Суқути ҳукумати Башор Асад, фирор ва паноҳандагии ӯ ба Русия. Дар Сурия чӣ гузашт

Ба по хестани шӯришиёни Сурия бо роҳбарии гурӯҳи “Таҳрир аш-Шом”, 27-уми ноябр, дақиқан пас аз оташбас миёни Исроил ва Лубнон оғоз шуд ва вазъияти печидаи Ховари Миёнаро печидатар кард.

Ҷангҷӯён бо суръати баланд давоми ду ҳафта вилояти Ҳалаб, Ҳамо ва Ҳумсро гирифта, вориди Димишқ, пойтахти Сурия шуданд.

Ҳукумати Башор Асад, президенти акнун собиқи Сурия ва хонадони ӯ, ки 53-сол инҷониб дар ин кишвари Ховари Миёна роҳбарӣ мекарданд, суқут кард. Башор Асад аз соли 2000-ум инҷониб 24 сол ва падараш Ҳофиз Асад 29 сол (аз соли 1971) зимоми идораи Сурияро дар даст доштанд.

Башор Асад 8-уми декабр фирор кард ва тибқи иттилои расонаҳои русӣ, ӯ ва хонаводааш дар Русия паноҳандагӣ гирифтаанд.

Пас аз суқути ҳукумат, сарвазири Сурия Муҳаммадғозӣ Ҷалолӣ бо муроҷиат ба мардуми кишвараш гуфт, омодааст, бо ҳар ҳукумате, ки мардум интихоб мекунанд, ҳамкорӣ кунад. Ӯ аз сокинон хост, моликияти ҷамъиятиро вайрон накунанд.

Абумуҳаммад Ҷулонӣ, раҳбари “Таҳрир аш-Шом”, ки шӯришиён амалан зери роҳбарии ӯ амал мекарданд, гуфт, то ба сари қудрат омадани ҳукумати нав идораҳои давлатии Сурия зери роҳбарии сарвазир Муҳаммадғозӣ Ҷалолӣ боқӣ мемонанд.

Мардуми Сурия аз суқути ҳукумати Башор Асад шодӣ карда, ба майдонҳо баромаданд. Бо ёдоварӣ аз сиёсатҳои диктотурӣ, куштан ва зиндонӣ намудани мухолифони сиёсӣ ва вазъияти мавҷудаи Сурия пайкара ва нимпайкараҳои ӯ ва падарашро шикаста, аксҳои ӯро нобуд сохтанд.

Аммо маълум нест, ҳоли мардуми ин кишвари Ховари Миёна, ки наздики 16 миллион нафар аст, зери идораи гурӯҳҳои террористӣ дар чӣ вазъе қарор хоҳад гирифт.

Skip to toolbar