fbpx

Чӣ тавр ихтироъкори ҷавони тоҷик ба сохтани беш аз 30-дастгоҳу таҷҳизот даст ёфт?

Ихтироъкори ҷавон Рустам Алиев, беш аз 30-дастгоҳу таҷҳизоти гуногун сохтааст, ки ҳоло қисме аз онҳо дар амалия истифода мегарданд.


1
1 point

Рустам аз хурдӣ ба таҷҳизотҳои техникӣ ва азнавсозии онҳо завқи баланд дошт. Ӯ бештар ба сохтани таҷҳизотҳое даст мезанад, ки кори хоҷагидориро дар деҳот осон гардонанд. Қисмате аз дастгоҳҳои сохтаи Рустамро ҳамдеҳагонаш истифода мебаранд. Ӯ барои пешгирии бемории коронавирус дастгоҳи безараргардонии дастонро сохта буд.

Аввалин кашфиёт – нерӯгоҳи кӯчаки 9 волта

Аввалин кашфиёташро Рустам ҳанӯз соли 2009 сохта буд. Он нерӯгоҳи кӯчаке буд, ки имкони тавлиди 9 волт нерӯи барқ, рӯшан кардани як чароғи диодӣ ва радиоро дошт, ки Рустам аз он истифода мекард. Новобаста аз он, ки ин аввалин дастгоҳи сохтаи Рустам Алиев буд, вале қувваи барқи онро муддати 2-сол истифода бурданд.

“Дар деҳаи мо, ки зимистон нерӯи барқ набуд, соли 2009 ин нерӯгоҳро сохтам, ки фақат аз чархи обиву генератор иборат буд. Он имконоти тавлиди 9-волт нерӯи барқро дошт. Ҳамон солҳо бинонбар сабаби маҳдудиятҳои қувваи барқ тасмим гирифтем, ки нерӯгоҳи сохтаамро дар шароити оилавӣ истифода намоем”, – мегӯяд, Рустам Алиев.

Ҳамчунин, Рустам Алиев замони наврасиаш, таҷҳизотҳои дигаре низ ба монанди мошини худкори минаҷӯ, дастгоҳи каландзании кишти пунба сохтааст, ки онҳо ҷолиби диқат ҳастанд.

“Роботи минаҷӯ – оҳан ё минаро ба воситаи мавҷҳои магнитӣ пайдо мекунад. Дар сурати пайдо кардан садо мебарорад. Милаи ин робот дастгоҳи ишоракунанда дорад, ки ба воситаи он атрофи минаро хат мекашад ва ба тавассути пулт онро дубора ба ҳаракат медароред”, – шарҳ медиҳад қаҳрамони мо.

“Аз квотаи президентӣ даст кашидам”

Рустам Алиев, 26-сол дошта, ҳоло дар Коллеҷи техникӣ ба ҳайси лабарант фаъолият мекунад. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна ба литсейи касбӣ-техникӣ  дохил шуд. Баъдан соли 2014 ба Коллеҷи техникӣ дохил шуда онро соли 2018 хатм мекунад. Худи ҳамон сол барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорида ба он дохил мешавад ва то ҳол он ҷо таҳсил дорад.

“Вақте мактаби миёнаро хатм намудам, барои дохил шудан ба мактаби олӣ имконоти зиёд доштам. Зеро, замони мактабхониам алакай бо ихтирои худ дар озмуни мактабачагон сазовори ҷойи ифтихорӣ гардида, инчунин соҳиби квотаи президентӣ низ шуда будам. Азбаски нақшаи ман аввалан таҳсил намудан дар литсей, колеҷ ва пасон дар Муасисаи олӣ буд, аз ин рӯ аз квотаи президентӣ даст кашидам”, – мегӯяд, Рустам Алиев.

