Саидмашҳуд Ҳабибзода яке аз ҳаммуассиони стартапи Metan HR мебошад. Ӯ ҳоло донишҷӯӣ соли 4-уми ихтисоси барномасоз-муҳандиси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аст.
Тайи як сол аст, ки портали Metan HR барои истифодаи мақсадноки ширкатҳои дорои кадрҳои зиёд хидмат мерасонад. Таҷриба нишон дод, ки навоварии созандагони платформаи мазкур кори менеҷерони корхонаҳоро ба қадре осон ва самаровар кард.
Муаллифи Your.tj бо Саидмашҳуд Ҳабибзода дар хусуси таъсис додани стартапи Metan HR, ҷиҳатҳои тавофутноки платформаи мазкур ва афзалияти аз хурдсолӣ омӯхтани соҳаи барномасозӣ суҳбат орост.
Стартапи Metan HR чӣ гуна пайдо шуд?
Стартапи Metan HR бо кӯшиши 3 ҷавон, ки дар соҳаи IT қадамҳои устувор гузошта истодаанд, таъсис ёфт. Саидмашҳуд Ҳабибзода, Амирҷон Ӯрунов ва Амирҷон Қодиров, ки ҳар се дӯстони хубанд, тавонистанд ғояи хуберо пайдо намуда, онро аҳлона коркард кунанд.
“Муаллифи идеяи стартапи мо Амир Ӯрунов аст. Мо дар оғоз хостем, ки дар доираи B2B (ихтисора аз ибораи англисии business-to-business, яъне тиҷорате, ки дар он ба ҳайси фурӯшанда ва фармоишгар худи соҳибкор ва ё ширкат иштирок мекунад) лоиҳае созем.
Ахиран хулоса кардем, палатформаеро фаъол созем, ки дар ширкатҳо бо он захираҳои инсониро (HR-платформа) идора карда тавонанд. Феълан таваҷҷуҳи ширкатҳо ба чунин портал зиёд аст. Аммо имрӯз дар Тоҷикистон мутахассисони соҳаи IT дар ин соҳа кам кор карда истодаанд”,- гуфт Саидмашҳуд.
Дар аввал муассисони стартап – се нафар корро оғоз намуданд. Баъдан 10 нафар мутахассиси хуби соҳаи IT-ро ҷамъ карданд. Давоми шаш моҳ кор карда, идеяи ба зеҳнашон омадаро ба як платформаи фаъолу мукаммал табдил доданд.
Ҳарчанд роҳи корашон осон набуд, мустаҳкамӣ ва хоҳиши бартараф кардани монеаҳо боис шуд, ки на танҳо дастаро нигоҳ доранд, балки бузургтар ҳам шаванд.
“Рушди муштарак бо мизоҷон”
Дар хориҷи кишвар ба монанди Metan HR лоиҳаҳои зиёд мавҷуданд. Аммо мураккаб будани интерфейси онҳо ва дар ҳама ҳолат фаъол нашуданашон барои ширкатҳо мушкилот пеш меорад. Стартапи мазкур ба вазифаву супоришҳои мизоҷ доимо роҳҳали техникии заруриро пешниҳод карда, барои беҳсозии рафти кор мусоидат мекунад.
“Айни ҳол ду мизоҷи фаъол дорем. Яке марказҳои савдою хизматрасонии “Амид” ва дигаре стартапи zypl.ai. Платформаро бо кӯмак ва фикру мулоҳизаҳои онҳо такмил медиҳем.
Мо дар асоси талабот ва хоҳиши мизоҷон кор карда, функсияҳои иловагиеро коркард мекунем. Дар самти коркарди платформа таҷрибаи кофӣ дорем ва тайёрем, ки аз рӯйи пешниҳодҳои мизоҷ кор кунем”,- афзуд стартапери ҷавон.
Тавре Саидмашҳуд изҳор дошт, платформаи Metan HR ба таври назаррас барои ширкати “Амид” кӯмак мерасонад, ки равиши ба кор қабул кардан ва аз кор озод кардани кормандонро ба роҳ монад.
Менеҷерони ширкати “Aмид” метавонанд бо истифода аз платформаи мазкур KPI-и кормандони худро (KPI нишондиҳандае, ки самаранокии кори ширкатҳо ё кормандону шуъбаҳоро маълум мекунад) баҳогузории дуруст кунанд. Ҳамзамон, функсияҳои зиёди фоиданокро барои идораи кадрҳо истифода баранд.
Кӯшиши фаррох кардани имкониятҳои стартап
Metan HR дорои чандин вазифа аст, ки кори зарурии ширкату коргоҳро иҷро карда метавонад; низоми банақшагирии рухсатиҳо, (рухсатиҳои омӯзишӣ, варақаи корношоямӣ ва ғайра), гузаронидани пурсишҳо (имконияти тартиб додани саволнома ва аз натиҷаи посухҳои он ба фаъолияти ширкат баҳо додан), рӯйхати ҳисобгирии вақти корӣ, бонки ғояҳо, ҷобаҷокунии мутахассисон ва ҳоказо.
