Дар Душанбе вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ, бо кордори Сафорати Амрико дар Тоҷикистон Релитс Рокер ва намояндагони шуъбаи кумакҳои хориҷӣ баргузор гардид.
Ба иттилои Вазорати тандурустии кишвар дар ҷараёни вохӯрӣ ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ба муҳлати панҷ сол ба имзо расид. Ин созишнома барои таҳкими ҳамкории дуҷониба ва дастгирии афзалиятҳои миллии тандурустӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла мубориза бо бемориҳои сироятӣ ва таҳкими бехатарии глобалии тандурустӣ мебошад.
Ҳаҷми умумии сармоягузории муштарак то соли 2030 тақрибан 78 миллион доллари ИМА аст, ки 38 миллион доллари он саҳми Иёлоти Муттаҳида ва 40 миллион доллар саҳми Тоҷикистон мебошад.
Вазорат гуфтааст, ки дар назар аст, дар ин муддат теъдоди мутахассисони соҳа зиёд шуда, бо истифодаи фанновариҳои рақамӣ сатҳи хидматрасониҳои тиббӣ баланд бардошта шавад.