6 маротиба пайи ҳам ғолиби озмуни “Бозёфт”

Рустам Алиев, то ба ҳол зиёда аз 30 – дастгоҳу таҷҳизотҳои гуногун ихтироъ намудааст. Аз ҷумла, дастгоҳи назоратӣ барои сарҳадбонон, дастгоҳи худкори “барфрез”, дастгоҳи механикии қуввадиҳанда, дастгоҳи инфо-эффект, дастгоҳи огоҳкунанда аз минтақаҳои хатарнок ва ғайра сохтааст. Ӯ аз рӯи ин таҷҳизотҳо ва дигар дастгоҳои сохтаи худ дар як қатор озмунҳо иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст.

“Соли 2010 дар озмуни ҷумҳуриявии “Сапеда” дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе бо ду намуди макетҳо “Истгоҳҳи барқи обӣ” ва “Истгоҳи бодӣ” иштирок намуда, сазовори ифтихорнома гардидам. Аз соли 2011 то 2017 6-маротиба ғолиби озмуни чумҳуриявии ихтироъкорон ва навоварони ҷавон дар муассисаи давлатии Кӯдакон ва наврасони  телевизиони Баҳористон “Бозёфт” гардидам. Дар соли 2019 бо Дипломи дараҷаи 1 дар бахши техникаю технология дар озмуни “ Беҳтарин ихтироъкори ҷавон ва лоиҳаҳои инноватсионии донишҷуён-2019” сазовор гардидам”, -мегӯяд, Рустам Алиев.

Мушкилоти оилавӣ – садди озмунҳои хориҷӣ

Рустамро баъзан вақт натиҷаҳои ба гуфти худаш ноадолатонаи озмунҳо руҳафтодааш мекарданд, вале ӯ аз роҳаш намегашт ва аз тавлиди ҳар дастгоҳе меболид.

“Ҳар гоҳе ки дастгоҳеро ба анҷом расонида ба кор медаровардам, аз кори кардаам роҳат мекардам. Аз ин рӯ чизе маро рӯҳафтода карда наметавонист”, – шарҳ медиҳад Рустам.

Ғайр аз ин ӯ бо пешниҳоди як қатор лоиҳаҳои иноватисонӣ дар озмунҳои гуногуни шаҳриву минтақавӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои муайян гардидааст. Рустам Алиев борҳо барои иштирок намудан дар озмунҳои хориҷӣ роҳхат гирифтааст, вале бинобар сабабҳои оилавӣ аз онҳо даст кашидааст.

Таҷҳизотҳои сохтаи Рустам Алиев натанҳо барои иштирок дар озмунҳо, балкӣ дар амалия низ васеъ истифода мегарданд. Ҳоло, аз шумораи умумии кашфиётҳои ӯ, якчандтои он ба монанди таҷҳизоти нармкунии бехи заминҳо,  дастгоҳи ҷамъоварии алафҳо, дастгоҳ барои хифзи зироат аз парандагон дар шароити деҳот истифода бурда мешаванд.

Тарбиятгари 16 шогирд-ихтирокор

Қаҳрамони мо Рустам Алиев ҳоло ба таълими 16- шогирд дар самти ихтироъкорӣ машғул аст. Ӯ мегӯяд, ки касби интихобнамудааш пурмашақат ва дар навбати дигар сердаромад мебошад.

“Замоне ман ҳам наврас будам, доим дар такопуву ҷустуҷӯи асбобу сохтани дастгоҳ будам. Аз сабаби тангии рӯзгор барои харидани асбобҳо маблағ намеёфтам. Ҳоло бачаҳои хоҳишмандро ба қадри имкон дастгирӣ мекунам ва нозукиҳои техникаву ихтироъи онро ба онҳо меомӯзонам”, – мегӯяд, Рустам.

Замоне буд ки Рустам утоқи кориашро ба умеде, ки онро рӯзе ба корхона табдил медиҳад, мағозаи хӯрокворӣ карда буд. Аз фоида ба дастомада таҷҳизот мехариду дастгоҳҳояшро мукаммал мекард. Ҳоло Рустам дар он утоқ шогирдонашро ба омӯзиш фаро гирифтаасту аз касб ва ҷодаи интихобкардааш қонеъ аст.

Баҳруллои Маҳмадшариф


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend