Марде дар Хуҷанд сурудҳои Аҳмад зоҳирро замазама мекунад

“Сурудҳои Аҳмад Зоҳир “деги сиёҳам”-ро меҷӯшонад”. Марде бо аккардион дар кӯчаҳои Хуҷанд пул кор мекунад

Дар шаҳри Хуҷанд марде бо аккардион сурудҳои шодравон Аҳмад Зоҳирро замзама намуда, диққати атрофиёнро ба худ ҷалб мекунад. Маъмур Ҳукмонови 58 сола ба ин васила зиндагиашро пеш мебарад. Ӯ маҳорату садои хуб ва ҳатто маълумот ҳам дорад, аммо зиндагӣ маҷбураш кардааст, то ин ҳунарро на дар саҳна, балки дар кӯчаҳои шаҳр пешкаши мардум созад.

Муаллифи Your.tj бо ин марди наҷиб аз наздик ҳамсуҳбат шуда, бо вазъи зиндагиву рӯзгори ӯ ошно гардид.

Маъмур аз 7 солагӣ ба навохтани асбобҳои мусиқӣ мароқ дошт. Инак, наздики 50 сол аст, ки дар олами мусиқӣ мувофиқи табъи худ зиндагӣ мекунад. Ӯ ҳоло ба туфайли сурудҳои ҳофизи нотакрор Аҳмад Зоҳир зиндагиашро пеш мебарад. Ба гуфти худаш “деги сиёҳи зиндагӣ”-ро меҷӯшонад.

Аккардион дар дасташ буда 18-умин асбоби мусиқии ӯ мебошад. Мегӯяд, бо гузашти солҳо, асбобҳои зиёди мусиқиаш фарсудаву корношоям шуд, аммо сурудҳои Аҳмад Зоҳир ҳамеша тозаву дилчасп монданд.

“Зани беморамро бо сурудҳои Аҳмад Зоҳир табобат мекунам”

Қаҳрамони мо дар ҷамоати деҳоти Далёни ноҳияи Деваштич ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна дар Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз таҳсил кардааст.

Ӯ солҳо дар зодгоҳаш зиндагӣ кард, вале вазъияти рӯзгораш рӯз то рӯз  бад мешуд. Барои ҳамин маҷбур шуд ба шаҳри Хуҷанд кӯч бандад.

Дар мактаби №12-и микроноҳияи 8-уми шаҳри Хуҷанд, сипас дар мактаби №30-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз фанни мусиқӣ дарс медод. Вале бо маоши омӯзгорӣ наметавонист шароити зисташро беҳбудӣ бахшад. Ҳамин тариқ аз рӯи маҷбурият назди боғҳо ва ҷойҳои серодам баромада, сурудҳои Аҳмад Зоҳирро месарояд.

“Соҳиби шаш фарзанд ҳастам. Калониаш 34 ва хурдиаш 7 сол дорад.  Ҳамсарам бемории гурда дорад ва ҳар моҳ бояд табобат гирад. Тамоми маблағи ёфтаамро барои табобати ӯ ва қарзҳо сарф мекунам.

Дар як моҳ ду бор аз Хуҷанд ба Деваштич меравам. Дар ин муддат фарзандонам аз дӯконҳои деҳа  маҳсулоти ғизоиро ба насия мегиранд ва ман маҷбурам баробари ба деҳа расидан қарзҳоро пардозам”,- афзуд Ҳукмонов.

Ба гуфтаи қаҳрамони мо бо ин ҳунараш замоне дар кишвар ва ҳам дар берун аз он мухлисони худро пайдо кард. Солҳои қабл барои бозхонии сурудҳои Аҳмад Зоҳир ӯро ба тӯйҳо низ даъват мекардаанд.

“Бори охир, хато накунам 7-8 сол пеш ба маросими тӯёна рафта будам. Он дар туйхонаи Маҷмааи фароғатии Суғд доир шуда буд. Ҳамроҳ бо ҳунармандони театр-студияи Хандинкамон рафта будем. Ман ҳамагӣ як суруди шодрасон Аҳмад Зоҳир – “Худо бувад ёре”-ро сароида, 50 сомонӣ гирифта будам”,- ёд овард Маъмур.

“Шабро дар чойхонаҳо рӯз мекунам”

Ҳоло Ҳукмонов дар кӯдакистони №2 ноҳияи Б. Ғафуров низ ба ҳайси муаллими фанни суруд ва мусиқӣ кор мекунад. Вале аз он дида дар кӯчаҳо даромади андаке хубтар ёфта метавонад. Барои ҳамин баъди соати корӣ ва рӯзҳои истироҳатӣ бо аккардиони худ ба ҷойҳои серодами шаҳр мешитобад.

“Дар як рӯз 30-40 сомонӣ маблағ ба даст меорам ва аз ин ҳисоб рӯзам гӯё мегузарад. Агар дар иҷора шинам зӯрам ба пардохтани иҷорапулӣ намерасад, аз ин рӯ дар чойхонаҳо шабро рӯз мекунам”,- шарҳ дод Маъмур.

Аз 6 фарзанд 4 нафарашон бо зиндагии худ андармонанд. Ҳукмонов бошад табобати ҳамсару таъмини ду фарзанди ноболиғашро ба зимма дорад.

Ҳукмонов ҳамеша сурудҳои Аҳмад Зоҳир, Зафар Нозим, Ҷурабек Муродов ва Афзалшо Шодиевро, нисбат ба сурудҳои дигар ҳофизони классикӣ ва эстрадӣ бештар меписандад ва замзама менамояд.

Барои мухлисон низ бештар суруди “Худо бувад ёре”-и Аҳмад Зоҳирро месарояд. Ҳамсуҳбати мо инро гуфту порае аз ин сурудҳоро замзама кард

Замоне ки мо суҳбат доштем, одамон бепарво аз наздамон мегузаштанд. Баробари ин сурудро замзама кардани Ҳукмонов аллакай дар атрофамон 8-10 нафар пайдо шуда, дар телефонҳо наворгириро оғоз карданд.

Қаҳрамони мо дар ҳаққи шодравон аҳмад Зоҳир дуои нек карду гуфт:

“Сурудҳои Аҳмад Зоҳир “деги сиёҳам”-ро меҷӯшонад.  Имрӯз бештари мардум на номам, балки касбамро ном мегиранду мегӯядн “Марде, ки сурудҳои Аҳмад Зоҳирро мехонад”.

Мешавад баъзан сурудро дархост мекунанд ва баъди қироати такрор ба такрор як сомонӣ ҳам напардохта мераванд, вале Маъмур Ҳукмонов аз ин нороҳат намешавад. Зеро бо сурудани сурудҳои Аҳмад Зоҳир пеш аз ҳама худаш ҳаловат мебарад.

Фарзона Муродӣ

Skip to toolbar