Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ гузаронид

Тағйирот дар ҳайати роҳбарӣ ва фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ

Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон имрӯз, 7-уми август дар ҳайати роҳбарӣ ва фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ тағйироти кадрӣ ба амал овард.

Бо фармонҳои роҳбари давлат муовини аввал-сардори Сарситоди ҚС, муовинони Фармондеҳи ҚС КДАМ Тоҷикистон ва дигар ҷузъу томҳои воҳиди мазкур иваз карда шуданд.

Ҳамин тариқ, тибқи фармон:

  • Ҳикматулло Пиракзода аз вазифаи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон – сардори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд озод карда шуда, Умарзода Умар ба ҷои ӯ дар ин вазифа таъйин гардид.
  • Насимҷон Раҷабзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон – сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон озод ва ба ҷои ӯ Ҳикматулло Пиракзода ба ин вазифа таъйин гардид.
  • Кишваршо Хушвахт бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон оид ба разведка озод карда шуда, ба ҷои ӯ Тоҷиддин Шоҳвализода соҳиби ин курсӣ гардид.
  • Қайд мегардад, ки кадрҳои нав аз ҳисоби афсарони соҳибтаҷриба, хатмкардагони ду муассисаи олии ҳарбии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар дорои маҳорати хуби фармондеҳиву ташкилӣ, содиқу корозмуда таъин гардиданд.

Гуфта мешавад, тағйироти кадрӣ инчунин дар ҳайати роҳбарии отрядҳои сарҳадии вилояти Хатлон, ВМКБ, вилояти Суғд ва дигар воҳидҳои сохтории ҚС КДАМ ба амал омад.

Дар Қасри миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳои навтаъин суҳбат намуда, аз беҳтар гардидани шароити зисту пешбурди хизмат дар Қӯшунҳои сарҳадӣ ёдовар шудааст.

Президент бо дарназардошти вазъи печидаву мураккаби минтақа ва ҷаҳон таъкид намуд, ки ҳамагуна қонуншиканӣ дар сарҳад бояд бартараф шавад.

Гуфта мешавад, роҳбари давлат бо таҳлилу баррасӣ аз ҳодисаҳои дар сарҳад рӯйдода, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷинояткории муташаккил, убури ғайриқонунии сарҳад, муносибатҳои ғайриоинномавӣ, қочоқи молу маҳсулот ва пешгирӣ аз амалҳои террористиву гуруҳҳои муташаккили ҷиноии фаромиллӣ ба роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дастурҳои мушаххас доданд.

“Сарҳадбон будан вазифаи пуршарафу муқаддасест, ки тинҷиву амонии давлат, якпорчагӣ  ва рушди минбаъдаи он аз хизмати софдилонаву садоқатмандонаи Шумо афсарону сарбозони шуҷои Ватан сахт вобастагӣ дорад”,- иброз намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Skip to toolbar