Тағйироти кадрӣ: аз КДАМ то Кумитаи рушди маҳал

Дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сардорони як қатор раёсатҳои Прокуратураи генералӣ ва прокуророни ноҳияҳои Ванҷу Мурғоби ВМКБ, ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Ховалинги вилояти Хатлон, шаҳри Бӯстон, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд иваз гардиданд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, инчунин, сардорони нави шуъбаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ва раёсатҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар минтақаҳои Кӯлоб ва Рашт низ таъйин гардиданд.

Акс: Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Бо қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон муовини якум ва муовини вазири адлия, муовини вазири фарҳанг, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ва муовини раиси Кумитаи рушди маҳал таъйин шуданд.

Пешниҳоди президент дар бораи бозхонди Асомуддин Бобохонзода аз вазифаи судяи Суди Олӣ “бинобар гузаштан ба кори дигар” ба Маҷлиси миллӣ ирсол гардид. Ҳамчунин пешниҳодҳо оид ба тағйирот дар Палатаи ҳисоб таъйини Шуҳрат Аҳмадзода ба вазифаи муовини раиси ниҳод ва Парвиз Маҳмадшарифзода ба мақоми сараудитор ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуданд.

Акс: Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

25 феврал президент Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳои таъйиншуда мулоқот карда, ба онҳо вобаста ба суръат бахшидани рақамикунонӣ, рушди пардохтҳои ғайринақдӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва коррупсия, таъмини волоияти қонун ва беҳтар намудани муносибат бо шаҳрвандон дастурҳо дод.

Skip to toolbar