Латукӯби кӯдаки ноболиғ дар Душанбе

Сокини Душанбе барои латукӯби ҷияни ноболиғаш дастгир шуд

Сокини 42-солаи шаҳри Душанбе барои лату кӯби бераҳмонаи ҷиянаш аз тарафи кормандони милитсияи пойтахт боздошт гардидааст.

Наворе, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва дар он саҳнаи латукӯби бераҳмонаи ноболиғ аз тарафи Ширин Аламов дида мешавад, сабаби боздошти ӯ гардид.

“Маълум шуд, ки шоми рӯзи 10 июн шаҳрванд Ширин Аламов дар маҳаллаи Сомон-2-и ноҳияи Фирдавсӣ писари ноболиғи бародари худро мавриди латукӯб қарор медиҳад”,- омадааст дар хабари сомонаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Ба иттилои манбаъ, бародари номбурда айни замон дар хориҷи кишвар қарор дошта, аз ҳамсари худ ҷудо шудаааст ва ду фарзанди ноболиғи ӯ зери тарбияи волидайнаш қарор доранд.

Дар бораи сабаби лату кӯби ноболиғ аз ҷониби Аламов хабар дода нашуда, танҳо зикр мегардад, ки аз рӯи ин қазия тафтишоти пешакӣ ҷараён дорад.

“Бо мақсади пурра муайян намудани сабабу омилҳои мавриди латукӯб қарор гирифтани кӯдаки хурдсол ва оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад”, – хабар медиҳад Раёсат.

Skip to toolbar