Metan HR дорои хизматрасониҳои зиёдест, ки бо ҳама гуна системаҳои иттилоотии ширкатҳо, масалан 1C, Битрикс24, SAP ва БОСС-Кадровик, Oracle, Microsoft Exchange ва ғайра ҳамгиро шуда метавонад.
Он дар миқёснокӣ имконияти номаҳдуд дорад. Платформаро дар компютер, ноутбук ва ё смартфон низ истифода бурдан мумкин аст. Танҳо кушодани сомона кофист, то ба он ворид шавед.
“Мо кӯшиш дорем Metan HR-ро ба нармафзори мукаммал, ки ҳамчун хизматрасонӣ (SaaS-решение) мусоид аст, табдил диҳем. Бо мутахассисони ботаҷриба ҳамкорӣ мекунем, то ҳамаи ҷиҳатҳои кор бо захитраҳои инсониро (HR) фаро гирем. Нақша дорем, ки ба бозорҳои байналмилалӣ роҳ ёбем ва шумораи мизоҷонро дар Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷи он афзоиш диҳем”, – бо қатъият гуфт Саидмашҳуд.
Кӯмаки ройгон ба мизоҷон
Стартапи Metan HR дар байни платформаҳои дигар, ки ба аксари онҳо обуна шудан ҳатмист, масалан, аз Bitrix24 бо он фарқ мекунад, ки барои ҳар ширкат бо назардошти махсусияти он маҳсулоти инфиродӣ таҳия мекунад.
“Metan HR дорои дастгирии техникии коршиносони ҳирфаӣ аст, ки мушкилот ва ҳодисаҳои мураккабро зуд ҳал мекунанд. Дастгирии техникӣ дар ҳолати зарурӣ, ки дар бораи кори платформа саволе пайдо шавад, ба идораи мизоҷ рафта, роҳи ҳали муаммои пешомадаро меёбад”, – гуфт стартапери ҷавон.
Омӯзиши барномасозӣ ва дарёфти ҷойи кори аввалин
Саидмашҳуд Ҳабибзода зодаи шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ то синфи 8 дар мактаби № 9-и шаҳр таҳсил кард. Баъдан хонишро дар Муассисаи таълимии давлатӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд идома дод.
Вай аз он хурсанд аст, ки маҳз аз айёмӣ наврасӣ ба маҳфили мактабии барномасозӣ аъзо шуд. Он замон дар забони барномасозии Visual Basic асосҳои сохтани сомона ва замимаро омӯхт.
“Солҳои мактабӣ хеле тез гузашт. Аз он рӯзҳо лаҳзаҳои ҷолибе дар хотир нақш бастааст. Масалан, вақте барои кор дар “Алиф бонк” даъватнома гирифтам, лаҳзаи аҷибе рух дод. Ҳангоми дуруст кардани ҳуҷҷатҳо масъули бонк пурсид, ки дар кадом Донишгоҳ таҳсил мекунӣ.
Вақте ҳамсуҳбатам фаҳмид, ки мактабхон ҳастам, ба ҳайрат омад ва ҳарду хандидем. Хушбахтона, ба кор қабул шуда будам. Дар як вақт хонандаи синфи 11 будам ва боз ҳамчун таҳиягари Front-end (қисми берунии маҳсулот ё барнома, ки корбар бо он кор мекунад) дар “Алиф бонк” кор кардам”,- нақл кард қаҳрамони мо.
Омӯзиши назриявӣ дар донишгоҳ ва таҷрибаомӯзӣ аз амалия
Саидмашҳуд ҳамчун донишҷӯи соли 4-ум бар ин назар аст, ки донишгоҳ барои донишҷӯ имкон медиҳад, бо заминаҳои назариявӣ хубтар мусаллаҳ шавад. Лекин ӯ бояд худаш фанновариҳои навро омӯхта, малакаҳои амалии касбиро таҷриба кунад.
“Ман қисматҳои соҳаи барномасозиро ҳангоми кор дар доираи лоиҳаҳои хурде, ки амалӣ карда будем, омӯхтам. Масалан, дар қадамҳои аввалини худ барои мактабамон китобхонаи электронӣ сохтам. Боз платформаи омӯзишӣ, ки дар он курсҳо ҷой дода шудааст, таҳия карда будам. Ҳоло ҳар кас имкон дорад, ки бо истифодаи сарчашмаҳои онлайнӣ асосҳои барномасозиро аз худ кунад”, – иброз дошт қаҳрамони мо.
Саидмашҳуд ба шарофати кор дар “Алиф бонк” ба олами IT ва офаридани стартап бештар ворид шуд. Ба назари вай, вақте дар кӯраи ширкатҳои бузург пухта мешаваед, барои сохтани тиҷорати шахсӣ ва дар ҳайати даста корро ба пеш бурдан мушкилӣ намекашед.
“Ҳар рӯз мо барои рушди соҳаи идораи захираҳои инсонӣ дар Тоҷикистон қадам мегузорем. Ман ба ҳар шахсе, ки барои инкишофи стартапи Metan HR саҳм мегузорад, сипос мегӯям. Роҳи мо собит мекунад, ки агар ба идеяи худ боварӣ пайдо кунед ва ва дар самти амалӣ кардани он талош варзед, ба натиҷаҳои бузург мерасед”,- хулоса кард Саидмашҳуд.
Файзуллохон Обидов