи зисти бемуҳлатро хориҷиёне гирифта метавонанд, ки дар Русия ба сифати мутахассисони соҳибтаҷриба на камтар аз ду сол кор карда бошанду агар корфармо пардохти зарурии ҳамаи андозҳоро анҷом дода бошад.

Ба ин тариқ, мутахассис бо гирифтани Ҳуҷҷати иҷозаи зисти бемуҳлат ва гузаштан ба категорияи иқомати доимӣ дар кишвар, метавонад дигар иҷозатномаи дахлдор барои корро нагирад ва расмиёти дастрасии мақоми мутахассиси ихтисосаш баландро анҷом надиҳад.

Агар муҳоҷир расмиёти гирифтани ин мақомро анҷом дода бошаду лекин барои дастрасии иҷозатномаи кор ба ВКД ё мақомоти минтақавӣ муроҷиат накарда бошад, “дар лоиҳаи қонун аз байн бурдани иҷозатномаҳои кор барои мутахассисони баландихтисос пешбинӣ шудааст”.

Ёдрас мекунем, ки ба номгӯи касбҳо барои мутахассисони баландихтисоси кишварҳои хориҷӣ, ки ба онҳо квота ва иҷозатнома барои кор талаб намешавад, 78 ихтисос дохил аст.

Дар ин номгӯй авиатехникҳо, ҳунармандон ва актёрҳо, роҳбарону менеҷерҳо, муҳандисону хабарнигорон, тарҷумонҳо, техникҳо, рассомон ва сарошпазон зикр шудаанд.

Skip to toolbar