Суди Гаага фармони боздошти Нетаняҳуро содир кард

Суди байналмилалии ҷиноятӣ дар Гаага фармони боздошти Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил ва Йоав Галлант, вазири собиқи дифои ин кишварро содир кард.

Суди мазкур ин ду нафарро ба ҷинояти зидди башарият дар Навори Ғазза айбдор мекунад ва гуфта мешавад ин ду мақомдори Исроил дидаву дониста сокинони Ғаззаро аз хӯроку об ва дору маҳрум кардаанд.

Ҳамчунин Суди Гаага фармони ҳабси Муҳаммад Зайф, фармондеҳи бахши низомии гурӯҳи Ҳамосро дод. Исроил мегӯяд Муҳаммад Зайфро куштааст, вале гурӯҳи Ҳамосро ин хабарро тасдиқ ва ё рад накардааст.

125 кишвари дунё узви Созмони байналмилалии ҷиноятӣ ба ҳисоб мераванд ва уҳдадоранд қарорҳои онро иҷро намоянд.

Skip to toolbar